Главная » Файлы » Шеърхои Точики

Падарҷон
20.10.2015, 20:27

Эй падар баъди вафотат зиндагӣ дилгир шуд,
Қомати болои ман низ дар ҷавони пир шуд.
Дарду андӯҳ гашта пайдо он замон дар хонаям,
Хонаи нурбори ман торику бас дилгир шуд.
Вақти беморӣ нишастам, ман ба болои сарат,
Бо вуҷуди дардҳое, ки буданд дар бистарат.
Дида ашкҳои равони чашми ман ҷоно падар,
Бар сухан оғоз кардӣ, гарчи ларзид пайкарат:
"Хуб медонам, ки баҳрат зиндагӣ охир чи кард??
Дарду андӯҳу маломатро биовард бар сарат.
Лек дар роҳи ҳаёт, гарчанд зани мардона бош,
Дар набарди зиндагонӣ оқилу фарзона бош...."
Эй падарҷон пандҳоят доруи ҷони ман аст,
Дар набарди зиндагонӣ шамъи рахшони ман аст.
Руҳи покат, эй азизам ҳаст болои сарам,
Соябону ахтаре дар зиндагонии ман аст.

Категория: Шеърхои Точики | Добавил: Liser
Просмотров: 122 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]