Главная » Файлы » Олами Китоб » Киссахои Исломи Читайте |
30.12.2014, 15:06 | |
Худовандо моро дасти диҳанда деҳ
![]() Рӯзе олиме ҳамроҳи шогирдаш аз канори киштзоре мегузаштанд, шогирд кафши кӯҳнаеро дид ва фахмид, ки ин аз кадом одами камбағале аст ва ба устодаш гуфт: Биё имрӯз як кори шӯхие кунем. Донишманд пурсид, ки чӣ кор? Шогирд гуфт, ки кафшҳои ин одамро пинҳон мекунем ва ӯ кафшҳояшро хеле мекобад. Донишманд нигоҳе карда гуфт: Ту одами сарватманд ҳастӣ ва як коре кун, ки бароят дуои хайре кунад то хушбахт гардӣ. Шогирд пурсид, чӣ кор кунам? Устод гуфт: Дар дохили кафшҳои ин шахс каме пул гузор, вақте мебинад дар ҳақат дуои хайр мекунад. Шогирд қабул карда, дирҳамҳооро гузошту як ҷо пинҳон шуда нигоҳ мекард. Вақте ин шахс омад мехост кафшҳояшро пӯшад дид, ки даруни кафшҳояш пул аст, каме ин сӯву он сӯ нигоҳе карда, пулҳоро дар ҷайбаш монда ба зону зада рӯяшро сӯи осмон карда дуо кард, ки Парвардигоро ман сипосгузорам, ту медонӣ, ки ҳамсари ман бемор асту фарзандонам нони хӯрдан надоранд, ту ману фарзандонамро аз ҳалокат наҷот додӣ ва мегиристу сипосгузорӣ мекард. Донишманд шогирдашро пурсид: Ҳоло худатро хушбахт эхсос намекунӣ магар, аз ин ки кафшҳояшро пинҳон мекардӣ? Ҷавон мутаасир шуда гуфт: Ҳоло ман маънои бахшишро фаҳмидам ва ба ёд овардам сухани Худовандро, ки мегӯяд: (ﻩﻭﺪﺠﺗ ﺮﻴﺧ ﻦﻣ ﻢﻜﺴﻔﻧﻷ ﻮﻣﺪﻘﺗ ﺎﻣﻭ ﺍﺮﺟﺃ ﻢﻈﻋﺍﻭ ﺍﺮﻴﺧ ﻮﻫ ﻪﻠﻟﺍ ﺪﻨﻋ ) (Ва он чизе, ки пеш мефиристед барои худатон аз некие ӯро назди Худованд меёбед. Ӯ беҳтар ва подоши бештаре дорад.) Худовандо моро дасти диҳанда деҳ. | |
Просмотров: 611 | Загрузок: 10756 | |
Всего комментариев: 0 | |