Навмед мабош Шеър
| 17.10.2015, 20:03 |
- Ба зиндон сабр кардан кори мард аст,
- Ситамро тоб меорад на ҳар кас.
- Ба сахтиҳо ҳаме шукрона бинмой,
- Ки имрўз аз бароят имтиҳон аст.
- Нашав навмед аз гардиши айём,
- Бидон шоми сияҳро бошад анҷом.
- Бувад, ки шамси тобонат барояд,
- Аз ин зиндон раҳо ёбӣ саранҷом.
- Туро дар хона фарзанд интизор аст,
- Азизонат ба роҳат чашми чор аст.
- Куҷо бошӣ, Худоро ёд бинмо,
- Ки танҳо ў туро ҳоҷатбарор аст.
- Шавӣ озод агар, андешае кун,
- Гузашти рўзҳо пеши назар кун.
- Кунун ҳам дўстони ту ба банданд,
- Зи пеши он бародарҳо гузар кун.
|
Категория: Шеърхои Точики | Добавил: Liser
|
Просмотров: 42 | Загрузок: 10756
| Рейтинг: 0.0/0 |
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[
Регистрация |
Вход ]