Оҳ, Модар!
Чӣ қадар бузургию меҳрабун. Чӣ қадар дили пурқудрат дори, ки тамоми азобу дардҳои зиндагиро таҳаммул месози. Бо ҳама ранҷҳои дидаат назди фарзанд худро хушбахт вонамуд месозӣ. Модар, имрӯзҳо ид дорӣ! Иде, ки ҳама бо як шукӯҳи беандоза пешвозаш мегиранд. Имрӯз рӯзи туст Модар, ҳама рӯзҳоро
идат эълон созам кам аст, ки бар як шаби сари гаҳвора нишастани ту намеарзад. Ай Модари биҳиштиям, эй фариштаи осмонам зиндагиеро, ки бароям бахшиди бидуни ту маъное надорад. Пас бо ман бош,танҳоям магузор, ки дар ин сахнаҳои пурпечу тоби зиндагӣ метарсам. Эй фариштаи ман идат муборак, бигузор Модар ҳамарӯза болои сарамон бошӣ, чунки ягона ёдгории Падар бар мо ҳасти. "Зинда бош, эй Модари биҳиштиям!"
То ба кай шабзиндадори мекашӣ.
То ба кай хорию зори мекашӣ.
То ба кай андар ғами фарзанди худ.
Модари ҷон беқарори мекашӣ.
|