Главная » Файлы » Шеърхои Точики

Шеърхои Ошики 1
02.02.2015, 17:26
 

 

 

 

Чашмам зи фироқ дам ба дам мегиряд,
Аз фарқи сарам то ба кадам мегиряд.
Мегиряму зор менавaисам нома,
Аз гиряи зори ман қалам мегиряд.

Аз дурии дуриҳо Ч,игар гашт кабоб,
Аз дидаи интизор мерезад об.
Тақдира бубин, тарҳи чудоӣ дорад,
Пайғом ба қоғаз асту дидор ба хоб.

Руят гула мемона, танат моҳира,
Раҳгаштанакот боди саҳаргоҳира.
Ҳар ҳар ки ту пуши куртаи шоҳира,
Девона кунӣ мусофирой роҳира.

Эй ҷураи ҷон, бе ту ҷаҳонро чӣ кунам,
Бе ту гули сурхи арғувонро чӣ кунам?
Бе ту гули сурхи арғувон бисьёрай,
Дил майли ту дорад, дигаронро чӣ кунам?


 

Ҷонона, баҳори хуррамира чӣ кунум,
Ма бе ту-хаёту зиндагира чӣ кунум?
Мардум ай худо умри дароз металабан,
И умри дарози ғамқатира чӣ кунум?!

 

Ман руи тура бинум, Навруз кунум,
Шавма ба сари санги сиё руз кунум.
Шавум ба сари санги сиё руз нашуд,
Ҷонакма фидои ёри дилсуз кунум.

Навруза ба навбаҳор кай мебинам,
Гулҳора ба шаш қатор кай мебинам?
Гулҳора ба шаш қатор дар фасли баҳор,
Дуньёра ба як қарор кай мебинам?!

Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.
Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз,
Мурғи дили мо аз қафаси танг баромад.

Ай мавсими навбаҳор наврӯзии ман,
Ай ёраки бадқавл чигарсузии ман.
Ман пеши худо ҳамин мурод металабам:
Лаъли лабат осуда кунад рузии ман.

Эй, бе ту маро баҳору Наврӯз мабод,
Эй, бе ту маро умри ба як рӯз мабод.
Умре, ки маро бе ту худо бахшидаст,
Як лаҳзаву як соату як рӯз мабод.

Ман булбуламу баҳора дӯст медорам,
Себаргаю лолазора дӯст медорам.
Себаргаю лолазор дар боғи шумо,
Ҷонона, фақат шумора дӯст медорам.

Ларзон-ларзон барги наистон диламе,
Озурда шудаст аз ин кӯҳистон диламе.
Ман гуфта будам, сарам бигирам, биравам,
Побанд шудаст ба номусулмон диламе.

Имрӯз ҳавои боғ дорад дили ман,
Савдои ту дар димоғ дорад дили ман.
Савдои ту аз димоғ берун наравад,
Мисли гули лола доғ дорад дили ман.

Кафтарбачаро ба боғ мебинам ман,
Ҷӯлидаву бедимоғ мебинам ман.
Кафтарбачаро ба хуни дил парвардам,
Имрӯз ба чанги зоғ мебинам ман.

 

И хунаи пешору ба мун хуна шудай,
Ғам дар дили мун анори пурдуна шидай.
Мардумо меган: «Ғами беҳуда махур»,
Чун ғам нахурум, ки ёрум бегуна шидай.

Ту гул шавию аз лаби чу канда гирам,
Ошиқ шудию доғи ҷудогит ба дилам.
Шаҳрои мусофирӣ ба ман хона шудаст,
Ғам дар дили ман ҳазору як дона шудаст.

Айвони баланд дорӣ, пешаш боғай,
Ду зулфи сиёҳ дорӣ, дилам доғай.
Дилам доғай, дили кабобам доғай,
Ҳайфи тани нозукат, ба чанги зоғай.

Ҳар хуна, ки бечироғ боша, ҳайфай,
Ҷонона, ки бедимоғ боша, ҳайфай.
Хубони ҷиён баҳри тамошо рафтан,
Тутӣ, ки ба чанги зоғ боша, ҳайфай.

Маъшук, ки карашманок боша, ҳайфай,
Ошиқ зи паяш ҳалок боша, ҳайфай.
Оҳуи сафед ба дасти зангии сиёҳ,
Тутӣ, ки рафиқи зоғ боша, ҳайфай.

Ман меравуму намерава амраи ман,
Бевақт шидай, чулу биёбон раи ман.
Шерони ҷаҳон наъра занан бар сари ман,
Ман наъра занум: «Киҷо шидай амраи ман?!»

Ман мераваму намеравад ҳамраи ман,
Торикшабаю дашту биёбон раи ман.
Фарьёд кунам, намешнавад модари ман,
Зоғони ҷаҳон ҷамъ шуданд бар сари ман.

Дар куҳи баланд нукраи тар гум кардум,
Шоҳини сафеди резапар гум кардум.
Шоҳини сафеди резапар ёфт нашуд,
Фарзанди падар, лахти ҷигар гум кардум.

Як села кабутарем, як села ҷидо,
Порина ба ҳам будем, имсол ҷидо.
Порина ба ҳам будем, ба ҳам мегаштем,
Имсол ҷидо шидем, ба ғам пайвастем.

Категория: Шеърхои Точики | Добавил: s-82
Просмотров: 874 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 5.0/2
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]