Главная » Файлы » Шеърхои Точики |
ПИСАР
18.10.2015, 09:45 | |
Маро дода Худо фарзанди некрў, Зи ў дурам, натонам дидани ў. Писар ҳастӣ, давоми умрам ҳастӣ, Ба дил уммедҳо дорам ман аз ту. Ҳаме чашмам ба роҳи интизорӣ, Шабу рўзам фақат бо беқарорӣ. Писар, ту аз куҷо донӣ азобам, Ки ҳоло кўдакӣ, парво надорӣ. Ба дастам суратат наззора дорам, Рабудӣ аз дилам сабру қарорам. Ба хобастӣ, ба хоби ноз ҳастӣ, Ду дида бар ту, ман бедорӣ дорам. Хабар омад, хати озодии ман, Ба як дунё нагунҷад шодии ман. Равам пеши ту, фарзанди азизам, Дигар як лаҳза инҷо ман наистам.
| |
Просмотров: 62 | Загрузок: 10756 | |
Всего комментариев: 0 | |