Главная » Файлы » Шеърхои Точики

Зиндагиро дӯст хоҳам дошт
20.10.2015, 20:27

Маро гуфтан, ки ин дунё кирои ғам бихӯрдан нест,
Кирои мотаму дар роҳи ёрат ҷон супурдан нест.
Бигуфтан, ки ба рӯйи кулбаи ишқат ба ҷуз оҳ, шодиҳое нест,
Ман аммо бо ҳама дарду аламҳояш,
Ба рағми ҷон супурданҳо, дар ин шӯру мағалҳояш,
Ҳамеша дӯст дорам зиндагиро, дӯст хоҳам дошт.
Маро гуфтан, ки он орзую ормонат,
Ба роҳи ишқ будан лаҳзаҳои сахт пазмонат.
Ба роҳи ёр бо чашмони чори интизоронат,
Кирое нест! Кирое нест!
Аммо ман зиндаам бо орзуи хеш,
Шавам то рӯзи марг пазмони ёри хеш,
Нишинам рӯйи роҳаш бо ду чашми чор,
Ҳамеша интизору дилфигори хеш.
Ба ин дарду алам ҳам шодиҳои зиндагониям,
Ҳамеша зиндагиро дӯст дорам, дӯст хоҳам дошт!!

Категория: Шеърхои Точики | Добавил: Liser
Просмотров: 72 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]