Главная » Файлы » Табрикотхо |
08.05.2014, 21:10 | |
Эй кошки то абад намирад модар *****
Модар аст чашму чароғи зиндагӣ Модар аст сарчашмаи озодагӣ Модар аст тасвири ишқу ошиқӣ Модар аст нақши баланде ҷовидон Фариштаҳои осмонӣ дар муқобили хубиҳои ту сар хам хоҳанд кард зеро ту яке аз онҳои.Модаре, ки ҳамеша фикри бачаҳояшро дошта ва ман ба худ меболам, ки модари ман ҳасти. Ин рузи зебо , яъне Рузи Модарро бароят аз самими чон табрик мегуям. ****** Модар аст мақсуди ҳасту буди мо Модар аст болотарин мавҷуди мо Модар аст омузгори маърифат Модар аст як оламе аз муҳаббат ***** Хубу дилрабо ҳасти,эй зан,эй зани Тоҷик, Чашмаи сафо ҳастӣ,эй зан,эй зани Тоҷик. Аз таҷаллии руят нур дар дилам ҷорист, Шамси Пурзиё ҳастӣ, эй зан,эй зани Тоҷик. Хуштаронаву хушгил,ҳаркуҷо ба ҳар маҳфил, Ту тарабфизо ҳастӣ, эй зан,эй зани Тоҷик. Гоҳ махзани розӣ,дар карашма устозӣ, Гоҳ пурҳаё ҳастӣ эй зан,эй зани Тоҷик. Дар садоқату дар меҳр устувору пойдори, Сар ба по вафо ҳастӣ, эй зан,эй зани Тоҷик. Неъмати Оташ. ***** Эй Модари ҷон, Эй Хуштар аз ҷон. Дар рӯзи идат, Шеъри маро хон. Идат Муборак! Идат Муборак! Бо нури руят, Наврӯзи ман ту. Дар рӯи олам, Дилсӯзи ман ту. Идат муборак! Идат муборак! Пайваста бошӣ, Ту бар сари мо. Эй модари ҷон , Болу пари мо. Идат Муборак ! Идат Муборак! ***** Меҳри бепоёни Модар зина бод, Чеҳраи хандони дилбар зинда бод. Аз Замин рӯяд ҳамора хӯшае, Дар само хуршеду ахтар зинда бод. Аз дарахти хушку бебар суд нест, Майсаву себаргаи тар зинда бод. Бар диёри нозанини Тоҷикон, Гармии хуршеди ховар зинда бод. Дар дили ёрони боаҳду вафо, Донаи умеди бовар зинда бод. Аз ҳама ҷои азизу мӯътабар, Тифлию домони модар зинда бод! **** Дар баҳорон иди модар мешавад, Дидаву дилҳо мунаввар мешавад. Ҳусни нотакрори фасли навбаҳор, Бо нигоҳи зан баробар мешавад. Аз фурӯғи чашми модарҳои мо, Тоҷикистон ҳамчу ахтар мешавад. Аз ҳамин модар ба дунё раҳнамо, Бас бузургони диловар мешавад. Баҳри фарзанд олами бахти баланд, Бо дуои дасти модар мешавад. Дар раҳи тасвири ҳусни модарон, Ҷумла фарзандаш суханвар мешавад. ***** Касри заррин бе зани хуб кулбаи вайрона аст, | |
Просмотров: 960 | Загрузок: 10756 | |
Всего комментариев: 0 | |