Главная » Файлы » Олами Китоб » Киссахои Исломи Читайте

Маслиҳати донишманд
30.12.2014, 15:08

Маслиҳати донишманд

img_mas

Ҷавоне назди яке аз донишмандон рафт ва аз ӯ пурсид, ки оё мешавад Паёмбари Худо(с)-ро дар хоб дид?
Донишманд гуфт: дар ҳақиқат мехоҳӣ ҷамоли Паёмбари Худо(с)-ро дар хоб бубинӣ?
Ҷавон гуфт: бисёр мехоҳам Паёмбар(с)-ро дар хоб бубинам.
Донишманд гуфт: ин ки чизи мушкиле нест, бисёр ба осонӣ метавонӣ ӯро дар хоб бубинӣ.
Ҷавон гуфт: чи гуна?
Донишманд: агар ба гуфтаҳои ман чи гуна, ки мегӯям амал кунӣ?
Ҷавон: ман розиям.
Донишманд гуфт: имрӯз ба хонаат баргард ва нисфирӯзӣ аз гушти гусфанд гуштбирёни шуру тез карда бихур, аммо як қатра об ва ё чой нахур. Ҳамин гуна бегоҳ ҳам гуштбирёни шуру тез бихур ва кушиш кун як қатра об ба даҳонат нагузошта ба хоб равӣ.
Ҷавон гуфт: танҳо ҳамин?
Донишманд: танҳо ҳамин.
Ҷавон ба хонааш баргашта, нисфирӯзӣ гуштбирёни бомазза карда бо мурчу қаламфур хурд, ҳамин гуна бегоҳ ҳам як бори дигар аз ҳамон хуроки бомаззааш хурду пас аз чанд лаҳзае сар ба бистар гузошт.
Лаҳза ба лаҳза ташнагияш зиёд мешуду ҷавон аз ташнагии зиёд бетоқат гашта хобаш намебурд, аммо мабодо, ки аз дидори Паёмбар(с) маҳрум гардад тоқат карду дар ниҳоят хоб бар ӯ ғалаба намуд. Ҷавон фардо субҳ ба назди донишманд рафт, донишманд аз ӯ пурсид: акнун бигӯед, ки Паёмбари Худо(с)-ро дар хобат дидӣ?
Ҷавон гуфт: не, надидам.
Донишманд: пас чӣ дидӣ?
Дар хоб худамро дидам, ки дар дарёе оббозӣ мекунам, об мехурам, аз осмон борон меборад, сел меояд, аз ҳама ҷои замин чашмаҳо мебарояд, ман фақат об мехурам, ба ҳар куҷо, ки менигарам чизе ғайр аз об намебинам, ҳама хобам об буду оббозӣ, ва чуноне, ки шумо гуфтед нашуд, чизе аз Паёмбари Худо(с)-ро надидам.
Донишманд гуфт: эй ҷавони зебо! Акнун дидед? Агар чуноне, ки тамоми фикру хаёлат дар об буд ба фикри Паёмбари Худо(с) мебуд ва чуноне, ки аз ташнагӣ барои об хурдан бетоқатӣ мекардӣ, барои дидани Паёмбар(с) бетоқатӣ мекардӣ ҳатман ӯ (с)- ро дар хобат медидӣ.
Эй фарзандам! Агар мехоҳӣ Паёмбари Худо(с)-ро дар хоб бубинӣ бояд ҳамаи хобу хаёлат дар ӯ бошад ва чизе дигар ғайр аз ӯ дар фикри ту набошад. Дар ин сурат Худованд туро ба дидани ӯ (с) мушарраф мегардонад, ва касе, ки ӯро дар хоб бубинад, дар ҳақиқат ӯро дидааст. Худи ӯ (с) мефармояд: «Касе маро дар хоб бубинад, маро дар бедорӣ мебинад, шайтон худро ба ман ҳаммонанд намекунад»

Категория: Киссахои Исломи Читайте | Добавил: s-82
Просмотров: 479 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]