Главная » Файлы » Олами Китоб » Киссахои Исломи Читайте

ширк чист?
20.09.2014, 00:17
 

Пас ширк чист? 

Он сарф кардани намуде аз намудҳои ибодат ба ғайри Худо мебошад, агарчи ба фариштаи муқарраб, авлиё, олим, обид, сардор, бут, дарахт, офтоб, моҳтоб, дирҳаму динор ва ё пайрави кардани нафс. Ба сабаби чизҳои дар боло зикршуда бисёре аз мардум ба Парвардигори хеш мушрик мегарданд. 
Пас касе, ки аз ғайри Худо ҳоҷат пурсад, аз ғайри (аз шахси ғоиб ё мурда) ёрдам пурсад ва ё талаби мадад намояд, ё эътиқод бар он кунад, ки ғайри Худо фоидаро ҷалб мекунаду зарарро дур месозад, ё ба касал шифо медиҳад, ғоибро ҳозир мекунад ва ё мазлумро нусрат медиҳад, дар ҳақиқат ба Худои пок аз шарик, ширк овардааст. 
Худованд фармудааст:


{إِنَّ الشِّرْكَ لَظُلْمٌ عَظِيمٌ} 
لقمان:13 

“Албатта ширк бузургтарин зулм мебошад”. 
Сураи Лукмон,13 
Гуноҳи бузург будани ширк дар он, ки инсон бе тавба вафот кунад, Худованд онро намебахшад. 
Бо далели талаби шафоъат ва ё васила ҷустан, ин эътикоди дар боло зикршударо низ иҷро карданаш раво набошад. Зеро мушриконе, ки ғайри Худоро парастиш мекарданд, далели онҳо низ талаби шафоъат ва василаю восита буд. 
Чи тавре, ки Худои таъоло хабар медиҳад:

{مَا نَعْبُدُهُمْ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَا إِلَى اللَّهِ زُلْفَى} 
سورة الزمر: 3 

“Барои он ибодат мекунем, то моро (бут, санг, маъбудони ботил) ба Худо наздик кунанд”. 
Сураи аз-Зумар,3. 
Далели дигар:

{وَيَعْبُدُونَ مِن دُونِ اللّهِ مَا لاَ يَضُرُّهُمْ وَلاَ يَنفَعُهُمْ وَيَقُولُونَ هَـؤُلاء شُفَعَاؤُنَا عِندَ اللّهِ } 
سورة يونس: 18 

“Ғайр аз Худо он чизе, ки зарарро дур намекунад ва фоидаро ҷалб намекунад, ибодат мекунанд ва мегуянд: Онҳо шафоаткунандаи моёнанд, дар назди Аллоҳ”. 
Сураи Юнус 18. 
Ва яке аз намудҳои ширк ба ғайри Худо назру қурбони кардан аст, ки иҷрои он дар назди қабру мазори солеҳон мушоҳида карда мешавад. Қурбони (хуни ҷонварро баровардан) хос барои Худованд мебошад. 
Далел бар ин, фармудаи Худованд аст:

{فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَانْحَرْ} 
[سورة الكوثر:2] 

“Пас хос барои Парвардигорат намоз гузор ва барои Ў қурбони кун”. 
Сураи ал-Кавсар: 2. 
Чи гунае, ки ба ғайри Худо саҷдаву намоз хондан ширк бошад, ҳамин тавр ба ғайри Худо қурбониву назр кардан низ ширк мебошад. Аз ин ҷост, ки Расули акрам саллаллоуҳ алайҳи саллам фармудаанд:

"أَلَا فَلَا تَتَّخِذُوا الْقُبُورَ مَسَاجِدَ إِنِّي أَنْهَاكُمْ عَنْ ذَلِكَ" 
(رواه مسلم). 

“Огоҳ бошед! қабрҳоро барои худ масҷид қарор надиҳед! Ба дурусти, ки ман шуморо аз он манъ мекунам”. 
(Ривояти Имом Муслим) 
Ширк бар ду қисм аст: Ширки акбар ва ширки асғар. 
Мисолҳои ширки акбар дар боло зикр кардем. 
Мисоли ширки асғар (хурд), ба ғайри Худо (пир, мазор, нон, дастархон...) қасам хурдан. 
Ибни Умар мардеро шунид, ки ба каъбатуллоҳ қасам мехўрд, пас барояш гуфт, ба ғайри Худо қасам махўр, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васалламро чунин шунидам:

"من حلف بغير الله فقد أشرك" 
(صحيح، رواه أحمد) 

“Касе, ки ба ғайри Худо қасам хурад, дар ҳақиқат кофир шудааст ва ширк овардааст”. 
(Ривояти Имом Амҳад, саҳеҳ) 
Риё низ аз ҷумлаи ширки асғар мебошад. Риё: амале, ки инсон дар иҷроаш таърифу мадҳи дигаронро талаб мекунад. Ба мисоли шахсе, ки таълим мегирад, то мардум ўро олим гўянд, хайрот мекунад, то мардум дасткушод гўянд. 
Паёмбар алайҳис салом мефармоянд:

"إِنَّ أَخْوَفَ مَا أَخَافُ عَلَيْكُمْ الشِّرْكُ الْأَصْغَرُ". قَالُوا وَمَا الشِّرْكُ الْأَصْغَرُ يَا رَسُولَ اللَّهِ قَالَ الرِّيَاءُ" 
(رواه أحمد) 

«Сахттарин чизе, ки бароятон метарсам, он ширки асғар аст». 
Вақте, ки аз он суол карда шуданд, фармуданд, ширки асғар, риё аст. 

(Ривояти Имом Аҳмад, саҳеҳ). 
Ширки Акбар соҳибашро (агар аз дунё бе тавба бимирад) дар дўзах абади боқи мегузорад. 
Чи тавре, ки Худои бузург хабар медиҳад:

{إِنَّ اللّهَ لاَ يَغْفِرُ أَن يُشْرَكَ بِهِ وَيَغْفِرُ مَا دُونَ ذَلِكَ لِمَن يَشَاءُ} 
[سورة النساء:48] 

"Худованд ширкро намебахшад ва ғайр аз ширк гуноҳони дигарро барои касе бихоҳад, мебахшад". 
(Сураи Нисо:48) 
Аммо ширки асғар бошад, роҳест, ки инсонро ба ширки Акбар мерасонад. 
Абдуллоҳ ибни Масъуд (Худо аз ў рози бод) гуфтаанд:

«Ба ман бар дурўғ ба Худованд қасам хўрдан беҳтар аст аз он, ки ба ғайри Худо ба рости қасам хўрам».

Дар ин ҷо бузургии гуноҳи ба ғайри Худо қасам хўрданро мефаҳмонанд. Овезон намудан ва ё гирифтани донаи хармўҳра, наъли асп, дандони гург (ва ё дигар ҳайвон), ҳазориспанд (исриқ), тўмор ва монанди онро аз барои нарасидани чашм ва ё кушоиши кор ҷоиз нест, на барои ҳимоя аз чашм ва на барои чизи дигар. 
Зеро Худованд мефармояд:


{وَإِن يَمْسَسْكَ اللّهُ بِضُرٍّ فَلاَ كَاشِفَ لَهُ إِلاَّ هُوَ} 
[سورة الأنعام:17] 

«Агар Худованд ба ту сахтиву ранҷеро бирасонад, пас касе ё чизе наметавонад, ки онро дафъ кунад, магар Аллоҳ таъоло». 
(Сураи Анъом:17) 
Дар ҳадис омадааст:

"من علق تميمة فقد أشرك" 
(صحيح، رواه أحمد) 

«Касе тўмореро овезад дар ҳақиқат (ба Худованд) ширк овардааст». 
(тўмор: ҳар чизе, ки ба қасди аз чашм нигаҳ доштан ва ё ба нияти чизи дигар овехта шавад). (Саҳеҳ, ривояти Аҳмад.) 
Тамима, ҳар он чизест, ки барои хушбахти, кушоиши кор, дур намудани зарари чашм, бемори, тарс ва ё ғаму андўҳ овехта шавад. Аммо дар бораи тўмор уламо ихтилоф намудаанд. 
Агар ончи дар тўмор навишта шудааст, танҳо оятҳои қуръони ва ё аҳодиси руқия бошад, баъзеҳо гуфтаанд, ки боке надорад, вале аксарият бар онанд, ки тарк кардани он беҳтар аст. Вале агар он чи дар тўмор навишта шудааст, ғайри оёт ва ё аҳодиси руқия бошад тамоми уламо иттифоқ доранд, ки он ҳаром ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо ширк ҳисобида мешавад. Ба мисли калимоти нофаҳмо, нақшҳои аҷиб ва арқому ҳуруфи абҷади, ки онро бахшиёну фолбинон ва ё ҷодугарон менависанд. 
Паёмбарамон алайҳис салом фармудаанд:

"من أتي عرافا او كاهنا فصدقه بما يقول فقد كفر بما انزل علي محمد" 
(صحيح رواه أحمد) 

«Шахсе назди фолбин ва бахши ояд пас гуфтаҳои ўро тасдиқ намояд, дар ҳақиқат инкор намудааст ончиро, ки ба Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи васаллам) фурўд омадааст, яъне Қуръонро». 
(Ривояти Имом Амҳад, саҳеҳ)
Категория: Киссахои Исломи Читайте | Добавил: s-82
Просмотров: 543 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 3.5/2
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]