Главная » Файлы » Олами Китоб » Киссахои Исломи Читайте

ТАЛОҚ ДОДАН РАВОСТ АЗ НИГОХИ ИСЛОМ
15.03.2015, 08:43

ТАЛОҚ ДОДАН РАВОСТ АЗ НИГОХИ ИСЛОМ

Солҳои охир шумораи талоқ миёни навхонадорон афзудааст, ки боиси ташвиш мебошад. Ҷавонон ҳангоми ихтилофу ҷанҷол, бе ягон фикру андеша, ба эҳсосот дода шуда, ҳамсарашонро талоқ дода, хонаводаашонро барбод медиҳанд. Мутаассифона, онҳо оқибати ногувори ин амали худро намеандешанд. Пас аз чанд муддат аз кардаи хеш пушаймон шуда ба чор тараф медаванд, то чорае ёфта, ҳамсарашонро ба хона баргардонанд. Дар як ҳадиси Расули Акрам (салаллох алайхи ва салам) омадааст: «Абғазул ҳалоли индаллоҳит талоҳу» (Баддидатарин ҳалол дар назди Худованд талоқ аст).

Ба ҳазрати Муҳаммад (салаллох алайхи ва салам) хабар доданд, ки Абуайюби Ансорӣ мехоҳад ҳамсараш Умми Аюбро талоқ диҳад. Паёмбар (салаллох алайхи ва салам), ки Умми Айюбро мешинохт ва медонист, ки ин нияти ҷудошавӣ бо як сабаби ночиз аст, фармуд: «Талоқи Умми Аюб гуноҳи бузургест».

Дар ҳадиси дигар омадааст: « Ҷабраил (а) он қадар ба ман дар бораи зан таъкиду тавсия кард, ки гумон кардам талоқи зан ғайр аз вақте ки даст ба кори фаҳш бизанад сазовор нест».

Мардон бояд ҳамеша кӯшиш кунанд, ки худро аз талоқ дур нигоҳ доранд. Тавре аз аҳодиси боло бармеояд, Ислом мухолифи талоқбозӣ буда, онро дар ҳолати ночорӣ ҷоиз медонад.

Худованд дар Қуръони Маҷид амр кардааст, ки «Ва ъашируҳунна бил маъруфи» (Ба занон ба равиши нек зиндагӣ кунед). Ҳазрати Муҳаммад (с) бар мардон риояи ҳуқуқи занонро маслиҳат додаанд: «Дар ҳаққи занон таҷовуз накунед. Онҳо дар ҳама кор ёварони шумоянд. Онҳоро бо амри Худованд гирифтаед. Ҳақ Таъоло онҳоро ба шумоён (бо никоҳ) ҳалол гардонидааст».

Расули Худо (с) дар муносибат бо ҳамсарон намунаи ибрат буданд ва ҳамеша мардону занонро ба созиш намудан ба ахлоқи ҳамсар даъват мекарданд: «Касе ба бадфеълии занаш сабр кунад, Аллоҳ Таъоло ба он кас савоби Айюб (а)-ро медиҳад. Инчунин зане, ки ба бадфеълии шавҳараш тоқат кунад, ба он зан савоби зани Фиръавн – ҳазрати Осиёро дода мешавад».

Дини мубини Ислом кӯшиш кардааст, ки ноҷавонмардию талоқҳои бемаврид аз миён раваду мардон ҳамсарони худро хуб нигаҳдорӣ кунанд. Ба хотири пешгирии талоқ дар ояти 35, сураи «Нисо» чунин таъкид шудааст: «Агар хавфи онро дошта бошед, ки миёни зану шавҳар хунукию ҷудоӣ меафтад, як нафар довар аз хонадори мард ва як нафар довар аз хонадони зан барангезед. Агар доварон нияти ислоҳ дошта бошанд, Худованд миёни онҳо тавфиқ эҷод мекунад. Аллоҳ донову бохабар аст».

Ислом ҳеҷ гоҳ ба мардон иҷозат намедиҳад, ки аз талоқ сӯистифода кунанд ва занро ҳамчун маҳбус нигоҳ доранд.

Имом Ҷаъфари Содиқ (р) мефармояд: «Ҳеҷ чиз дар пешгоҳи илоҳӣ монанди талоқ мабғуз (баддидашуда) ва манфур нест».

Дар «Маснавии маънавӣ ба ҳамин маънӣ омадааст:

То тавонӣ по манеҳ андар фироқ,

«Абғазул ашёи инди атталоқ»

Хуб мешуд имомони масоҷид ва уламои мӯҳтарам дар якҷоягӣ бо намояндагиҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, инчунин мақомоти маҳаллӣ бо мардум мулоқот карда муқаддас будани оилаву одоби оиладориро мефаҳмониданд. Дарси «Маърифати оиладорӣ»-ро дар макотиби миёна ҷоннок бояд кард. Агар ба ин воситаҳо оилаеро обод нигоҳ дорему аз вайроншавӣ ҳифз кунем, Худованд аз мо хушнуд мешавад.

Дини мубини ислом тарафдори издивоҷи маҷбурӣ нест ва мо пайравони он набояд фаромӯш созем, ки ҳангоми ҷуфт намудани ду мусалмон аввал бояд розигии онҳоро пурсем ва фикри эшонро ба назар гирем. Дар хотима ҳикоятеро аз рӯзгори паёмбарони бузурги дини Ислом дар бораи мавзӯи матраҳнамудаамон оварданиям. Боварии қавӣ дорам, ки аз фоида холӣ нест.

Вақте ки арабҳо Эронро забт намуданд духтари шоҳи Эрон Шаҳроро ба асорат гирифтанд, чун Абӯбакр ҷамоли ин бонуро дид майли издивоҷ намуд. Шаҳроро таклифи халифаро шунида ҷавоб дод, ки ту пирӣ ман ба ту намерасам!

Абӯбакр аз беҳурматии ӯ дар қаҳр шуда фармон медиҳад, ки ӯро қатл кунанд, аммо Ҳазрати Алӣ хунбаҳояшро дода Шаҳроро ба манзилаш мебарад.

Рӯзе Шаҳроро ба Ҳазрати Алӣ мегӯяд: ба ман умед мабанд, ки ҷуз Ҳусейн касеро ба шавҳарӣ намепазирам. Ҳазрат ин суханони духтарро шунида, хутбаи никоҳи Эмом Ҳусайн ва Шаҳророро худаш хонда ба бунёди оилаи эшон саҳм мегузорад. Баъд аз ин пайванд писаре ба дунё меояд бо номи Алӣ ва мулаққаб ба Зайнулобиддин, ки яке аз авлиёҳои бузурги олами мусалмон ба шумор меравад.

Категория: Киссахои Исломи Читайте | Добавил: barfimo
Просмотров: 502 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]