МОДАРИ ҶОНАМ КУҶОСТ?
| 18.10.2015, 09:27 |
- Осмонам абрпўшу барфу боронам куҷост,
- Сина моломоли дард аст, ашки чашмонам куҷост.
- Даст кўтоҳ аст, гирам аз гиребони фалак,
- Бурд аз ман ғамгусорам, модари ҷонам куҷост.
- Ман ҳама розу ниёзам бо ту, модар, доштам,
- Пеши Яздон шукрҳои бешуморе доштам.
- Гар зи мулкам дур мондам, гарчӣ зиндонӣ шудам,
- То ту будӣ ғам набудам, ғамгусоре доштам.
- Тарк кардӣ ин ҷаҳонро, бар кӣ созам нолаам,
- Ман зи дунё мондаам, озурдаву бечораам.
- Бо кӣ гўям рози дилро, баски танҳо мондаам,
- Нест чун ту марҳаме баҳри дили садпораам.
- Модари ҷон, ҳар нафас, ҳар рўз ёдат мекунам,
- Ман зи қисмат ноламу худро маломат мекунам.
- Чун нагаштам лоиқи бар роҳи охир бурданат,
- Ёди симои базебат то қиёмат мекунам.
|
Категория: Шеърхои Точики | Добавил: Liser
|
Просмотров: 39 | Загрузок: 10756
| Рейтинг: 0.0/0 |
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[
Регистрация |
Вход ]