Главная » Файлы » Табрикотхо |
26.05.2014, 21:14 | |
«Ном?»-и хушрӯяку дӯстрӯяки мо! Яксолагии рӯзи мавлудатро ба як ҷаҳон орзую умедҳо табрик гуфта, аз яздони пок ширинтарин лаҳзаҳои кӯдакиятро таманно дорем. Орзуи онро мекунем, ки:
Нигаҳбонат Худо бошад,
Паноҳат Мустафо бошад. Ҳабибат ҷилди Қуръону, Ҳаётат босафо бошад. *****
Қатраи шабнам ба руи гул чакид, Хониши булбул ба гуши гул расид. Зодрузи ту муборак ҷони модар, Зодаи субҳи умеду рузи ид. Забони ҳақ шиори безабон бош,
Нишони ворисони бенишон бош.
Аламбардори руҳи сарбадорон,
Бақоҷуи дуои модарон бош,
Азизи мо, азизи сад ҷаҳон бош.
Одамиро неъмате ширинтар аз фарзанд нест, Тифлаки ҷон рузи мавлудат чиро савғо кунам, Эй чашмаи ишқи ман ,хурӯшон бошӣ,
Эй моҳи муҳаббатам,дурахшон бошӣ.
Дар рузи таваллудат дуое дорам,
Эй боғи саодатам , гулафшон бошӣ.
Ту бахти модари ту бахтёри,
Падарро такягоҳ дар рузгорӣ.
Зи ту дорад ҳама уммедворӣ,
Чу номат дар ҷаҳон шодӣ биёрӣ.
Эй нури дидагонам,
Пайванди чисму чонам,
Азизу мехрубонам,
Зодрузи ту муборак.
Ному нишонаи ман,
Шеъру таронаи ман,
Чароги хонаи ман ,
Мавлуди ту муборак!
Точи сарам ту боши,
Болу парам ту боши.
Гулдухтарам ту боши,
Таваллудат муборак!
Двоми умри манн ту,
Умеди ин Ватан ту,
Куввати чону тан ту,
Мавлуди ту муборак.
Азизи одамон шав,
Ба модар соябон шав,
Падарро мехрубон шав,
Зодрузат муборак!
*** Ту хуррибаччаи,мах – дояи ту, Ту шохи навраси, ман-сояи ту. Ту охубарраи, дил - чои хобат, Ту гул, ман-сабза дар гулпояи ту. | |
Просмотров: 914 | Загрузок: 10756 | |
Всего комментариев: 0 | |