Главная » Файлы » Шеърхои Точики |
ДИЛИ САДПОРААМ
18.10.2015, 09:45 | |
Сўзиши шамъе бимонад сўзиши қалбам ниҳон, Об гардад лаҳза-лаҳза андарунам ноаён. Мефишорад синаамро дардҳои зиндагӣ, Нобарориҳои умру ҳаҷри ёри меҳрубон. Нестам танҳои дунё, гирди ман пуродам аст, Офтобам нурфишону дар самоям ахтар аст. Дурии ту нозанинам, ормони дидаам, Мерабояд хоб аз чашму ҳаётам ахгар аст. Надорам тоқати ғам, дурият бошад гарон, Ашки чашмам тар намуда бистарамро ёри ҷон. Сар ба болин гиряму дарди дилам пинҳон кунам, То нагардад мотами ман ханда баҳри нокасон. Нури ту танҳо кунад равшан даруни хонаам, Косаи сабрам лаболаб гаштаву бечораам. Раҳм бинмо як замон, андешаи ҷонам бикун, Дар барам о, марҳаме шав бар дили садпораам. | |
Просмотров: 44 | Загрузок: 10756 | |
Всего комментариев: 0 | |