Ба падар
Рузи Мардро ба марди ҳақиқие ки мақоми зебои мардонагиро дарк кардааст табрик мегуям. Рузат муборак!
Зеботарин вожа бар лаби одамӣ вожаи падар аст,Зеботарин хитоб « падарчон « падар вожае аст саршор аз умеду ишқ. Вожаи ширину меҳрубоне ки аз самими ҷон бар меояд. Падари азизам рузат муборак!
Падарҷон ,нигоҳи меҳрубону садои дилнишинат ҳамеша марҳами дили манн дар ин ғурбат аст,бидон ки барои ман беҳтарини. Рузи падар муборак бод!
Дар осмони обии дилам,ҷое барои абрҳо нест.Падарам! Дуъоям кун ки бо дуъоят , дилам хонаи дардҳо нест.Азизтарин азизонам,рузат муборак!
Ба дунболи Қашангтарин вожвҳову калимаҳо мегардам аммо ҳеҷ калимаву вожае наметавонад азамати ҳузури туро дар зиндагии манн васф кунад. Фақат мегуям « Дустат дорам» рузат муборак!
Падарам, тоҷи сарам , ту эътибори мани ,ту такягоҳи мани. Бидуни туву муҳаббатҳои бепоёни ту ҳеҷам.Уммедворам битавонам фарзанди хубе барои Шумо бошам.Беҳтарин падари дунё, рузат муборак!
Падари Меҳрубону хубам аз заҳмате ки дар ин солҳо барои манн кашиди сипосгузорам, ва аз Худо мехоҳам сояи меҳрубонат то абад бар сарамон бимонад. Рузат Муборак!
Падар, ту тапиши қалби хонаи; Вақте ҳар субҳ, бо тулуи Ишқ аз хона берун мерави ва бо кашиши ишқ ,дубора боз мегарди. Туро ба манн Ҳадя доданду ман имруз, тамоми ҳастиямро ба ту ҳадя хоҳам кард; Агар бипазири… Рузат Муборак Падарчон!
Падарам роҳи тамоми зиндагист,падарам дилхушии ҳамешагист.Рузат Муборак Падарҷон!
Падари азизам ,рузи падарро бароят табрик мегуям ва самимона бар дастони пуробилаат буса мезанам.
Падар бишнав ин ҳарфи Фарзанди хеш,
Азизу гиромиву дилбанди хеш.
Туи мояи буду пайдоишам,
Канорат ба нозу ба осоишам.
Падар такягоҳи вуҷуди мани,
Ту сармояи ҳастиву буди мани. Падари азизам Рузат муборак!
Ба шавҳар
Вақте муҳаббататро бо ҳамаи вуҷудат ба ман тақдим кардиву маро шармандаи лутфи Каримонаат ва дили қашангатро моломол аз ишқ ба манн карди бори дилдодагиро сахт бар дилам ниҳодиву амонати ишқро дар вуҷудам ниҳоди ва аҳд кардам ки такягоҳат дар ҳама лаҳзаҳои умрат бошам. Рузи мардро ба шумо ҳамсари азизу меҳруббонам табрик мегуям!
Ҳамсари беҳамтои манн , бо як дунё ишқ рузи мардро ба ту меҳрубонтарин ва танҳо такягоҳам табрик мегуям ва орзуи беҳтаринҳоро бароят дорам. Дуст дори ту…
Ҳамсари азизам бобати тамоми хубиҳоят сипосгузорам ва рузи мардро ба ту ки дар хотирам беҳтарин марди олами табрик мегуям. Бо ишқ ҳамсарат …
Дар ин рузи азиз, дар ин лаҳзаҳои қашанг зеботарин калимае ки метавон гуфт якест « Дуст дорам» бо ҳамроҳи як осмон ишқу таманно тақдим ба ту ҳамсари азизам, Рузат Муборак!
Азизам аз самими қалб дустат дорам ва уммедворам битавонам ҷавобгуи муҳаббатҳои ту бошам, ва солее дар канори ҳам зиндагии зеботар аз қабл дошта бошем. Ҳамроҳи ҳамешагии ту …
Ба Шавҳар
Вақте муҳаббататро бо ҳамаи вуҷудат ба ман тақдим кардиву маро шармандаи лутфи Каримонаат ва дили қашангатро моломол аз ишқ ба манн карди бори дилдодагиро сахт бар дилам ниҳодиву амонати ишқро дар вуҷудам ниҳоди ва аҳд кардам ки такягоҳат дар ҳама лаҳзаҳои умрат бошам. Рузи мардро ба шумо ҳамсари азизу меҳруббонам табрик мегуям!
Ҳамсари беҳамтои манн , бо як дунё ишқ рузи мардро ба ту меҳрубонтарин ва танҳо такягоҳам табрик мегуям ва орзуи беҳтаринҳоро бароят дорам. Дуст дори ту…
Ҳамсари азизам бобати тамоми хубиҳоят сипосгузорам ва рузи мардро ба ту ки дар хотирам беҳтарин марди олами табрик мегуям. Бо ишқ ҳамсарат …
Дар ин рузи азиз, дар ин лаҳзаҳои қашанг зеботарин калимае ки метавон гуфт якест « Дуст дорам» бо ҳамроҳи як осмон ишқу таманно тақдим ба ту ҳамсари азизам, Рузат Муборак!
Азизам аз самими қалб дустат дорам ва уммедворам битавонам ҷавобгуи муҳаббатҳои ту бошам, ва солее дар канори ҳам зиндагии зеботар аз қабл дошта бошем. Ҳамроҳи ҳамешагии ту …...Манбаъ: http://www.tabrikot.tj/
|