Главная » Файлы » Шеърхои Точики |
БАҲОРАМ РАФТ
18.10.2015, 09:45 | |
Тирамоҳ омад, баҳорам рафт, рафт, Фасли сабзу беғуборам рафт, рафт. Зард шуд ранги рухам мисли хазон, Барги сабзи рўзгорам рафт, рафт. Навҷавоне бо қади боло будам, Соҳиби молу зару коло будам. Гарди пирӣ рехт бар мўи сарам, Орзуи бисёрам рафт, рафт. Хам шуда қомат маро мисли камон, Нест аз он навҷавон акнун нишон. Рўи ман ожанги пирӣ лона монд, Хандаҳои беғуборам рафт, рафт. Месароям ман кунун аз бандагӣ, Нест дилгармӣ дигар дар зиндагӣ. Хоб рафт аз чашму ку осудагӣ, Меҳрубон бемордорам рафт, рафт.
| |
Просмотров: 48 | Загрузок: 10756 | |
Всего комментариев: 0 | |