ПАДАРҶОН
| 18.10.2015, 09:27 |
- Ба роҳат дида медўзам, падарҷон,
- Чу шамъи хира месўзам, падарҷон.
- Надорам тоқати ҳаҷри туро ман,
- Сияҳ шуд шому ҳам рўзам, падарҷон.
- Дилам хун гаштаву лаб во надорам,
- Fамам дар қалби худ ҷо мегузорам.
- Падарҷон, пеши ман қадрат баланд аст,
- Раҳи бозомадатро интизорам.
- Ба рўям мечакад борони найсон,
- Маро ашкам зи мардум ҳаст пинҳон.
- Худоё, во шавад дарҳои маҳбас,
- Туро оғўш гирам ман, падарҷон.
- Дамодам ёди рўят мекунам ман,
- Хаёлан саҷда сўят мекунам ман.
- Падарҷон, пеши ман қадрат баланд аст,
- Сарамро хоки кўят мекунам ман.
|
Категория: Шеърхои Точики | Добавил: Liser
|
Просмотров: 47 | Загрузок: 10756
| Рейтинг: 0.0/0 |
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[
Регистрация |
Вход ]