Главная » Файлы » Табрикотхо

Зодруз муборак...
08.05.2014, 21:15
Имдоди Худой бод ёрат,
Икболи замона дар канорат.
Чашме нарасад ба эътиборат,
Ҳифзи яздони бувад нигорат.
 
Намехоҳам сарат хамгашта бошад,
Намехоҳам дилат ғамгашта бошад.
Фақат хоҳам дар ин дунёи равшан,
Дилат шоду лабат пурханда бошад.
 
Хоҳамат ишқ ишқи яктое,
Ки ба дарё чунин омузад.
Хоҳамат бахт-бахти яктое,
Ки дили зиндагӣ барафрузад.
 
Забони ҳақ шиори безабон бош,
Нишони ворисони бенишон бош.
Аламбардори руҳи сарбадорон,
Бақоҷуи дуои модарон бош,
Азизи мо, азизи сад ҷаҳон бош.
 
--------- Орзумандем,ки шоҳбайти ғазал бошӣ,
Ба хони зиндагонӣ беҳтар аз қанду асал бошӣ.
 
 Ё раб камоли офиатат бардавом бод
Иқболу давлату шарафат мустидон бод.
Солу моҳат мубораку рӯзу шабат ба хайр
Бахтат баланду давлати дунё ба ком бод.
 
Осоиши умри мо шумоед
Бар риштаи меҳри мо вафоед.
Дар ҳар нафасе шумо бо моед
Дар дидаву дил ҳамеша ҷоед.
 
Таманно мекунем бо қалби саршор ,
Шуморо бод бахти хуш мададгор.
 
Дар синаат базми тарабу сур бошад
Ҷонат зи ғами ранҷу бало дурр бошад.
Орзуву дуои мо бароят ин аст
Наврӯзи умрат шукуфта пурнур бошад.
 
Мавлуди хуҷастаат бахор асту баҳор
Икбол  ба бар намуда давлат  икбол ба канор.
Дар рузи таваллудат  таманно дорем
Дилдор  яку умр  саду шодӣ  ҳазор.
 
Шукри оби чашмасорон мекунам,
Шукри дашту куҳсорон мекунам.
Шукри нону хок мегуям мудом,
Шукри номи поки Яздон мекунам.
 
То чаҳон бошад,ҳамеша шод бош,
Бош дилшоду зи ғам озод бош.
Ҳастии ту хуррамӣ бахшад ба мо,
Мо дуо дорем чу шаҳ обод бош.
 
Муборак бод шуморо ҷашни зодруз,
Шумо зеботаред зебо дар ин руз.
Гули нози, маҳи нозӣ, шаҳи ноз,
Илоҳо то абад  бошӣ сарафроз.
 
Зодрузи ту буи баҳор оварда,
Пайғоми фараҳ ба рӯзгор оварда.
 
Хоҳем, ки туро ҳамеша хандон бинем,
Дар хонаи ту файзи фаровон бинем.
Дар дил ба ҳар уммед ки дори бираси,
Мо шодию бахти хеш дар он бинем.
 
Мавлуди накуи умр бодо табрик,
Ин як зи ҳазори умр бодо табрик.
Дар авҷу барор бахту толеъи ту бод,
Ин авҷу барори умр бодо табрик.
 
Ҷуз дуоят нагуем , ки Рудакӣ гуфта,
Сад сол бизи, сад ҳазор сол бизӣ.
 
Қади сарват ба  Илоҳо хам нагардад,
Дили шодат ба даври ғам нагардад.
Дуои мо ҳамин бошад шабу руз,
Ки як муй аз сари ту кам нагардад.
 
Тамоми ҳастии дунё бароят бод мегуем,
Ҳамеша сарбаланду хонаат обод мегуем.
Бубини умр то яксаду ҳаштод мегуем,
Туро бо зодрузат мо муборакбод мегуем.
 
То ту боши рӯнамои бахти ман рӯи ту бод,
Сарҳисоби зиндагиям бар сари  куи ту бод.
Дилкашоли тустам, дар ҳар мақому ҳар замон,
То аҷал чашмам напушад чашми ман суи ту бод.
 
Аё ------ зебо, ситора дар замин ҳасти,
Аё ------- доно, ту моҳе дилнишин ҳасти.
Камоли ту ба дилҳо равшании тозае бахшад,
Аё ------  , хуршеди яктое , ту нури нозанин ҳасти.
Категория: Табрикотхо | Добавил: s-82
Просмотров: 1519 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]