Главная » Файлы » Шеърхои Точики |
ГУРЕЗОНӢ
18.10.2015, 09:45 | |
Ало ай додаи Оллоҳ, аз ёрат гурезонӣ, Магар қалби ту сангин аст, ё худ номусалмонӣ. Дилозорӣ набуда расми ошиқ, раҳм кун охир, Чаро ин қадр, ҷонам, ашки чашмонам бирезонӣ. Ба дасти туст хушбахтии ман, ай сарви дилозор, Ҷамолатро намоён кун, маро камтар бидеҳ озор. Садоят бишнавад мурғи дилам парвоз бинмояд, Намеойӣ суроғам ё зи ман, ҷонам, шудӣ безор. Ба роҳат дидаам чору макун қалбам ғамин дигар, Намеёбӣ чу ман дилдода дар рўйи замин дигар. Ба як лабханди зебоят фидо созам ҳаётамро, Канори мардуми нолоиқи беғам машин дигар.
| |
Просмотров: 45 | Загрузок: 10756 | |
Всего комментариев: 0 | |