Рӯзе ҳазрати Мӯсо (а) рӯй ба боргоҳи малакутии Худованд кард ва аз даргоҳаш дархост намуд: Бор Илоҳо! Мехоҳам, бадтарин бандаатро бибинам.
Нидо омад: субҳи зуд ба вурудии шаҳр бирав, аввалин касе ки аз шаҳр хориҷ шуд, ӯ бадтарин бандаи ман аст.
Ҳазрати Мӯсо (а) субҳи рӯзи баъд ба дари вурудии шаҳр рафт, падаре бо фарзандаш аввалин касоне буданд, ки аз шаҳр хориҷ шуданд.
Пас аз бозгашт, рӯй ба даргоҳи Худованд кард ва зимни тақдими сипос аз иҷобати хостааш, арза дошт: Бор Илоҳо! Ҳол мехоҳам, беҳтарин бандаатро бибинам.
Нидо омад: охири шаб ба дари вурудии шаҳр бирав, охирин нафаре, ки вориди шаҳр шавад, ӯ беҳтарин бандаи ман аст.
Ҳангоме ки шаб шуд, ҳазрати Мӯсо (а) ба дари вурудии шаҳр рафт, дид, охирин нафаре, ки аз дари шаҳр ворид шуд, ҳамон падар ва фарзандаш аст.
Рӯй ба даргоҳи Худованд, бо таъаҷҷуб ва дармондагӣ арза дошт: Худовандо! Чӣ гуна мумкин аст бадтарин ва беҳтарин бандаат як нафар бошад?!
Нидо омад: эй Мӯсо! Ин банда, ки субҳҳангом мехост бо фарзандаш аз дар хориҷ шавад, бадтарин бандаи ман буд, аммо иттифоқе рух дод ва ӯ аз беҳтарин бандаҳои ман гардид.
Достон аз ин қарор аст, ки дар роҳ, ҳангоме ки нигоҳи фарзандаш ба кӯҳҳои азим уфтод, аз падараш пурсид: падар! Бузургтар аз ин кӯҳҳо чизе ҳаст?
Падар гуфт: бале, замин.
Фарзанд пурсид: бузургтар аз замин чизе ҳаст?
Падар посух дод: бале, осмонҳо.
Фарзанд пурсид: оё бузургтар аз осмонҳо ҳам чизе ёфт мешавад?
Падар, дар ҳоле ки ба фарзандаш нигоҳ мекард, ашк аз дидагонаш ҷорӣ шуд ва гуфт: фарзандам! Гуноҳони падарат аз осмонҳо низ бузургтар аст.
Фарзанд пурсид: падар! Оё бузургтар аз гуноҳони ту чизе ҳаст?
Падар бо як нигоҳи умедворона гуфт: азизам! Меҳрубонӣ ва бахшандагии Худованд бузургтар ва азимтар аз ҳама чиз аст!