Ба шаб гуфтам: "Ту хушбахтӣ?"
Сукут кард, ахтараш чашмак заду сӯям.
Гумонам, ки ба ман мегуфт: "Ту чи? Оё ,ту хушбахтӣ?"
Сукут кардам, забонам лолу хомӯш монд,
Тамоми зиндагиро пеши рӯ кардам.
Куҷо хушбахт будам, ман?
Куҷо бадбахт будам, ман?
Куҷо он шодиҳои зиндагӣ буд, ҳамсафар бо ман?
Куҷо ғамҳо бикард торик, дили бекинаро бо ман?
Хаёлам нисфи умр бо ғам гузашта,
Самои зиндагӣ якранг гузашта.
Ман имрӯз баски хушбахтам,
Даруни кулбаи ғамофаринам, сахт хушбахтам.
Вале метарсам, аз ин сон хушбахтӣ,
Ки охир зиндагӣ якумр дод, бар ман чу бадбахтӣ.
Ту диди, эй шаби ман?
Ман ба мисли ту, ки хушбахтам,
Ки бо ту ҳампару ҳамрешаю ҳамқисмату бахтам.
Пас ин сон мон, бо ман,
Ту мабар хушбахтиҳоямро.
Бигир андӯхҳ дардамро,
Бубар бо бод он бадбахтиҳоямро,
Бубар бадбахтиҳоямро!
|