Главная » Файлы » Шеърхои Точики

Шаби танҳоӣ
20.10.2015, 20:27

Шаби танҳоии ман бе ту бигзашт,
Ҳамон рӯзе, ки ту бо ман набудӣ.
Агарчи буд акси бесадоят,
Хаёлан хоб аз чашмам рабудӣ.
Агар он шаб ба сурат зинда будам,
Вале дар асл гири мурда будам.
Ман он шаб аз висолат дур будам,
Зи ҳаҷрат хастаю ранҷур будам.
Туро дида ба паҳлуи нигоре,
Дилам аз рашк оташвор месӯхт.
Агар ту он шабонгоҳ шод будӣ,
Дили ман аз ҷудои зор месӯхт.
Дигар ман тоқати дури азизам,
Аз он шабҳои нобудат надорам.
Чу бишнидам, ки хушбахти надорӣ,
Дигар парвои камбудат надорам.

Категория: Шеърхои Точики | Добавил: Liser
Просмотров: 47 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]