Маънии зиндаги аз руди равон пурсидам,
Аз пасаш бурд маро ханда ба лаб чониби дашт…
Маънии зиндаги аз боди вазон пурсидам
Ҳуштаке зад бари гушаму чун тир гузашт…
-Абр, эй абр, - садо кардам аз у, -зиндаги чист?
Тиратар гашту шабе то нафаси субҳ гирист…
Зиндаги гуфта расидам баканори дарё,
Ба фигон омаду зад сар ба сари соҳилҳо…
Зиндаги гуфта давидам зи паси кафтаракон
Бурдаманд куи ба ку то ҳама дарҳои чаҳон,
Ёфтам дар ҳама кишвар ба худам ҳамрозе,
Ҳамдиле, ҳамчигаре,ҳамназаре, ҳамсозе.
Зиндаги чист? –расидам ба канори инсон,
Бурд инсон ба чавобам ба дари қабристон,
Санги хомуши сари қабр ҳикоят мекард,
Ҳама чиз нест шавад, ном бимонад аз мард
*******************************************
Умри худ барбод кардам дар талоши зиндаги,
Кухи олам бод кардам дар талоши зиндаги.
Коматам хам гашт чашмам хира по ларзон шуд,
Чанг по фулод кардам дар талоши зиндаги.
Харчи кардам зора кардам хеч у рози нашуд,
Тарки илм-устод кардам дар талоши зиндаги.
Рози дил ногуфта монду дарди дил пинхон шуд
Маърака обод кардам дар талоши зиндаги
Чор тараф дар тагу тозам кай илочи у кунам,
Хамчу мург фарёд кардам дар талоши зиндаги.
Дар дахон дандон намонд, ки нони бе минат хурам,
Нафси худро шод кардам дар талоши зиндаги.
Хар сахар мехезаму ру суи кибла мекунам,
Сахви худ пайдо кардам дар талоши зиндаги
Гардани кач мунтазири пеши номардон шудам,
Душмани худ шод кардам дар талоши зиндаги.
Эй бародар хеч гох гофил зи ёди хак мабош,
Дарси дил имдод кардам дар талоши зиндаги.
Кори хакро пеша гиру дар байни ноахлон машин,
Дер боз фарёд кардам дар талоши зиндаги.
Хотири хеш чамъ дор чавон осуда бош,
Бо факирон ёр бош дар талоши зиндаги.
********************************************
Оҳанги ғурбат мекунад мекунад. созу навои зиндагӣ.
Чун дол қомат мекунад дарду балои зиндаги.
Сад захми бе дору бар қалби матлабдори ман,
Дил боз тоқат мекунад бар сад чафои зиндагӣ. (СИНО)
********************************************
Зиндаги аз кузаи андеша обам медиҳад ,
Бо хама дарди чахон печида тобам медиҳад.
Зиндагӣ бошад фиребу мо шудем банди фиреб,
Бо хама хушёриам бедор хобам медихад.....
Бечоравор нола макун пеши зиндагӣ,
К-у хеч вакт тан ба заифон намедиҳад.
Чун шаҳсавор хез ба зураш савор шав,
Ин аспи маст тан ба заифон намедиҳад.
*****************************************
Зиндаги мисоли обе, зиндагӣ мисоли хобе,
Зиндагӣ ҳаргуна бобе, зиндагӣ ҳикмат китобе.
Рузе ояд ва рузе рафт вале кай ояду кай рафт?
Ғанимат дор Падар, Модар ки аз ту пеш хоҳанд рафт.
Агар тир аз камон ояд на баргардад,в- ар на ояд,
Хатои ҳам гунаҳкорист, пушаймонӣ намебояд.
Машав дустдори симу зар, макун чашми ятиме тар,
Мадеҳ озор дили ҳеч кас бидон умрат гузашт беҳтар.
Тухтасун Мамадов
******************************************
Зиндагӣ хуршед дар боми ман аст,
Зиндагӣ маҳтоб дар шоми ман аст.
Зиндагӣ ёри гуландоми ман аст,
Зиндагӣ Хайёми айёми ман аст.
Гар набошад номам аз номи Ватан,
Гар набошад хилқати ман сохтан,
Гар насўзам дар ғами шеъру сухан,
Зиндагӣ андешаи хоми ман аст.
Лоиқ Шералӣ
**************************************
Зиндаги ин харфи Куръон асту бас,
Мушкили даркаш дучандон асту бас.
Хар ки дар дил Каъбае бино кунад,
Дар ду олам бини хандон асту бас.
Нест маъбуде ба чуз яздони пок,
Чумла ақсо зери фармон асту бас.
Одами бин бори химмат мекашад,
Зери ин бор кух нолон асту бас.
«Шаш калима» сорбони рохи рост,
Киштии гайр коми туфон асту бас.
Хикмато бо тавба бош, уммед кун
Ноумед шогирди шайтон асту бас…
***************************************
Зиндагиро ки гуфт номард аст?
Ҳар касе гуфт то куҷо мард аст?
Зиндаги марду мард мехоҳад,
Сари болову дард мехоҳад.
Сари дар роҳи ёр мурданҳо,
Олам оварда хас набурданҳо
устод Қутби Киром
*****************************************************
Зиндагиро роҳ гуфтам чоҳ будаст во дареғ,
Ҳосили буду набудаш оҳ будаст во дареғ.
Орзу кардам, ки ман бо ханда созам зиндагӣ,
Хандаамро гиряҳо хамроҳ будаст во дареғ.
*****************************************
Зиндаги доF асту дард аст,
Зиндаги гарм асту сард аст.
Зиндаги макр асту фанд аст,
Зиндаги дар асту панд аст.
Зиндаги хуршеду мох аст,
Зиндаги субху пагох аст.
Зиндаги ранги сиёх аст,
Зиндаги ними нигох аст.
Пас чаро мехру вафо нест ,
пас чаро ишку сафо нест?
Зиндаги нопухда хом аст,
Зиндаги лабрези чом аст,
Зиндаги занчиру дом аст,
Гох поку, гох харом аст.
Зиндаги разму набард аст,
Зиндаги охасту дард аст.
Зидаги туфону гард аст,
Зиндаги зист асту марг аст.
Пас чаро мехру вафо нест ,
пас чаро ишку сафо нест?

|