Главная » Файлы » Шеърхои Точики

Шеърхои Лоик Шерали
16.05.2014, 21:50

Ёде аз устод Лоиқ Шералӣ

 

Омад баҳору бӯи ту аз бод мерасад,
Аз рафтани туам ба хабар ёд мерасад.
Доди фалак ба љаври фалакзод мерасад,
Фарёдрас куљо, ки ба имдод мерасад?
Эй љони рафта, љониби љонон наомадӣ.

Бишнуфт гӯши ҳақшунав афсонаи туро,
Бишнохт ақл љоми ҳарифонаи туро.
Нӯши Худост бодаи паймонаи туро,
Ободии дил аст тарабхонаи туро,
Эй ҳарфи сабр, сӯи ҳарифон наомадӣ.

Дар диди ман лаёқати ваљд аст сояат,
Дар мартабат шаҳомати маљд аст пояат.
Лоиқ… ба ин насиба насаб кард вояат.
Сармояи ғановати фазл аст мояат,
Эй зарфишони рӯди Зарафшон, наомадӣ.

Варзоб шӯри тоза гирифт аз хумори ту.
Мастон назар ба роҳи хабар, интизори ту.

Ҳар «санг» «ном»–и ишқ барад ёдгори ту.
Танҳотар аз каронаи дарёст ёри ту,
Эй мављзоди шеър, ба исён наомадӣ.

Эй «Марди раҳ»,ки «Хонаи чашм» аст љои ту,
«Ном»–е накӯст дар «Варақи санг»–ҳои ту.
Лоиқ куљост? «Хонаи дил» бар салои ту.
Сад чашм роҳ шуд, ки ба маљлис биёӣ ту,
Соғар тиҳист бе ту, сари хон наомадӣ.

Омад баҳору нест навои чамиданат,
Дар маҳфиле ки дидадароям ба диданат.
Гӯшему ихтиёри ҳавои шуниданат.
Зангӯлаи дарост садои расиданат.
Эй шамъ, сӯи љамъи парешон наомадӣ.

Омад баҳору нолаи булбул, наомадӣ.
Шабнам нишаст дар садафи гул, наомадӣ.
Ашки саҳоб шуд ба қадаҳ мул, наомадӣ.
Хуш мешудї ба љилваи кокул, наомадӣ.
Олам низори туст, ба љавлон наомадӣ.

Шудам пазмони оби чашмасорон,
Равам, дар кӯҳсорон хона созам.

Шавам як лаҳза беқайду сабукрӯҳ,
Ба худ як олами афсона созам.

Бисозам чанбар аз гулҳои садранг,

Шиносонам диламро бо баҳорон.
Кунам тазмин чу шогирди навомӯз
Зи шеъри обдори обшорон.

Нишинам дар лаби дарёи кӯҳӣ,

Ки омӯзам аз ӯ дарёдилиро.
Шитобу изтироб омӯзам аз мавҷ,
Бигӯям шеър дар тақлиди дарё.

Кашам аз кокули сабзи дарахтон,
Биошомам насими бешаҳоро.

Суруд омӯзам аз лабҳои соҳил,
Забон омӯзам аз гуфтори дарё.

Нависам номи худ дар тахтасанге –
Нишони бенишониҳои худро.

Ба гӯши баргҳо бикшоям асрор –
Китоби саргарониҳои худро.

Шавам ҳамболи занбӯрони гулҷӯй,
Ба шеъри худ зи гулҳо шира чинам.
Зи шохе бар дигар шохе бупечам,
Ҷаҳонро то ба чашми гул бубинам.

Шавам бо қуллаҳо ҳамсар, ки шояд

Биёмӯзам тариқи сарфарозӣ,
Ба пои кӯҳҳо таъзим орам,
Биандӯзам бисоти бениёзӣ.

Варақҳои парешони диламро
Диҳам пош аз сари кӯҳи баланде.
Дигар онро нахонам пеши ҳар кас,
Дигар бо он насозам худписандӣ.

Сипас аз кӯҳсор – аз модари худ
Бихоҳам ҳамчу тифли хомаронаш,
Ки дар поёни бозиҳои тақдир

Диҳад ҷо аз сукути ҷовидонаш...

 

 

 

Мард он, ки ба корзори ҳастӣ
Беханҷару бесипар барояд.
Беханҷару бесипар, валекин
Бо ҷавҳари сад ҳунар барояд.

Баҳри каму беши миллати худ
Бо бешу ками ҷаҳон ситезад.
Он ҷо, ки бирехт хуни нофаш,
Бояст, ки хуни дил бирезад...

 

Он лаъли дилхунро бигу , Лоик видоят карду рафт,
Он ёри махзунро бигу, Лоик видоят карду рафт.
Колиб тихи созам агар ,зору хазин,чони падар,
Рав беди мачнунро бигу ,Лоик видоят карду рафт.
Дар руи тобутам агар гулбаргафшони кунанд,
Он шохи гулбунро бигу, Лоик видоят карду рафт.
Ду дида Чайхун доштам ,аз марги армонхои халк,
Рав Оби Чайхунро бигу, Лоик видоят карду рафт .
Озори дунё дар дилам аз реги хом ун беш буд,
Он реги хомунро бигу, Лоик видоят карду рафт.
Дил додаам, дил бурдаам,чоми паёпай хурдаам,
Он чоми ворунро бигу,Лоик видоят карду рафт.
Ин дафтари шеъру газал чун ман намирад аз ачал,
Рав чархи гардунро бигу ,Лоик видоят карду рафт.

Хор дар чашми касе, гар як нафас хорат кунад,
Зор мирад дар бало ҳар кас, ки озорат кунад.
Рўзгораш рўи файзеро набинад то абад,
Ҳар касе ношукрй аз файзи дидорат кунад.
Рўзи хурсандй набинад дар чаҳони зўд сер,
Дилфигори ғам шавад, ҳар кас дил афгорат кунад.
Ҳар ки субҳи бахтро аз чашми бедорат наёфт,
Хоби маргаш беҳ ки заҳрчашм бедорат кунад.
Тешаи барқаш занад дар осмони тирарўй,
Ҳар кй қасди тирагй барқи рухсорат кунад.

Лоиқо, рафтӣ ту аз пеши назар
Аз макон бар ломакон, мо бехабар.

Қалби мо дар сўги ту сад пора шуд,
Ҷумла олам дар ғамат бечора шуд.

Марги ту худ марги як инсон набуд,
Рафтани ту реҳлати осон набуд.

Оламе зеру забар шуд, ҳону ҳон,
Охир, эй ҷон шоире рафт аз ҷаҳон.

Ашки хун чашмони моро кўр кард,
Сели ғам рўҳу равонро шўр кард.

Дўстонат дар ғамат гашта нажанд,
Дар миёншон баста аз мотам каманд.

Рафт Лоиқ аз ҷаҳон бебозгашт,
Чун садо маҳлул шуд дар кўҳу дашт.

Категория: Шеърхои Точики | Добавил: s-82
Просмотров: 1561 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 2.4/5
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]