Главная » Файлы » Шеърхои Точики |
ГАЗАЛХО АЗ ХОФИЗИ ШЕРОЗИ
08.02.2015, 16:49 | |
ГАЗАЛХО АЗ ХОФИЗИ ШЕРОЗИ
То зи майхонаву май ному нишон хоҳад буд, Сари мо хоки раҳи пири муғон хоҳад буд. Ҳалқаи пири муғон аз азалам дар гўш аст, Бар ҳамонем, ки будему ҳамон хоҳад буд Бар сари турбати мо чун гузарӣ, ҳиммат хоҳ, Ки зиёратгаҳи риндони чаҳон хоҳад буд. Бирав, эй зоҳиди худбин, ки зи чашми ману ту ,Рози ин парда ниҳон асту ниҳон хоҳад буд. Турки ошиқкуши ман маст бурун рафт имрўз, То дигар хуни кӣ аз дида равон хоҳад буд. Чашмам он дам, ки зи шавқи ту ниҳад сарба лаҳад, То дами субҳи қиёмат нигарон хоҳад буд. Бахти Ҳофиз гар аз ин гуна мадад фармояд, Зулфи маъшуқа ба дасти дигарон хоҳад буд. Корам зи даври чарх ба домон намерасад, Хун шуд дилам зи дарду ба дармон намерасад. Бо хоки роҳ рост шудам, лек ҳамчунон, То обрў намеравадам, нон намерасад. Пайпорае намеканам аз ҳеч устухон, То сад ҳазор захм ба дандон намерасад. Серам зи чони худ ба дили ростон, вале Бечораро чӣ чора, чу фармон намерасад. Аз орзуст гашта гаронбори ғам дилам, Оваҳ, ки орзуи ман арзон намерасад. Яъқубро ду дида зи ҳасрат сафед шуд, Овозае зи Миср ба Канъон намерасад. Аз ҳашмат аҳли чаҳл ба Кайвон расидаанд, Чуз оҳи аҳли фазл ба Кайвон намерасад. Аз дастбурди чаври фалак аҳли фазлро, Ин ғусса бас, ки даст сўйи ҷон намерасад. То сад ҳазор хор намерўяд аз замин, Аз гулбуне гуле ба гулистон намерасад. Суфӣ, бишўй занги дили худ ба оби май, К-аз шустушўйи хирқаат ғуфрон намерасад. Ҳофиз, сабур бош, ки дар ошиқӣ, Ҳар кас, ки чон надод, ба чонон намерасад. ![]() Он ёр, к-аз ў хонаи мо чойи парӣ буд, Сар то қадамаш чун парӣ аз айб барӣ буд. Дил гуфт фурўкаш кунам ин шаҳр ба бўяш, Бечора надонист, ки ёраш сафарӣ буд. Танҳо на зи рози дили ман парда барафтод, То буд фалак, шеваи ў пардадарӣ буд. Манзури хирадманди ман он моҳ, ки ўро, Бо ҳусни адаб шеваи соҳибназарӣ буд. Аз чанги манаш ахтари бадмеҳр бадар бурд, Оре, чӣ кунам, давлати даври қамарӣ буд. Узре бинеҳ, эй дил, ки ту дарвешиву ўро, Дар мамлакати ҳусн сари точварӣ буд. Авқоти хуш он буд, ки бо дўст ба сар рафт, Боқӣ ҳама беҳосиливу бехабарӣ буд. Хуш буд лаби обу гулу сабзаву насрин, Афсўс, ки он ганчи равон раҳгузарӣ буд. Худро бикуш, эй булбул, аз ин рашк, ки гулро, Бо боди сабо вақти саҳар чилвагарӣ буд. Ҳар ганчи саодат, ки Худо дод ба Ҳофиз, Аз юмни дуои шабу вирди саҳарӣ буд. Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд, Ё тан расад ба чонон ё чон зи тан барояд. Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар, К-аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд. Бинмой рух, ки халқе вола шаванду ҳайрон, Бикшой лаб, ки фарёд аз марду зан барояд. Чон бар лаб асту ҳасрат дар дил, ки аз лабонаш Нагрифта ҳеч коме чон аз бадан барояд, Аз ҳасрати даҳонаш омад ба танг чона, ![]() | |
Просмотров: 1434 | Загрузок: 10756 | |
Всего комментариев: 0 | |