Главная » Файлы » Табрикотхо

Табрикот ба Дустдошта
26.05.2014, 21:17

Бо ман боши дустат дорам,
Танҳо боши дустат дорам.
Имруз рӯзи милоди туст,
Ҳар ҷо боши дустат дорам.
 Таваллудат Муборак!

Субҳгоҳон ки ғунча и нав  падидор шуд.Чашми фалак аз завки  ашки  шавқ рехт ва  туро дар  оғуш  гирифт.Таваллудат муборак!

***
Дар боғи ҷаҳонн ,дилам гуле мехоҳад
Имруз гули сапедаат меруяд..
Имруз дилам диле диле мехонад,
Чун милоди туро Худо муборак гуяд.
Таваллудат муборак!


 
Кадомин ҳадяро ба қалби меҳрубонат тақдим созем ки худ ганҷинаи зебоиҳои олами.
Эй ширинии латиф тарин сурудаи табиат, чигуна Худоро барои  чунин бахшиши рангин шукр гуем.
Таваллудат муборак!


Тавлиди ту  тавлиди ман аст.ман  тамоми  тули сол бедор мондаам  ки мабодо  рузи тавлиди ту тамом шавад ва  ман дар хоб бимонам. Ва натавонам ба ту бигуям, таваллудамон муборак!
Рузи тавлиди ту рузи судури шиносномаи  ишк аст. Ишки ман Таваллудат муборак!




Худои атласиҳо бо ту бошад,
Паноҳи бекасиҳо бо ту бошад.
Тамоми лаҳзаҳои  хуби як умр
Ба ҷуз дилвопасиҳо бо ту бошад.
Таваллудат муборак!
 
 

Азизам ба хотири хама оромише ки аз ту дорам Худоро шукр  мегуям .Ба эхтироми тамоми хубихоят бехтаринхоро бароят орзу мекунам. Таваллудат Муборак!

***
Эй зеботарин таронаи ҳастӣ. Бидон ки шаби милодат бароям армуғони хубиҳо ва зебоиҳост. Пас эй сарчашмаи  хубиҳо милодат муборак!
****
Хазорон бор Худоро шукр ки чунин рузеро офарид. То боғи ҷаҳон назорагари  шукуфтани  гуле чун ту бошад. Солрузи шукуфтанат муборак!

Намедонам ки донисти далели гиряҳоямро
Намедонам ки ҳис карди сукутамро 
вале донам ки  медони ман ошиқ будаму ҳастам
Вуҷуди содаат буда ки ман ингуна дил бастам
Азизам ҳамеша ишқи ман ҳастиву хоҳи буд.
 Таваллудат Муборак!

Мехостам  зеботарин каломро бароят бинависам.Аммо пиндоштам сода навиштан  ҳамчун  сода зистан  зебостан. Таваллудат муборак ,дустат дорам!

****

Хушбахтии ман дар будан бо ту аст ва рузи таваллуди ту тақдири хушбахтии ман аст. Ту омадиву амиқтарин нигоҳро  аз миёни чашмони дарёият  ба висоли қалбам  нишонди ,Зеботарин гулҳои дунё тақдим ба ту, беҳтарин ишқи дунё.


Дастонам нишонаи дастони ту, шонаҳоям такягоҳи хастагиҳоят. Ба покии чашмонат  қасам то абад бо ту мемонам. Бе онки дағдағаи фардоро  дошта бошам. Чун  медонам фардо беш аз имруз  дустат хоҳам дошт. Азизам солрузат муборак!

 

Вуҷуди ту танҳо ҳадяи гаронбаҳое буд ки Худованд  маро лоиқи  он донист ва ҳадяи ман ба  ту нозанин қалби ошиқе аст, ки фақат барои ту  метапад.Ошиқона ва содиқона дуст дорам ва солрузи таваллудатро табрик мегуям.

 

Тамоми лаҳзаҳои умрам ба андозаи нафас кашидани туст
Ба дунболи кучактарин фурсат будам то бузургтарин табрикро нисори қалби меҳрубонат кунам. Варақ хурдани барги сабзи дигареро аз зиндагиат  ро табрик мегуям. Зиндагии ман таваллудат азони зиндагиам бод.



Дар тамоми умрам як бор ошиқ шудам. Ва вобаста ба касе ки барои доштанаш ҳозирам  аз тамоми зебоиҳои дунё бигзарам.Набзи ҳаётам баъд аз ишқ ба Худо  барои ту метапад. Солрузат Муборак! 
***
Азизам  аз вақте хонаи ишқат паноҳгоҳи хастагиам шуд. Андешидам ки Худо ишқи беҳтаринро насиби манн карда аст. Солрузи таваллудат рок и қашангтарин рузи зиндагиам аст табрик мегуям.

Ишқро аввалин бор дар нигоҳат таҷриба кардам зиндагиро дар канори ту  омухтам . Диламро  ба ту беҳтарин аминам супурдам. Рузи Таваллудатро дар таърихнигори қалбам  нақш кардам. Зодрузат Муборак!

Ин хадяи осмони чашмонат,
Дилбаста ба шамъдони чашмонат.
Эй ишк таваллудат муборак, калбам,
Такдим ба мехрубони чашмонат.
Қадат гул,чеҳра гул,пироҳанат гул,
Лабат гул,остин гул,доманат гул.
Ба ин гулҳо ,ки дори дар сару по,
Ки парварда ба рузи зоданат гул.


Вуҷуди зебоят вориди  дунё мешуд
Ҳадяи солрузаш ин ово мешуд.
Ошиқе чун ман бепарво мешуд.
Дар шеъри тавлид ғарқи руё мешуд
Ингуна соли дигаре аз умри ту оғоз мешавад.
                  Таваллудат Муборак ҷонакам! 


Дубора рӯзи  таваллудат расид,
Рузе ки ғусса суроғам  намеояд.
Рузе ки дастони танҳои ман
Бештар аз ҳамеша дастонатро мехоҳад.
Таваллудат Муборак азизи дилам! 


Азизтар аз ҷонам .Ту қалбе ба бузургии дарёву рӯҳе  ба вусъати осмонҳо дори.Умедворам ҳамеша шодоб,хандону солим боши. Таваллудат Муборак! 
****
Зебоии Ишқ,Покии Садоқат,авҷи меҳрубониву ниҳояти оромиш. Ҳама дар канори ту бароям маънӣ пайдо кардааст.Солрузатро Табрик мегуям!

Азизам яксоли дигар аз ба дунё омаданат гузашт ва умедворам беҳтарин соли умратро пеши рӯ дошта боши.Таваллудат Муборак!

Бехтарин хадя 

Ба чашни зодрузам хадяе хохй ба табрикот,
Бинех лабхои гарматро ба лабхоям, ки сардастанд.
Зару зевар, тамоми хастии олам бубахшй, лек,
Зи чоми бусаи гармат тамоми узви ман мастанд.

Бароям хадяи арзанда хохй чони чононам,
Бигу «ман дустат дорам» ва бахрам ин кифоят аст.
Бигуйи «зинда хастам бо нафасхои хазини ту»
Тамоми умр аз ту зиндагиям бешикоят аст.

Ба чашни зодрузам хандаатро хадя бинмой,
Биё чоно, биё чоно, ки бе ту пайкарам гамнок.
Зи хурсандй бирезам ашки нокоми ба коми ту,
Сиришкам то бишуяд хасрати норафтаи дар хок.

Тамоми пайкаратро мефишорам бо гаму андух,
Ва шояд аз суруру шодмонй буса хохам кард.
Вале аз хоб мехезам ва хоб аст ин ки мегирям,
Лабонам сарду чашмам ашкборону дилам пурдард. 


 
Таманное чиро созам?
Худоро, ман ба чашми ту,
Ду чашмони Худо созам. 
Чи созам ман таманнои,
Даруни ҳар нафасҳоям.
Мақоми зиндагии туст,
Ба қалбам, дар ҷарасҳоят.
Чи созам ман таманно, ки
Вуҷудам ёди ту дорад.
Ду чашмам бар ду рухсорат,
Муҳаббаташкҳоборад.
Чи хоҳиш мекунам ман ки
Даруни ҳар раги хунам,
Равон аст ишқу меҳри ту
Аз ин хотир ки маҷнунам.
Чи созам ман таманно ки
Бароят зиндаги созам,
Суруди зиндагиям ту,
Ҳама созам ҳама розам.
 
 
 

 

Категория: Табрикотхо | Добавил: s-82
Просмотров: 1497 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 3.8/5
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]