
Мурғи чон парпарзанон паҳлуи ҷонон омада,
Рузи қурби ҳасти Инсон суи Яздон омада,
Иди Қурбон, Иди Қурбон, Иди Қурбон омада!
Лутфи ҳақ борандатар аз абри найсон омада,
Мушкилоти муъминон бисёр осон омада,
Иди Қурбон, Иди Қурбон, Иди Қурбон омада!
Хуш ба он кас аз гуноҳонаш пушаймон омада,
Аз паи омурзиши ҳақ зору нолон омада,
Иди Қурбон, Иди Қурбон, Иди Қурбон омада!
Кофар аз чамъияти мо моту ҳайрон омада,
Вақти ҳампоии ин қавми парешон омада,
Иди Қурбон, Иди Қурбон, Иди Қурбон омада!
Санги ҳочиён ба фарқи шарри шайтон омада,
Гоҳи пирузии ҳар фарди мусулмон омада,
Иди Қурбон, Иди Қурбон, Иди Қурбон омада!!!

Эй азизон ба Шумо ҳадяи Яздон омад,
Иди фархундаи нуронии Қурбон омад.
Ҳоҷиён саъйи Шумо шуд ба ҳақиқат мақбул,
Раҳмату луф аз ҳазрати Субҳон омад.
Иди Қурбон ба ҳақиқат зи Худованди Карим
Офтобе ба шаби зулмати инсон омад.
Хок месухт дар андӯҳи оташ бо ҳасрат,
Нақши дар синаи ин хок гулистон омад.
Амр шуд то ки ба қурбонии Исмоилиаш,
Он халиле, ки пазируфта зи Раҳмон омад.
Имтиҳон дод ба хубӣ ба Худо Иброҳим,
Ҷои он забҳи азиме,ки ба қурбон омад.

Эй шароби осмонӣ, эй тулуъи меҳрубонӣ,
Бо ту шуд хуршед хандон,хуш расидӣ,хуш расидӣ!
Эй ки номат гашта зикри ҳар дами ҷону равонам,
Эй шифои дарди пинҳон,хуш расиди, хуш расиди!
Омади чун моҳи тоза,теғ бар каф, ханда бар лаб,
Омади эй иди Қурбон! Хуш расидӣ,хуш расидӣ!
Омади чун сели ҷушон,бехабар,ногаҳ, хурушон,
То куни ин хона вайрон,хуш расидӣ, хуш расидӣ!
Хонаи ақли забунро, ақли сарди тирагунро,
Карда ибо хок яксон,хуш расидӣ, хуш расидӣ!
Шеър меҷушад зи ман,пайваста ҳар шаб,ҳар саҳаргаҳ,
Аз ту шуд ин чашма ҷушон, хуш расидӣ, Хуш расидӣ!

Иди саъиди Қурбон,ҷашни тақриби ошиқони Ҳақ муборак!
***
Нигоро иди Қурбон аст қурбонат шавам ё на?
Нагуфти якдаме оё, ки меҳмонат шавам ё на?
Барои тавфи куят ҷомаи аҳромӣ барбастам,
Гадои даври гарди гӯшаи хонат шавам ё на?

Иди Қурбон гарчи оини халили озар аст,
Миллати Исломро имруз зебу зевар аст.
Ҳаббазо иде,ки сурх аз хуни қурбонии ӯ,
Гунаи Ислому руи миллати пайғамбар аст.

Ид аст биё ба хонаам қаҳри мабош,
Мағруртарин духтари ин шаҳр мабош.
Қурбони ту гардам ҳамагӣ механданд,
Идона бидеҳу талх чун заҳр мабош.
*****
Иди Қурбон,Иди Фидокорӣ,нисор,Қурбонӣ,ихлосу ишқу бандагӣ, Муборак бод…

Он Худованде ки дар дил нури Имон офарид,
Дар шаби торик бингар мохи тобон офарид.
Тегро бар халки Исмоили пайгамбар ниход,
Баъд аз он бар муъминонаш иди Курбон офарид
Ҳамзамон бо иди Қурбон дилатро қурбони ишқ, самимият ва меҳрубонии ман кун!!!
*********************
Идро баҳона бикунем то ба ҳама касоне,ки дусташон дорем саломе бикунем,номи Шумо дар андешаву меҳратон дар қалби мост… Иди Қурбон бар Шумо Муборак!

Ба нигоҳи зебоят қасам , Исмоил шудаам, ки қурбони чашмҳои равшанат бошам.Бигӯ кадом қурбонгоҳро барои охирин нафасам баргузидаи эй халили ман!
************
Бар пайкари олами вуҷуд ҷон омад,
Сад Шукр,ки имтиҳон ба поён омад.
Аз лутфи Худованди Халил Арраҳмон,
Як иди бузург бо номи Қурбон омад.
Худоё,қиблаам,саҷдаам ҳарфи дилам охир туи ту,
Худоё маъбуди маъбуди дунёву сари шуридаам охир туи ту.
Ид бар Шумо Муборак!
********************
Нишонам деҳ сироти рушанамро,
Худамро,Боварамро,буданамро.
Худовандо ман аз насли халилам,
Ба қурбонгаҳ меорам «манам» ро.
Қурбон,иди сарсупурдагиву бандагӣ муборак!

Иди Қурбон, ҷашни раҳидагӣ аз асорати нафсу шукуфоии имону яқин бар ҳама Иброҳимиён муборак бод!
**********************
Иди Қурбон иди ибодат ва бандагиву иди итоат аз Қодири якто бар Шумо таҳният бод.
Нузули фазли Раббалъоламин аст,
Ҳалули «Иди Қурбон» дар замин аст.
Иди наздик шулани дилҳо ба Раҳмати Илоҳӣ бар ҳама мусалмонон муборак бод.
****
Иди азҳо расму оини Халилӣ орзуст,
Баъди он, иди ғадир, рӯзи валии Ҳайдар аст.
Иди Қурбону пешопеши иди ғадир муборак!
Зи Исмоили ҷон то нагзари монанди Иброҳим,
Ба Каъба рафтанат танҳо намояд шод шайтонро.
Касе кӯ рӯзи Қурбон, ғайри худ ро мекунад қурбон,
Нафаҳмидаст ҳаргиз маъниву мафҳуми Қурбонро.

Салом гуям сахаргох аз дилу чон
Ба хар як мардуми точик мусалмон
Муборак бод намоем хамдигарро
Ба ин рузи саид, бо иди Қурбон

Бигзар аз фарзанду ҷону моли хеш,
То Халилаллоҳи давронат кунанд.
Сар бинеҳ бар каф, бирав бар куи Дӯст,
То чу Исмоил,қурбонат кунанд.

Иди Қурбон, яъне фидо кардани ҳама «азизҳо» дар остони « азизтарин» , ва гузаштан аз ҳама вобастагиҳо ба ишқи меҳрубонтарин.

Иди Қурбон омаду дилҳои ғамгин шод шуд,
Ҳоҷиёни Каъбаро вақти муборакбод шуд.

Набошад мехрубонам хамчунонат Ё Расулуллоҳ,
Шафоатгар туи бар пайравонат Ё Расулуллоҳ,
Бикун андар панох чун ворисонат Ё Расулуллоҳ,
Бигир аз дасти рости умматонат Ё Расулуллоҳ,
Бихон чун уммати ширинзабонат Ё Расулуллоҳ.
Сахаргохон намозамро ба номат ибтидо созам,
Намоям илтичову зорахо, бас нолахо созам,
Дили хакчуи худро,хар нафасро бо худо созам,
Тану чонро фидои он Расули Мустафо созам,
Набошад мехрубонам хамчунонат Ё Расулуллоҳ.
Хама аз они уему равем рузе ба даргохаш,
Барои бандагони очизаш бинмудааст рохаш,
Бувад равшангари дунё хамин хуршеду ин мохаш,
Хама неку баде ки аз ман ояд гашта огохаш,
Шафоатгар туи бар пайравонат Ё Расулуллоҳ.
Шаби ид асту чун Иброхимат чонро кунам курбон,
Сахар идона мехонам равам бар хонаи яздон,
Барои рафтагони худ бихонам сураи Куръон,
Кунам шукронахо бо даргахи он холики даврон,
Бикун андар панох чун ворисонат Ё Расулуллоҳ.
Набошад ёварам чуз ту ба пеши доварам он руз,
Чунонат кас набошад рохнамову хамдаму дилсуз,
Шафоат кун падар,модар ва хам устоди пандомуз,
Ту медони дар ин дунё будам бо синаи пурсуз,
Бигир аз дасти рости умматонат Ё Расулуллоҳ.
Манам з-он бандагони гофилу пур аз гунохи ту,
Дар ин айоми ид курбон шавад чонам ба рохи ту,
Набардорам сарам аз сачдагохи киблагохи ту,
Хамехохад хамин Максудалй андар панохи ту,
Бихон чун уммати ширинзабонат Ё Расулуллоҳ.
|