Главная » Файлы » Табрикотхо |
Табрикот барои Соли нав
08.05.2014, 21:31 | |
![]() Дар соли нави 2014 бароятон таманно дорам 12 мохи ошикона, 53 – хафтаи солимона, 365–рузи хушбахтона, 876 – соати муваффакона, 525600 дакикаи пур аз маънии хубихо , бигзор хатто як лахза хам аз 315 360000 сонияи хаётатон баръабас наравад.
Соли Нав Муборак! ![]() Гардиши сол аст, май дар соғари ишрат кунед, Гӯши миноро тиҳӣ аз пунбаи ғафлат кунед. Осмон аз санги анҷум санглохи тафриқ аст, То ки фурсат ҳаст, эй аҳбоб, ҷамъият кунед. (Соиб) ![]() Боғи сабзи зиндагонӣ бо Шумо хушранг бод,
Рӯятон чун сафҳаҳои бехати ожанг бод! Қиммату қадри Шумо аз илму аз фарҳанг бод! Ҳуснорои Шумо шарму ҳаёву нанг бод! Роҳи армони Шум обе хору хас,бе санг бод! Бар Шумо бо ин таманно Соли нав табрик бод! Соли нав некӯтарин соле ба ҳар тоҷик бод! Бенасиб асло намонед аз вафои зиндагӣ, Дар паноҳи хеш бошед аз ҷафои зиндагӣ, Гӯши дил бодо Шуморо бар садои зиндагӣ, Чашми дил равшан бимонад аз зиёи зиндагӣ. То хирад бошад Шуморо раҳнамоӣ зиндагӣ, Бар Шум обо ин таманно соли нав табрик бод! Соли нав некӯтарин солее ба ҳар тоҷик бод! Тифлаку гаҳвора бошад хонаорои ШУмо, ТО суруди алла бошад шаҳди овои ШУмо, Хам зи бори ғам нагардад сарви болои Шумо! Дар муҳаббатхонаи дилҳо бувад ҷои Шумо, Дар паноҳи сулҳ бошад бахти волои Шумо! Бар Шумо бо ин таманно соли нав табрик бод! Соли нав некӯтарин соле ба ҳар тоҷик бод! ![]() Соли куҳан даргузашт!
Соли нав омад,дили худ шод кун,
Хирмани дарду аламат бод кун. Чеҳра намо, то ки фидоят шавам, Куштаи сад нозу адоят шавам. Соли куҳан даргузашт, Зиндаги аз сар гузашт. Ишваи дилбар гузашт Соли нав муборак! Соғари хурсанди бигир нуш кун, Пас ба садои дили манн гуш кун. Дар асари соли куҳан чони ман Он чи гузаштааст фаромуш кун Соли куҳан дар гузашт Зиндаги аз сар гузашт. Ишваи дилбар гузашт Соли нав муборак! Арчаи сарсабз ба ноз омада, Ҳамчу арўсе ки ба роз омада. Ин дили ман бо қадами соли нав Пеши рухат баҳри ниёз омада Соли куҳан даргузашт, Зиндаги аз сар гузашт Ишваи дилбар гузашт Сози нав муборак! ![]() Кафи соли нав расида
Кафи соли нав расида
Ба сари умедворон. Чу нишони барфи аввал, Ба фарози куҳсорон. Шаби соли нав расида, Шаби соли нав расида, Ба лаби азиз ёрон, Гули хандаҳо дамида. Зи чаҳони дилфигорон, Ғаму ғуссаҳо рамида. Шаби соли нав расида, Шаби соли нав расида Ҳама гул ба гулпарасте, Ҳама гўша шўру масти, Бигузор бошад ин сол, Ҳамарўза бешикасти Шаби соли нав расида, Шаби соли нав расида ![]() Соли нав омад ба дунёи куҳан,
Бахти нав бодо насиби ин Ватан. Аз самои кӯҳна омад барфи нав, Бас куҳан килки адабро – ҳарфи нав. ![]() Хуш омад Соли Нав бар хонаи мо,
Умеди тозаи ҳар пиру барно. Ҷаҳон аз мақдамаш ҳусни дигар ёфт, Шукуфон шуд ба дил боғи таманно. Муборак давлату иқболи некӯ, Пайи парвози нав шаҳболи некӯ. Муборак соли нав,ай миллати манн, Муборак бар Шумо сарфоли некӯ. Чу барф армонатон испед бодо! Мунаввар аз гули хуршед бодо! Хушо ин солу садҳо соли дигар, Сафои зиндагӣ ҷовид бодо! Муаллиф: Нуриддини Амриддин ![]() Гӯши дил бодо Шуморо бар садои зиндагӣ,
Чашми дил равшан бимонад аз зиёи зиндагӣ. То хирад бошад Шуморо раҳнамоӣ зиндагӣ, Бар Шум обо ин таманно соли нав табрик бод! Соли нав некӯтарин солее ба ҳар тоҷик бод! Тифлаку гаҳвора бошад хонаорои ШУмо, ТО суруди алла бошад шаҳди овои ШУмо, Хам зи бори ғам нагардад сарви болои Шумо! Дар муҳаббатхонаи дилҳо бувад ҷои Шумо, Дар паноҳи сулҳ бошад бахти волои Шумо! Бар Шумо бо ин таманно соли нав табрик бод! Соли нав некӯтарин соле ба ҳар тоҷик бод! ![]() Соли нав омад азизон инкилобе сар кунем,
Сарвати дилро ба кухи Дуст хокистар кунем. Чомаи фарсудаи дируза бинмоем бадар, Чону дилро соф чун оинаву мар мар кунем. Шод биншинем бо ёр дар кафи хоки диёр, Буса бистонем аз лабхои ширини нигор. Хандахо созем бар роху равиши рузгор, Пас нигохе бар замину моху хам ахтар кунем. ![]() Боз омад ба дари мо соли нав,
Боз омад бахти нав, иқболи нав. Боз омад соли неку фоли нав, Боз омад шӯри нав бо боли нав. Бар дар омад "Барфак”-и ҷомасапед,
Ҳамраҳи "Бобои барфӣ” бо умед. Сайругашти пасту болову шикеб, Ваҳ, чӣ ҳусни дилрабову дилфиреб. Арчаҳои сабз қад афрохта,
Базми соли нав басе афрошта. Нағмаю тору рубоб бинвохта, Кӯдакон аз барф Бобо сохта. Соли нав бодо муборак, дӯстон,
Ҳамдиёрони азизу меҳрубон. ![]() Гар дихад икбол, ман икболро нав мекунам, Олами амволу ин ахволро нав мекунам Дар чахони хуну хокистар, ки гайри дом нест, Шеваи парвози парру болро нав мекунам Боз бодо мактаби роху русуми мардуми! Ман зи дарсаш боби килу колро нав мекунам Хар замоне дуст дори, макдамат болои чашм, Хар нафас оханги истикболро нав мекунам Худшиносии маро дил донаду домони ёр, Кишвари ишкам, ки истиклолро нав мекунам Соли нав хар бор аз нав кухна месозад маро, Ман ба зидди кухнасоли солро нав мекунам То набигзорад ба рохам аспи зарринёли умр, Озарахшо, аспи зарринёлро нав мекунам. Муаллиф: Толиби Озарахш ![]() Боз омад ба дари мо соли нав, Бар дар омад “Барфак”-и ҷомасапед, Арчаҳои сабз қад афрохта, Соли нав бодо муборак, дӯстон, ![]() ...Манбаъ: http://www.tabrikot.tj/
| |
Просмотров: 1629 | Загрузок: 10756 | |
Всего комментариев: 0 | |