Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам пешвои бузург ҳамеша дар фикри уммат ва лашкари он ва аҳли байти худ ва гоҳе бо ваҳй ва гоҳе бо ибодат машғул буд. Ин амалҳои бузургаст, лекин ҳарки ҳар якашро бачо меовард ва аз ҳисоби ибодат ба дигар чониб зарар намерасонид ва ё баръакс. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам корҳои бисёре дошт, лекин бо вучуди он дар қалби худ чой гузошта буд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо шахсони хурдсол бози мекард ва ҳазл мекард ва ба дили онҳо хурсанди меовард. Инчунин бо бузургон низ ҳазл мекард.
Аз Абўҳурайра ривоят аст, гуфт: Эй Паёмбари Худо ту бо мо ҳазл мекуни.
Гуфт: "Бале, лекин ман фақат ҳақро мегўям".
Ва аз ҳазлҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ончи Анас ривоят кардааст.
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам рўзе ба ман гуфт: "Эй дугўша".
Абўдовуд
Аз Анас, Уми Сулаймро писаре буд, номаш Абў Умайр, паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гоҳе бо ў ҳазл мекард. Рўзе даромад то ки бо ў ҳазл кунад ва ўро дар ҳолати хафаги ёфт, пас гуфт: "Барои чи ман Абу Умайрро хафа мебинам? " Гуфтанд: Гунчишке, ки бо он (Абу Умайр) бози мекар мурд. Баъд Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: "Эй Абу Умайр гунчишк чи кор кард? "
Бухори ва Муслим.
Аз Анасривоят шудааст, ки Марде буд аз бодия, ки номаш Зоҳир, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ўро хеле дўст медошт. Рўзе Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ўро дид, ки чизе мефурўхт. Аз қафояш омада ўро оғўш кард, ў Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро надид ва гуфт: Сар деҳ, ин ки? Пас дид, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дигар парвое накард. Сипас паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: "Ки ғулом мехарад? " Гуфт: Эй паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам маро ночиз меёбанд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: "Лекин ту дар назди Худо қиммати".
Аҳмад.
Ҳазрати Оиша мегўяд: "Ман паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро боре ҳам надидам, ки хандида бошад, то ки ашкҳояш дида шаванд, балки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам табассум мекард".
Бухори ва Муслим.
Бо он ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам муомилаи хуб дошт, агар касе муртакиби ҳаром шавад, паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ғазабнок мешуд. Чи хеле ки Оиша разияллоҳу анҳо мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз сафаре омад, ман ғуломеро, ки дорои сурат буд ба болои чизе партофта будам. Вақте Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам онро дид, онро дарронид ва рангаш таъғир ёфт ва гуфт: "Эй Оиша сахтарин азоб дар назди Худо, рўзи қиёмат онҳое, ки сурат мекашанд".
Бухори ва Муслим.
Ин ривоят бар ҳаром будани гузоштани сурат дар хона, хусусан суратҳое, ки овехта шудаанд ва ҳайкалҳое, ки дар хонаҳо гузошта мешавад, далолатмекунад.
Ва инчунин ин суратҳо ва ҳайкалҳо монеъаҳои дохилшавии фариштаҳои раҳмат ба хонаи шахс мешавад.
|