Главная » Файлы » Шеърхои Точики

МОДАР
18.10.2015, 09:27

 

 

  1. Дарду аламат бори гарон, модарҷон,
  2. Дар ботини ту чӣ ғам ниҳон, модарҷон.
  3. Бар сабру таҳаммули ту кас ҳайрон аст,
  4. Баҳри дили ту чӣ бекарон, модарҷон.
  5. Бо амри Худо аз ту ҳаёт оғоз аст,
  6. Дар шири сафедат қудрати эъҷоз аст.
  7. Ҳар хандаи кўдакат туро рўҳ орад,
  8. Бо аллаи ту хоб чӣ хоби ноз аст.
  9. Модар ба ҷаҳон нест маро чун ту анис,
  10. Номи ту муқаддас аст бар аҳли тамиз.
  11. Ҳар кӣ нарасад ба қадри ту гумроҳ аст,
  12. Бар хурду калон, халқи ҷаҳонӣ ту азиз. 

 

Категория: Шеърхои Точики | Добавил: Liser
Просмотров: 50 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]