Главная » Файлы » Шеърхои Точики

Интизорам
20.10.2015, 20:27

Ту имрӯз бо хаёли ман,
Шабонро рӯз месозӣ
Миёни ҷамъи дӯстонат,
Зи ишқи ман ту менозӣ.
Ҳама шаб аз фироқат ман,
Саропо сӯхта беморам,
Чаро боре намегӯӣ,
Туро ман дӯст медорам.
Ҳамеша интизорам ман,
Ки ёрам боз меояд.
Ҳамеша бо ғаму ҳасрат,
Ду чашмам роҳ мепояд.
Ба ёди он бути зебо,
Интизор гашта саргардон.
Вале ин дарди ишқат ёр,
Надорад ҳеҷ гоҳ дармон.

Категория: Шеърхои Точики | Добавил: Liser
Просмотров: 42 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]