Главная » Файлы » Шеърхои Точики

Шеърхо Дар Васфи Дини Ислом
16.05.2014, 22:01

Худо гар лутф созад меҳрубонӣ,
Кунад меши туро гургон чӯпонӣ.
Шавад,ай банда гар Мавло ба озор,
Ҳама дар ҳарду олам аз ту безор.

Мо дар ду чахон гайри Худо ёр надорем,
Мо чуз гами у дигар кор надорем.
Мискину факирем, ба кошонаи дунё
Бо неку бади хеч кассе кор надорем.
Не масти шаробему кабобему рубобем,
Парвои майу хонаи хаммор надорем.
Гар ёри вафодор надорем, ачаб нест,
Мо ёр ба чуз Хазрати Чаббор надорем.
Мо масти аластем ба як чуръа чу Мансур
Андешаи фатво ва сари дор надорем.
Мо шохи дарахтем пур аз меваи тавхид,
Хар рахгузаре санг занад ор надорем.
Мо тутии факрему шакархораи Мисрем,
Чун зоги сиях майл ба мурдор надорем.
Дар боби дили хастаи Шамсулхаки Табрез
Мо худ ба чуз ин шева ва гуфтор надорем.

Ин чи шурест,ки дар даври Камар мебинам,​
Хама офок пур аз фитнаю шар мебинам.
Хар касе рузи бехи металабад аз айём
Иллат он аст ки хар руз батар мебинам.
Аблахонро хама шарбат зи гулобу канд аст,
Кутти доно хама аз хуни чигар мебинам.
Аспи този шуда мачрух ба зери полон,
Тавки заррин хама дар гардани хар мебинам.
Духтаронро чанг асту чадал бо модар,
Писаронро хама бадхохи падар мебинам.
Хеч рахме на бародар бо бародар дорад,
Хеч шафкат на падарро бо писар мебинам.
Панди Хофиз бишунав,хоча,бирав,неки кун,

Ки ман ин панд бех, аз дуру гухар мебинам

Дар чахони бе бако охир парешон мешави,
Умри худ зоеъ макун чоно пушаймон мешави.
Кадри ёру дустонро дон андар зиндаги,
Окибат ай бехабар дар хок пинхон мешави.
Доимо дар зикри хак бошу, Худоро ёд кун,
Хон марав бо рохи шайтон пур зи усён мешави.
Гар биёби давлату, дунёву мулки бехисоб,
Ин хама хайрон бинод, чисми бе чон мешави.
Зан кунад шуи дигар, фарзанд фаромушат кунад,
Хеч ёди ту намеояд, чу дар хок мешави.
Эй, ки дори аклу хуш сарфи худо кун моли худ,
Пеш аз он, ки андар лахад пусида вайрон мешави.
Дар забонат лоилохро, доимо такрор кун,
Дур аз гуфтори бад бош, чунки расво мешави.
Ахли илму толибонро гар тавони даст гир,
Бо хунармандон нишин, окилу доно мешави.
Бо бадон маншин, ки имони ту мегардад хароб,
Дар сарои охират дар нори сузон мешави.
Толибо хохи саодат неки кун, бо мардумон,
Дар бихишти човидон бо хуру гилмон мешави.

БА НОМИ ХУДОВАНДИ ҶОНУ ХИРАД
Санову ҳамд мегӯям Худоро,
Дуруд бодо Муҳаммад Мустафоро.
Зи мову аҳли кишвар, эй азизон,
Салом бод чор ёри босафоро!
Дуову сад дуруд гӯям, бародар,
Зи ҷон аҳли Бақиъу муъаллоро!
Ҳамехоҳам зи даргоҳи Илоҳӣ,
Наҷоти аҳли тақвову вафоро!
Дуогӯям дар ин авроқи рангин,
Диҳад инсоф Худо шоҳу гадоро!
Барори кору комёбӣ ҳамеша,
Насиб гардад раису вузароро!
Тани пӯшидаву серӣ, Худоё,
Насиб гардон тамоми фуқароро!
Мисоли Макка серу тинҷ гардон,
Худоё, ин замину ин диёрро!
Худовандо, ба деҳқонони тоҷик,
Намо рӯзӣ барори кишту корро!
Насиҳат гӯш созед, эй рафиқон,
Бидонед қадри нон, обу ҳаворо!
Агар бошед ватанхоҳу ватандӯст,
Бидонед қадри сулҳу ҳам салоро!
Ба ҳаққи Аршу Курсият, Илоҳо,
Қабул фармо зи моён ин дуоро.

Ман рӯзааму майл ба ифтор надорам,
Бо рӯзахӯрон қуввати гуфтор надорам.
Хоҳам, ки ба як моҳ ҳама гушна нишинам,
Аз гушнагиям шикваю озор надорам.
Зеро, ки гуноҳони ман аз мӯӣ фузун шуд,
Бо сад гунаҳам оқибати кор надорам.
Шайтоннафасӣ, сӯи ман асло манигар ту,
Ман майл ба шайтону гунаҳкор надорам.
Аз чор ҷиҳат нафси аммора ҳама қуфл аст,
То Ид ҷуз аз тавба дигар кор надорам.
Ман рӯзааму майл ба ифтор надорам,
Бас, бас ки дигар фурсати такрор надорам.

Ё Раббо илмам бидодӣ ақлу тақвоям бидеҳ,

Хулқи хубу сирати аброри доноям бидеҳ.

Дину имонам бисоз мустаҳками дӯр аз завол,

Мисли асҳоби Расулат қалби бедорам бидеҳ.

Сабру тоқатро бароям пешаи умрам бисоз,

Бо сабурӣ пайравӣ тавҳиди пурборам бидеҳ.

Ҳар куҷо бошам мадад кун ё Раббо аз фазли худ,

Пеши ҳосидони бадгӯ чашми бедорам бидеҳ.

Нусрати динат ба дасти мо бикун андар ҷаҳон,

Аҷри умри пур зи аъмоли гуҳарборам бидеҳ.

Ҳар замон мирам бибахшо, ки манам ғарқи гуноҳ,

Маргро осон бисозу раҳматат ёрам бидеҳ.

Эй зи дардат ошиконро буи дармон омада,

 Ёди ту мар ошиконро рохати чон омада ,
Садхазорон ошики саргашта бинам барумед ,

Дар биёбони гамат Аллохгуён омада ,
Синахо бинам зи сузи хачри ту бирён омада ,

Пири Ансор аз шароби шавк хурда бахрае ,
Хамчу Мачнун гирди олам масту хайрон омада .

Ҷон бод фидои қаду болои Муҳаммад, ​
Бо гесӯи мушкини сумансои Муҳаммад.
Ҷибрил ҷилавдори Буроқаш шаби меъроҷ,
Ҳӯрон сафи дар саф ба тамошои Муҳаммад.
Арш аст сарафроз зи ташрифи қудумаш,
Курсист ба болиш зи таманнои Муҳаммад.
Хуршед гирифт хӯшае аз хирмани ҳуснаш,
Маҳ рӯйканон бӯса зад аз пои Муҳаммад.
Ташрифи заминаш ҳамаро вола намуда,
Ташрифи само ҷумла ба ғавғои Муҳаммад.
Шуд гулшани олам зи туфайли гули рӯяш,
Аз шавқ ҳама булбули гӯёи Муҳаммад.
Омад ба қадаш хилъати лавлок мувофиқ,
Тоҷе ба сараш қавси "авадно"-и Муҳаммад.
То-ҳо лақабаш, васфи қабояш ба Музаммил,
Баҳри зафари хасм "фатаҳно"-и Муҳаммад.
Фардо, ки кунад ҷилва ба бозори қиёмат,
Маҳшар шавад он рӯз ба тамошои Муҳаммад.
Аз баҳри шафоъат ба ҳама уммати осӣ,
Бандад камари ҳиммату аъло Муҳаммад.
Хоки қудумаш сурма ба чашмони Ҷунунӣ,
К-ӯ ҳаст ба ҷон волаву шайдои Муҳаммад.
(Саллаллоҳу алайҳи васаллам)

Мавлавӣ Ҷунунӣ, аз ғазалиёти Маъдан-ул-Ҳол

Тавофи каъбаи дил кун агар диле дори, ​
Дил аст каъбаи маъни ,ту гил чи пиндори.
Тавофи каъбаи сурат хакат бад-он фармуд.
Ки то ба воситаи он диле ба даст ори.
Хазор бор пиёда тавофи каъба куни,
Кабули Хак нашавад гар диле биёзори.
Бидех ту мулкату молу диле ба даст овар,
Ки дил зиёд дихадат дар лахад шаби тори.
Камар ба хидмати дилхо бубанд чокарвор,
Ки даркушояд дар ту тарики асроре.
Гарат саодату икбол гашт матлубат,
Шави ту толиби дилхову кибр бигзори.
Чу хамъинони ту гардад инояти дилхо,
Шавад янобеи хикмат зи калби ту чори.
Равон шавад зи лисонат чу сел оби хаёт,
Дамат бувад чу Масехо давои бемори.
Хамуш,васфи дил андар баён намегунчад,
Агар ба хар сари муе дусад забон дори.

                                          (Чалолиддини Руми)

Агар чанде Сулаемони
Ба хоки дахр яксони
Ваё чамшеди хокони
Ба хоки дахр яксони
Агар чанде асалн нуши
Агар малбуси зард пусхи
Ба мохруён дар огусхи
Ба хоки дахр яксони
Агар чи фарди даврони
Ба тахти хеш Султони
Агар чи шохи турони
Ки зуд аз шери гурони
Писанди пахлавонони
Ба хоки дахр яксони
Ба ёди руи чонони
Чунун ту сина брёни
Чу булбул гар газал хони
Ба хоки дахр яксони

Дило, ҳамвора таслими ризо бош,
Ба ҳар ҳоле, ки боши, бо Худо бош.
Худоро бош, агар марди Худои,
Макун бегонаги, гар ошнои.
Ҳадиси дузаху чаннат раҳо кун,
Парастиш хос аз баҳри Худо кун.
Туро бар ҳар ду гети баргузиданд,
Ҳам охир баҳри корат офариданд.
Зи ту чуз бандаги кардан нашояд,
Аз У чуз Худованди наеяд.
Дар ин дар ҳеч икроҳе набошад,
Аз ин беҳ ҳеч даргоҳе набошад.
Агар лофе зани ҳам лофи дин зан,
Ҳамеша даст дар ҳабл-ул-матин зан.
Ба ҳар коре мададгорат Худо ҳаст,
Далели роҳи динат Мустафо ҳаст.
(саллаллоҳу алайҳи васаллам)

Дилам к-аз бодаи Ҷаббор шуд маст,
Танам аз суҳбати дилдор шуд маст.
На ман танҳо дар ин майхона мастам,
Аз ин май ҳамчу ман бисёр шуд маст.
Ба майхона гузар кардам, чӣ дидам?!
Хатибу қозиву хаммор шуд маст.
Аз ин май ҷуръае покон чашиданд,
Ҷунайду Шиблию Аттор шуд маст.
Аз ин май ҷуръае доданд ба Мансур,
Анал-Ҳак мезаду бар дор шуд маст.
Ту бо ҳусну ҷамоли хеш мастӣ?!
Алӣ, бар теғи Зулфиқор шуд маст.
Гулистони Ирамро сайр кардам,
Чу дидам сар ба сар гулзор шуд маст.
Ба руҳи поки ШАМСУДДИНИ ТАБРЕЗ,
Кӣ МАВЛО бар сари бозор шуд маст.

 

 

 

 

 

 

                             

 

        

Категория: Шеърхои Точики | Добавил: s-82
Просмотров: 1766 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 3.4/5
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]