Главная » Файлы » Табрикотхо

Туй муборак шеър..
08.05.2014, 21:27


 
Арусу домод муборак шавад
Манзили обод муборак шавад
Нури Худое дар ин хонадон
Хонаи обод муборак шавад
Арусу домод ду гулбоги тар
Аз хама гулхои чахон тозатар
Гул ба раху гулбасару гул ба бабар
Гулгуни навзод муборак шавад
*****
Чашме ба чашме боз ш уд ёрон муборак бод ишк,
Дил бо диле дамсоз шуд ёрон муборак бод ишк
Дасте ба дасте даст дод рухе ба рухе ру ниход
Чоне ба чоне чон шуд ёрон муборак бод ишк
Ин нушхо ширин шавад , огушхо ширин шавад
фасли ниёзу роз шуд ёрон муборак бод ишк
Лайлии мо зеботар аст, мачнуни мо шайдотар аст
Анчомхо огоз шуд ёрон муборак бод ишк
Муаллиф: Толиби Озарахш
****
Кулбаи тоза бино ёфт, муборак бошад!
Чашмҳо нуру зиё ёфт , муборак бошад.
Тифли уммеди ман акнун дафи мастона занад,
З-омади дуст сафо ёфт, Муборак бошад!
Доштам дарди гароне ки ғами хона мапрус,
Дарди ман нек даво ёфт муборак бошад!
Ҷумла гуянд, ки ҳар шом сабоҳе дорад,
Шоми ман субҳи сафо ёфт, муборак бошад!
Дустон аз майи гулгуни ман нуш кунед,
Ки маро хона бақо ёфт, муборак бошад!
****
Эй азизон ба шумо туй муборак бошад,
Бандаи бахт дар ин куй муборак бошад.
Ба ҳама туякиён, ба ҳама хешу табор,
Ваҳдати ду гули хушбуй муборак бошад.
Қади домод чу шамшод ба паҳлуи арус,
Ба вай ин сарви суманруй муборак бошад.
Сухани гуфтаи мо туҳфаи туёнаи мост,
Сухани тутии хушгуй муборак бошад!
*****
Ин лаҳзаи ҷовидон муборак бошад,
Пайвастани ҳамдилон муборак бошад.
Ин лаҳза ду хонадон ба ҳам пайваста,
Пайванди ду хонадон муборак бошад.
Ду ахтари бахт дар замин гашта қарин,
Ду ахтари ҳамқарин муборак бошад.
Ҷисме ба ҷон расиду ҷоне ба ҷисм,
Бинед, ки ҷисму ҷон муборак бошад!
****
Шаби васлу шарафмандӣ муборак,
Чунин шодию хурсандӣ муборак.
Дилогоҳию дилбандӣ муборак,
Чу нахле гашта пайвандӣ муборак!
Муборак ин шаби шодӣ муборак!
Муборак хонаободӣ муборак!
****
Домомду арус хона муборак бодо!
Пероҳани туёна муборак бодо!
Дунёи дигар паси тори чимилиқ,
Шоҳонаю фарзона муборак бодо.
Муборак , шодии ёрон муборак!
Муборак, хонаободон муборак!
Ду авлодро ба ҳам пайванд кардед,

Шаби пайвастани авлод муборак!

******************************************************************

Хоҳам ин хона пур аз ханда шавад,

Аз вафову ишқ поянда шавад.
Махзани равшаниву нур шавад,
Чашми бад бинад агар кур шавад.
Шахси бад раҳ наёбад ба дараш,
Соҳиби хона зафарёб шавад,
Соҳиби баччаи бисёр шавад.
Сулҳу оштӣ ҳамоҳанг шавад,
Гар шавад ҷанг қадаҳҷанг шавад.

****
Шумо имшаб саршори чавони,
Ба дил садхо хавасхои нихони.
Дуо созем Шуморо дар дили шаб,
Ки бошад ёр бахти човидони.

Муаллиф: Барно Шарипова
***
Имшаб шаби висол аст,
Ин хона гарки нур аст.
Дилхо пур аз сурур аст,
Созе ба соз чур аст.
Бар чони мо хузур аст,
Домод чашни висол муборак!

****
Ин гуларуси зебо, дурдонаест якто,
Бо у бубин ту якчо умри хушу гуворо.
Аз мост ин таманно чашни висол муборак,
Умри ту босафо бод,бахти ту бобахо бод.
Ишки ту босазо бод, келинд бовафо бод.
****
Субхи бахтат пурсафо бод хохарам,
Номи некат пурчило бод хохарам.
Чашми шахлоят набинад ашки гам,
Зиндагият пурнишот бод хохарам.
****
Бодо муборак дар ҷаҳон суру арусиҳои мо,
Суру арусиро Худо борид бар болои мо.
Зуҳра қарин шуд бо қамар,тутӣ қарин шуд бо шакар,
Ҳар шаб арусие дигар аз шоҳи хушсимои мо.
«Инна-л-қулуба фурриҷат,инна-н-нуфуса зурриҷат,
Инна-л-ҳумума ухриҷат» дар давлати мавлои мо.
Бисмиллаҳ,имшаб бар навӣ суйи арусе меравӣ,
Домоди хубон мешавӣ,ай хуби шаҳророи мо.
*****
Дилдода бувад дар бари дилдор дар ин шаб,
Пайваста барад лаззати дидор дар ин шаб.
Пурфайз аҷаб базмгаҳи шоми арусӣ,
Домод бувад ҳамнафаси ёр дар ин шаб.
Аз дидаи мо хоб паридаст азизон,
То субҳ бимонанд ҳама бедор дар ин шаб.
Бигзор ки ин ҷуфти фавон бахт бубинанд.
Аз чеҳраашон бахт падидор дар ин шаб.
*****
Монанди малика эй арус зебоӣ,
Пеши ту шоҳи шаҳон муборак бошад.
Эй шаҳ ба ту дар тахти равони қисмат,
Ин дилбари меҳрубон муборак бошад!
***
Эй шоҳи шаҳон аруси хушбахт муборак,
Эй моҳи ҷавон шоҳи сари тахт муборак.
****
Шаби васлу шарафмандӣ муборак,
Чунин шодию хурсандӣ муборак.
Дилогоҳию дилбандӣ муборак
Чу нахле гашата пайвандӣ муборак.
***
Ду дилдоре, ки бо ҳам дил бидоданд,
Дари бахтро ба руйи ҳам кушоданд.
Намуда қалби якдигар мунаввар,
Ба роҳи зиндагонӣ по ниҳоданд.
Муборак ин шаби шодӣ муборак,
Муборак хонаободӣ муборак.
****
Имшаб гулу булбул барии ҳам афтодаст,
Як дил ба диле дасти муҳаббат додаст.
Рақседу ғами ҷудоӣ аз дил ронед,
Гулғунчаи бахти ду ҷавон бикшодаст.
****
Ало ёрон шуморо бахти неку ҳамсафар бодо,
Шаби фардоятон равшантар аз руйи саҳар бодо.
Барои рузгори нав қадам якҷоя бинҳодед,
Қадамҳотон аз аввал то ба охир бехатар бодо.
Ба ин ҷуфти ҷавони чеҳрахандон бахт мехоҳам,
Ба ин ду ғунчаи даврон бахт мехоҳам.
Барои шаҳпарӣ парвози ҳарду рафтори иқбол,
Барои қалби пуртуғёни онон бахт мехоҳам.
Хуршедсифат басо ҷаҳонгир шавед,
Садсола шавед,баъд аз он пир шавед.
*****************************************************
Ба ишқу ошиқӣ афсона бошед,
Яке шамъу яке парвона бошед.
Худо хушбахт гардонад шуморо,
Ки умре ҳамдилу ҳамхона бошед.
 
Эй хушо,имрӯзу фардо чеҳраи шод зинда бод,
Доимо ободии келину домод зинда бод.
Эй хушо, обод гардад ин хонаи бахту умед,
Хонаи бахту умед шоду обод зинда бод.
 
Илоҳо то ҷаҳон бошад,шумо бошед,
Замину осмон бошад,шумо бошед.
 
Шумо ду шохи гул,ду навниҳолед,
Шумо ду қатраи оби зулолед.
Аз ин рузу аз ин соат аз ин дам,
Барои ҳамдигар ҳаққу ҳалолед.
 
Ду дил, ки яке қарору тасмим кунанд,
Як бахту ду насибаро тақсим кунанд.
Аз ғояти сарфарозӣ ба пиру ҷавон,
Бархоставу ба лутф таъзим кунанд.
***
Гули маҳтоб шумо,дурри ноёб шумо,
Ҳарду шоҳбайти яке ғазали ноб шумо.
Маҳи бахту зафар рахшанда бодо,
Рухи ҷононаро зебанда бодо.
Ба истиқболи иқболи ёраш,
Маҳи бахту зафар тобанда бодо.
Салиму солиму хуршедчеҳра,
Ҳамин ҷуфти ҷавон поянда бодо.
 
Домоду арус гули боғу чамананд,
Тоҷи сару нури дидаи анҷумананд.
Чун пораи шеъри шоири олимақом,
Дар маҳфили ошиқон худ сарсухананд.
 
Чӣ зебою дилороед ҳарду,
Ба тан ҷону ба дил ҷоед ҳарду.
Ба пеши тахт ҳамчун моҳи тобон,
Чароғи қалб бар моед ҳарду.
 
Ду тан ёри азизу меҳрубон шуд,
Ба ҳам дил додаю пайванди ҷон шуд.
Дар ин гулбоғи пур аз орзуҳо,
Яке булбул,дуюмин арғувон шуд.

Домоду арус ба ҳамдигар пир шавед,
Дар олами ишқи худ ҷаҳонгир шавед.
Аз чарх таманнои азизон ин аст,
Садсола шаведу баъд аз он пир шавед.
 
Аруси мо мекунад майли табассум,
Дили домод аз ин мезанад гум.
Худоё, то шаби садсолагишон,
БИкун ҳардуро ҷо дар дили мардум.
 
Арусу шаҳ , Илоҳо шод бошед,
Ба гулбоғи ҳаёт озод бошед.
Дар оғӯши диёри ишқу армон,

Яке Ширин, дигар Фарҳод бошед.

******

Дар боғи шумо ситора дидему ҳилол,
ИШқ аст ҳилолу ошиқӣ бори ниҳол.
Домоду арус ба ҳамдигар ҷону диланд,
Шаҳд асту шакар ба коми шабҳои висол.
 
Барои ду ҷавон имшаб дари дил боз мегардад,
Тамоми рози бинҳуфта кунун иброз мегардад.
Дар ин гулшан, ки аз ишқу муҳаббат накҳате дорад,

Хушо бо булбули шайдо гуле ҳамроз мегардад.

Аз хандаи бахт ҳамеша хуррам бошед,
Хушнуд зи мову ҳама олам бошед.
Мо дасти дуо баҳри шумо бардорем,
Эй дидаву дил, дурр зи ҳама ғам бошед.
_________________________________________
Насими форами бахт бар куйи мо вазидаст,
Бар руи ин хонадон офтоби бахт хандидаст.
Мехмони нав-арусак гул кунонад зиндаги
Муборакбодй гуем, чунки вакташ расидаст.
Бубинед, эй азизон, бар сари ин хонадон
Бо лутфи Парвардигор субхи шодй дамидаст.
***
Худо ба мо ин рузро рузи мусоид дидаст
Арусу домодро у ч,уфти муносиб дидаст
Илохо гарданд хушбахт, сохибобру, бадавлат,
К-ин дуои мо имшаб то бар само расидаст,
*****
Худо ба руйи олам хеч, касро ток наерад
Вакту соаташ ояд, тую шодй биерад
Зару тилло ба хеч, кас хушбахтиро наорад
Илохо борони бахт бар саратон биборад
*****
Ба бахти навчавонон, дустон, шоди намоед,
Ракседу хандед имшаб занги дилро рабоед
Домоду еракашро табрикашон намоед
Зеро шумо ба хар ду дустони бовафоед .
*****
Зиндагй ширин гардад, ебй ери вафодор
Бо дасту бо дили гарм обод мекуни рузгор
Гар мехрубонй кунад, бошад доимо fамхор,
Бини, ки пеш меравад, туро доимо хар кор
****
Ер ба ту гар ер шавад
Аз пайи рузгор шавад,
Бини ки дар зиндаги
Яки ту хазор шавад
****
Дар хавои манзили ишки шумо
Хукмфармои кунад мурfи Хумо
Аз барои бахти бехамтои худ
Бар Худованд шукр гуед доимо

*******

Муборак ин аруси бар шумо бод!
Нигахдори шумо доим худо бод!
Хамеша шод бошед дар бари хам,
Замин гахвораи бахти шумо бод!
 Шумо яктои хам бошед хамеша
 Шумо дунеи хам бошед хамеша
 Ба вакти ташнагихои дили худ
, Шумо дареи хам бошед хамеша
Шумо зебо чунин зебо бимонед
Анису муниси дилхо бимонед,
Ман аз тахти дили покам бихохам
 Хамеша дилхушу барно бимонед!
Хамеша калбатон пуришк бошад!
Ба лабхотон суруди ишк бошад
Ду чашмони сиеху дилработон
 Хумори аз висолу ишк бошад!
Ба даргохи шумо шоди биеяд
Сахо аз даргахи Оли биеяд
Пас аз рузи висолу комрони
Хазорон рузи хурсанди биеяд!
**** Бахт муборак 
Домоду арусро чунин бахт муборак.
Ин харду ба хам омада, ин тахт муборак!
Лабхандаи зебои ту гулбонуи гулру.
Розе буду гардид аен чун гули хушбу.
Аз чехраи домод кунун мехр биборад.
Бо ери бараш нозаду х,ар лахза биболад.
Овозаи ин туй ба кайхон бирасида.
Хушбахттар аз харду касе ер надида.
Ороста бо пирахани пар-пари испед
Некуст рухи харду мисоли маху хуршед.
Во карда дари дилхо, аз дидаашон пайдо.
Аз васл чи дилшоданд, ин чуфти зи хам шайдо.
Хохам, ки шаху бону пайванд гиранд умре.
То дар рахи кисматхо пошон нахалад хоре.
Ин шом хама шоданд; модар, падару хохар.
Ерону карибон низ, бобову бибй, додар.
Раксу тарабу савту сози дафу найро бин.
Чавлон зананд дустон бар чилваашон тахсин.
Оллох бибахшояд бар хардуятон якумр,
Некномиву хушбхтй рухсори чу мах пурнур.
Бошед ба боги умр ду нахли самаровар,
Армон шиканед аз умр, созед ба хам бовар.
Хизмат бикунад бону дар манзили шах аз чон,
То хаст хает бошад пурфайз шуморо хом.
Ерони вафо бошед, бошед ба хам ошик.
Рузу шабу мох усол бошед ба хам содик.
Аз шахду шакар ширин хасти ту ба мо хохар,
То хасти бари ерат, бошй Дилрабо дилбар.
Осуда зиед харду садсола ба хушнудй,
Навхонаю навбахту нав-нав бикунед шодй.

**********

Категория: Табрикотхо | Добавил: s-82
Просмотров: 4553 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 3.9/8
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]