Бевафо Ёрам Шеър
| 17.10.2015, 20:03 |
- Ба сар дорам ҳавои дидани номеҳрубон ёрам,
- Чаро раҳме надорад, мегурезад, дода озорам?
- Маро заҳри ҷудоӣ қатра-қатра ҷон ба лаб овард,
- Давои дарди ман дур аст, кунун бе ҳуда афғонам.
- Накардам бад, чаро аз ман гурезонӣ парипайкар,
- Намо раҳме ба ҳоли ман, мадеҳ беҳуда озорам.
- Нигар, ҷоно, даруни синаам холист ҷои ту,
- Биё як лаҳза пешам шин, ки бошӣ рафъи хумморам.
- Куҷо донӣ, ки аз дурии ту рангам хазон гаштаст,
- Биё, бо ман бимон умре, ки ман инро сазоворам.
- Шикорам кардаӣ, бар гарданам бастӣ каманди ишқ,
- Гурезонӣ кунун, наздам намеойӣ камондорам.
- Ҳама ранҷу азобам як назар пешам намемонад,
- Ту гар ойӣ канорам, эй гули наврастаи боғам.
- Шамими гесўвонат дар машоми Шаҳриёрат монд,
- Агарчӣ моҳҳо дурӣ зи пешам, бевафо ёрам.
|
Категория: Шеърхои Точики | Добавил: Liser
|
Просмотров: 62 | Загрузок: 10756
| Рейтинг: 0.0/0 |
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[
Регистрация |
Вход ]