Главная » Файлы » Шеърхои Точики

ҶОВИДОН БОШӢ
18.10.2015, 09:27

 

  1. Муаллим, гарму сарди зиндагониро ҳамедонӣ,
  2. Ҳазорон толиби дониш ба роҳи рост мехонӣ.
  3. Ба уммеде, ки шогирдон аз илмат баҳра бардоранд,
  4. Шабу рўзона заҳмат мекашӣ, аз хоб мемонӣ.
  5. Бигардад боғбон мамнун чу нахлаш дар самар ояд,
  6. Ту ҳам аз завқ меболӣ, чу шогирд боҳунар ояд.
  7. Надорӣ роҳату ором, умре дар азоб астӣ,
  8. Ки як фарзанди меҳан шуҳратафкан, номвар ояд.
  9. Аё устод, хоҳонам, ки фахри ин замон бошӣ,
  10. Зи дарду ранҷҳои зиндагонӣ дар амон бошӣ.
  11. Чу меҳри кўдакони халқро бинмудӣ дар дил ҷой,
  12. Ба номи неки худ дар қалбҳо то ҷовидон бошӣ. 
Категория: Шеърхои Точики | Добавил: Liser
Просмотров: 35 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]