МОДАР, МАРО БУБАХШ!
| 18.10.2015, 09:27 |
- Бубахшо, модаро, гар метавонӣ,
- Хатои ман туро орад гаронӣ.
- Худам ҳам дар азобам, вой бар ман,
- Намудам ҳайф даврони ҷавонӣ.
- Падар дуру бародар нотавон аст,
- Fамам бар дўши ту бори гарон аст.
- Куҷо ёбӣ ҳисоби кори фарзанд,
- Асирам, мўҳлати ман бекарон аст.
- Ба роҳам ҳамсари ман интизор аст,
- Ҷигарбандам Муҳаммад беқарор аст.
- Чӣ созам қисматам, гар талх бошад,
- Фақат ғусса насиб аз рўзгор аст.
- Ба ғайри модарам дигар надидам,
- Касе, ки фикри ман дорад ҳамин дам.
- Падар бошад паси кори замона,
- Манам танҳо, ба танҳоӣ асирам.
- Падар хуб аст, модар беҳтарин аст,
- Ба фарзандаш вафодору қарин аст.
- Ба худ гирад ғаму сўзи ҷигарбанд,
- Ба дарди қалби ман ў ҳамнишин аст.
|
Категория: Шеърхои Точики | Добавил: Liser
|
Просмотров: 41 | Загрузок: 10756
| Рейтинг: 0.0/0 |
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[
Регистрация |
Вход ]