РЕЗ БОРОН
| 17.10.2015, 20:03 |
- Рез борон қатра-қатра бар ҳавои хонаам,
- Ноаён кун ашки чашмонам бари рухсораам.
- На, намегирям ба ёди ёри ноҳақ, ҳайф аст,
- Ман зи тақдирам бинолам, пеши ў бечораам.
- Офтобам бармаҳал пинҳонӣ пушти абр шуд,
- Навҷавонӣ рафт, туғёни дили ман паст шуд.
- Ҳар саҳар як рўзи ман аз зиндагонӣ кам шавад,
- Лек андўҳу ғами дунёӣ асло кам нашуд.
- Аз ҳаёт дилхаставу аз зиндагонӣ мондаам,
- Як гули пажмудаам, ман аз гулистон мондаам.
- Накҳати гесўи ёрам бар машомам мерасад,
- Кай ба дидораш расам, ман худ зи дунё мондаам.
- То ба кай сўзи диламро андарунам ҷо кунам,
- Аз гиребони фалак баргираму ғавғо кунам.
- То ки дар дастам қалам ҳаст, нури чашмам равшан аст,
- Рўи коғаз дардҳои синаамро ҷо кунам.
|
Категория: Шеърхои Точики | Добавил: Liser
|
Просмотров: 40 | Загрузок: 10756
| Рейтинг: 0.0/0 |
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[
Регистрация |
Вход ]