БАҲОР АСТ
| 18.10.2015, 09:27 |
- Канори дашту кўҳҳо сабзазор аст,
- Шукуфта боғу саҳро лолазор аст.
- Садои чаҳ-чаҳи мурғи хушилҳом,
- Баҳор аст ин, баҳор аст ин, баҳор аст.
- Ба рўи барги гулҳо ашки борон,
- Фараҳафзо насими кўҳсорон.
- Табиат зинда шуд, бингар чӣ зебост,
- Баҳор аст ин, баҳор аст ин, баҳор аст.
- Чаро имрўз қалбам беқарор аст,
- Маро ҳар лаҳза майли кўи ёр аст.
- Дилам чун мавҷи дарё мехурўшад,
- Баҳор аст ин, баҳор аст ин, баҳор аст.
- Найи чўпонӣ орад савти дилсўз,
- Таҷаллӣ шуд ба мулкам иди Наврўз.
- Равон шуд сўи саҳро марди деҳқон,
- Гулистон шуд диёри мо, гулистон.
|
Категория: Шеърхои Точики | Добавил: Liser
|
Просмотров: 34 | Загрузок: 10756
| Рейтинг: 0.0/0 |
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[
Регистрация |
Вход ]