Главная » Файлы » Табрикотхо

Табрикот барои Навруз
08.05.2014, 21:35


 

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!
Ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад!
Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣ бинам!
Чеҳраи поку дилафрӯз муборак бошад!

Наврӯз бо манзалати бузурги ҷаҳониаш, бо русуми аждодиаш, қалбатро пурнур, шаҳомати бахтро фаровон, ранҷуриҳоро сарнагун ва шукуфтанҳои мақсудро бароят мушарраф гардонад дӯсти гиромӣ«Ном?»!

Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.
Мурғони чамaн ҷумла бикарданд парвоз,
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.
 
Наврӯзи Аҷам-Иди воқеан миллӣ ва ачдодӣ, ба хонаи Шумо муборак бошад! 
Шукр ,ки Худованд мову Шуморо ба Наврӯзи  Нав расонид ва умед дорем,ки боз ба Наврузи дигар мерасонад!
Дар хонадонатон саломатӣ, ба аҳли оилаатон ва наздиконатон тансиҳатию хушбахтӣ мехоҳем!
Таманно дорем,ки
-Чеҳраи Шумо чун гулҳои наврузӣ хандону шукуфон;
-Қалбатон чун Офтоби оламорои Навруз гарму равшан;
-Рухатон чун субҳгоҳи Навруз пок , беғубор,беолиш;
-Таъбатон чун насими наврузӣ хурсандибахш;
-Меҳратон чун меҳри модарон бепоён ва саршор аз меҳру мухаббат;
-Дастархонатон чун дастархони наврузӣ пурнеъмату пуранво бошад!
 
Эй ғунчаи хандида, Навруз муборак бод!
Эй чашмаи ҷушида, Навруз муборак бод!
Эй камдили тарсида аз ишқ фуру бигзар,
Эй ошиқи шурида, Навруз муборак бод!
Эй шохаи хушкида, имсол ту нашкуфти,
Эй пунбаи болида, Навруз муборак бод!
Эй ёри аламдида, имсол куҷо рафти?!
Эй ёри писандида, Навруз муборак бод!
Эй ҳусни барозида, Навруз муборак бод!
Эй чону дилу дида, Навруз муборак бод

Наврӯз шуду панҷараро боз намудем,
Сад шукри ту, эй ҷони ҷаҳонсоз намудем,
Табрики ҳама майнаву гунҷишку парасту,
Бо марҳалаи тозаи парвоз намудем.
 Фарзона

Ид омаду эй ёр туро ид муборак,
Хуш зи ту ватандор туро ид муборак.
Гулғунчаи лабханд шавад накши лабонат,
Дунё шавад гулзор туро ид муборак.

Муборак бар шумо ин солу навруз,
Шавад домони дашт аз лола гулугн.
Зи сайри ёсуман дилхо чи хафтун.
Кунанд мурғон навои зиндаги сар,
БАхору муждаи як соли дигар.
Сафову накхати гулхо кунад маст,
Зи сардии зимистон оромихаст.



Дихад мужда ба мо фасли бахорон,
Зи файзи хонаву лутфи азизон.
Бахори умратон пурбор бошад.
Нишоту айшатон бисёр бошад.
Зд хуррам ба боғи зиндагони.
Кунед барпо суруру шодмони.

Бод бар ту мубораку хуншон,
Ҷашни Наврӯзу гӯсфанд кушон!
                            Рудаки

Баромад боди  субҳу бӯи Наврӯз,
Ба коми дӯстону бахти пирӯз.
Муборак бодатт ин солу ҳама сол,
Ҳумоюн бодат имрӯзу ҳама рӯз.
 С.Шерозӣ


Бародар иди наврузат муборак,
Баробар шуд шабу рузат муборак.

Дар рӯи хони  нарӯз рамзи баҳори дунё
Ё «ҳафтсин» бибояд ё ҳафт навдаи он.
То боғи ҳафт иқлим руи хазон набинад –
То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон.

Рафиқо дар сабоҳи фасли наврўз,
Чу гул шуд аз рухи гул ханда омўз.
Дар аёме, ки шомаш субҳранг аст,
Шабаш чун рўзу рўзаш оламафрўз,
Фиристонам саломи  гарму ҷўшон,
Ба ту  бо орзуи бахти фирўз.
Ба ёд ояд зи нав ин байти Саъдӣ,
Барои дўстон дар рўзи Наврўз :
 “ Хумоюн бодат имсолу ҳама сол,
Муборак бодат имрўзу ҳама рўз.”

Наврўз шуду замин зи гул садранг аст,
Сози дили булубулон ба сад оҳанг аст.
Ўро ки аз ин ба дил набошад шавқе,
Рав даст бизан, ки одамӣ ё санг аст.

Боз Навруз омаду дил шуд чавон,
Кухнашахру кухнаманзил шуд чавон.
Мехр шуд бедор дар хафт осмон,
Офтобо эй фуруги сад чахон
То ба Наврузи дигар моро расон!

Оғӯш пур аз ёсаман,хуш омадӣ,Наврӯзи ман,
Ороста боғу чаман,хуш омадӣ,Наврӯзи ман.
Мӯҳри ҷавонӣ мезанӣ андар замири қалбҳо,
Бо ишваҳо бе як сухан, Хуш омадӣ, Наврӯзи ман.
Имсол аз ҳарсолӣ зеботару ҷаззобтар,
Гулчеҳраву гулпераҳан,хуш омадӣ,Наврӯзи ман.
Нози туро бардоштан фарз асту суннат баҳри ман,
Нозукадо,нозукбадан,хуш омадӣ,Наврӯзи ман.
Аз остон то осмон гул мекунад олам ҳама,
Васфи ту дар ҳар анҷуман,хуш омадӣ,Наврӯзи ман !

Гули ман, иди Наврӯзат Муборак!
Чунин ҷашни дилафрӯзат муборак!
Маро Наврӯз бе ту кӯҳнарӯз аст,
Чу ман ёри бадомӯзат муборак!
 
Муборак бод Нарӯзат гули ман,
Бароар шуд шабу рӯзат гули ман.
Бигӯ, то кай баробар аз ҷудоӣ,
Дили мову ту месӯзад гули ман.

Эй ошиқон,эй ошиқон, Наврӯзатон фархунда бод!
Ин моҳатон обод бод,ин солатон поянда бод!
Эй гулрухон,эй гулрухон,дар бӯстон ҷавлон занед,
То бӯстон аз ҷилваи зебоятон зебанда бод!
Эй навхатон,эй навхатон,дилдодагони навҷавон,
Ин навҷавонӣ дар баҳори зиндагонӣ зинда бод!
Эй кӯдакон,эй кӯдакон,эй ғунчаҳои навзабон,
Дунёятон шодонаву лабҳоятон пурханда бод!
Эй мутрибон, эй мутрибон,оҳанги наврӯзӣ занед,
“Ҳар рӯзатон Наврӯз бод, Наврӯзатон поянда бод!”


 
Наврӯзи ноз омад,гул ноз мекунад боз,
Бо ноз сураташро пардоз мекунад боз.
Бо шарми духтарона,бо лаҳни дилбарона,
Оҳанги ошиқона оғоз мекунад боз.
Шевотарин тарона,Ширинтарин Фасона,
Аз Шираи забонаш овоз мекунад боз.
Бо шавқи роз гуфтан,бо шеваи шукуфтан,
Чашмони ошиқонро ӯ боз мекунад боз.
Дар тан либоси атлас чун духтарони наврас,
Бо боли орзуҳо парвоз мекунад боз.
Эй мутрибон навозед,эй ошиқон бисозед,
Гул ноз мекунад боз,эъҷоз мекунад боз!

Биё,Наврӯз бар кошонаи мо офтоб овард,
Ба шоми интизоронаш чароғи моҳтоб овард.
Замини пир оҳанги ҷавонӣ мекунад имрӯз,
Баҳори нозанинаш боз ёде аз  шубоб овард.
Чӣ нӯшин аст ширинхандаҳои духтари бодом,
Ки нозе аз хумор оварду шарме аз гулоб овард.
Суруди рӯд равшан кард хоби кӯҳсоронро,
Вуҷуди сабзаву гул даштро  дар инқилоб овард.
Дили санг об шуд аз нолаҳои мутриби борон,
Ки аз абрешими зулфони резонаш рубоб овард.
Ба базми гул чиноре нӯшбоде гуфт мастона,
Муборак бод Наврӯзе,ки мастонро шароб овард!

Ба диерам чи хушо боз бах,ор омадааст
Ба фазояш бинигар турна к,атор омадааст.
Гули наврузи ба му карда бубин дилбаракон,
Ери ман ч,илвакунон масту хумор омадааст.
Булбулон масти тамошои гули сурху сафед,
Мавсими ошик,ию бусу канор омадааст.
Лаби хушкидаи ман майли лаби борон аст,
Бусаборон ба сарам лайлу нах,ор омадааст.
Ба тамошогах,и ер омадаем,ер куч,ост?
Ошик,онро на пайи сабру к,арор омадааст.

Категория: Табрикотхо | Добавил: s-82
Просмотров: 1224 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]