НАВРЎЗАТ МУБОРАК!
| 18.10.2015, 09:27 |
- Ба барги гул чакида шабнами тар,
- Намуда боғи гулро бас муаттар.
- Садои резаборони баҳорӣ,
- Дили пири маро созад ҷавонтар.
- Чу фасли файзбору пурнишотӣ,
- Замини хобро аз нав суботӣ.
- Ту қалби ошиқонро метапонӣ,
- Баҳорам, фасли зебои ҳаётӣ.
- Бари кўҳу чаман бишкуфта гулҳо,
- Либоси махмалин пўшида саҳро.
- Ба гўш ояд садои рўди кўҳӣ,
- Ватан дар чашми ман гаштӣ дилоро.
- Диёрам, рўзи фирўзат муборак,
- Ҳамин солу ҳамин рўзат муборак.
- Дар олам паҳн шуд овозаи ту,
- Хуҷаста иди Наврўзат муборак!
-
|
Категория: Шеърхои Точики | Добавил: Liser
|
Просмотров: 33 | Загрузок: 10756
| Рейтинг: 0.0/0 |
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[
Регистрация |
Вход ]