"Меравам, аз ошёни мармаринат,"
Меравам, аз кулбаи меҳрофаринат.
Меравам, аз кӯйи орзуҳои холӣ,
Меравам, аз пуштаи ғамофаринат.
Меравам, то ки туро бадбахт насозам,
Меравам, то зиндагият сард насозам.
Гарчи ҳасти ту бароям яккаву зор,
Номи ишқро, то абад пургард насозам.
Меравам, бо он ҳама мерҳу вафоят,
Меравам, бо қисмати дардошноят.
Меравам, то ин ки ту хушбахт бошӣ,
Зиндагию бахтро хоҳам бароят.
Ту маро ҳеҷ гоҳ магӯ, ки носазоям,
Дар раҳи ишқу муҳаббат бевафоям.
Гарчи рафтам, аз барат хомӯш имрӯз,
Бахти ширинро бихоҳам ман бароят.
Шоядо қисмат, маро гар бо ту орад,
Бахту фирӯзӣ ато созам ба поят.
Доманатро сар надиҳам, он замон ман,
То дами маргам бигардам ҷонфизоят
|