Главная » Файлы » Олами Китоб » Киссахои Исломи Читайте

Фалсафаи қурбонӣ. Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.
30.12.2014, 15:05

Фалсафаи қурбонӣ. Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.

img_ism

Даҳуми моҳи зулҳиҷҷа тамоми мусулмонони ҷаҳон Иди Қурбонро таҷлил менамоянд. Иди Қурбон дар олами Ислом бо забонҳои зиёд бо номҳои зиёде мисли Ид-ул-аҳзо, Қурбон-Байрам, Қурбони Ахтар, Бара Ид ёд мешавад. Аммо, маъмултарин номи ин ид Ид-ул-Акбар, ё Ид-ул-Кабир мебошад. Аз ин ду номи бештар маъмул маълум мегардад, ки Иди Қурбон бузургтарин ҷашнвораи динӣ дар тақвими Ислом аст. Бояд ёдовар шуд, ки аз соли дуввуми ҳиҷрӣ (623) сар карда, то имрӯз мусулмонон бо шукӯҳу шаҳомати бисёр хос ин рӯзро истиқбол мекунанду ҷашн мегиранд.

Вале, маълум аст, ки ин суннат, яъне суннати қурбонӣ таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дошта, решааш ба яке аз паёмбарони улулазми Худованд Ҳазрати Иброҳими Халилуллоҳ (ъ), ки аз тарафи пайравони се дини бузурги ҷаҳонӣ, яъне яҳудӣ, масеҳӣ ва ислом эътироф шудааст, робитаву пайвастагӣ дорад ва аз ин рӯ, суннати қурбонӣ чун суннати Иброҳимӣ низ маъруф аст.

Фикр мекунам, ки дар асари ба роҳ мондани таълимоти мазҳабӣ ва инчунин дастрасии васеъ пайдо кардан бар маводи мазҳаби аксари мардум аз қиссаи қуръонии Иброҳиму Исмоил, ки суннати қурбонӣ аз ин қисса маншаъ мегирад, огоҳ ҳастанд ва аз ин лиҳоз, аз бозгӯву баёни ботафсили ин қисса худдорӣ намуда, фақат ба таври хеле мухтасар ёдовар мешавам, ки назар ба ривоятҳо Ҳазрати Иброҳим гарчанде, ки солҳои зиёде бо завҷаи маҳбубаш Сора мезист, вале фарзанд надошт ва ӯ бо иҷозаи Сора бо умеди ёфтани фарзанд бо канизе бо номи Хочара (р) издивоҷ кард. Худованд ба Хазрати Иброҳим аз Хочара (р) фарзанд ато намуд. Вале рӯзе Иброҳим (ъ), дар хобаш дид, ки Парвардигор амраш мекунад, ки эй Иброҳим! Бархез ва фарзанди азизат, Исмоил (ъ)-ро ба қатл бирасон. Ҳазрати Иброҳим, сахар бедор шуд ва ба ин хобаш бовар накард. Шаби дуюм ҳамчунин хобро дид, аммо боз бовар накард. Шабе сеюм ҳам хоб дид, ки Худованд амраш мекунад, ки эй Иброҳим! Бархез ва фарзанди дӯструякатро қурбонӣ кун. Иброхим (ъ), саҳар аз хобаш бархест ва ба занаш Хочара (р), чунин гуфт: Хочара! Исмоъилро таҳорат бидеҳ ва либосҳои покашро пӯшон, зеро мо ҳарду ба хонаи як дӯстам ба меҳмонӣ меравем. Хочара аз қатли Исмоили ба ҷон баробараш, хабар надошт. Либосҳои тозае ба Исмоил пӯшонид ва сарашро шона карда, ҳамроҳи падараш ба сафар фиристонид. Иброҳим бошад, пинҳонӣ аз Исмоил як банде ва як корди калонеро ҳамроҳи худ гирифт, аммо Исмоил аз чизе хабар надошт ва пешопеши падараш бозикунон ба меҳмонӣ мерафтанд. Аҷаб як тифли пок ва хушрафторе буд. Вақте ки дар роҳ рафтанд, хаста шуданд. Хостанд дамгиранд. Нишаста буданд, ки Шайтон аз як ҷое пайдо шуд ва ба Исмоил гуфт: Эй Исмоил куҷо меравед? Исмоил гуфт: ҳамроҳи падарам ба хонаи дӯсташ ба меҳмонӣ меравем. Шайтон хандид ва гуфт: Падарат туро барои қатл кардан мебарад, аммо ту хабар надорӣ? Исмоъил гуфт: То ҳол ягон падар фарзанди ширинашро накуштааст, пас падари ман чаро маро мекушад? Не ин гуна нест. Исмоил бовар накард. Иброҳим ба тарафи Исмоил гуфт: Эй фарзанди ширинам! Он шахсе, ки бо ӯ сӯҳбат дорӣ, Шайтон аст ва туро фиреб медиҳад. Хам шав аз замин ҳафт дона санге бигир ва ба тарафи Шайтон парто то ноумед шавад. Исмоил ба тарафи Шайтон ҳафт дона санге партофт. Хулоса, роҳро давом дода ба як саҳрое расиданд. Исмоил аз падараш пурсид: Падарҷон он хонае, ки мо меҳмонӣ мерафтем ҳаминҷост? Падари Исмоил бошад аз ин суоли писараш дар фикр фурӯ рафт ва ҳакиқати ҳодисаро нақл карда, бо обҳои чашм ва чигарҳои реш-реш чунин гуфт: Фарзанди ширинам! Дирӯз Худованд дар хобам ба ман гуфт, ки фарзанди хурдсолат, Исмоилро қурбонӣ кун. Ман барои он туро гуфтам, ки ба хонаи дӯстам ба мехмонӣ меравем, то модарат дарак наёбад. Иброҳим ба тарафи ҷигаргӯшаи худ назар кард ва гуфт: Эй ҷони ширин! Оё ту дар фармудаи Худо розӣ ҳастӣ, то сари туро аз танат ҷудо кунам? Исмоили хурдсол чунин гуфт: Эй падарчон, агар амри Худо бошад, пас вақтро нагузарон, биё маро қурбонӣ кун, то Худованд хушнуд шавад ва ман фарзанди сабркунанда ҳастам. Вақте ки Иброҳим (ъ), хост, ки фарзанди ба ҷон баробарашро қурбонӣ кунад, пас фарзандаш пеш аз қурбонӣ кардан, чунин шартҳоро ба падараш гузошт ва гуфт: 1. Падарҷон! Вақте ки сари маро аз танам ҷудо мекунӣ, пас пешонии маро ба замин гузор, то рӯи якдигарро набинем, зеро меҳри падариву фарзандӣ дар диламон ҷӯш мезанад ва шояд ту маро кушта натонӣ. 2. Вақте ки ба хона бар гаштӣ ин либосҳои пур аз хуни маро ба назди модари ширинам бубар, то ёдоварӣ аз фарзанди хурдсолаш бимонад. 3. Вақте ки фасли баҳор мешавад ва ту ба гулҳои сурхи лола назар мекунӣ, пас аз хуни сурхи фарзанди хеш ёдоварӣ кун. 4.Пеш аз куштан, дасту пои маро мустаҳкам бубанд, то дасту по назанам ва хуни ман ба либосҳои покат напарад, зеро бенамоз мешавӣ. Исмоили ширинсухан, ин чор насиҳатро ба падараш кард ва қурбонӣ карданро оғоз карданд. Иброҳим (ъ), фарзанди азизашро ба замин хобонид ва корде, ки ҳамроҳаш дошт, бо тамоми қувва ба гардани Исмоили хурдсол зад. Аммо бо амри Худо, ин шамшери тез, гардани Исмоилро намебурид. Иброҳим бошад қаҳраш омад ва ин кордро ба як санги калоне зад, ки санг ду пора шуд. Иброҳим ба сӯи шамшер гуфт: Чаро сангро мебурӣ ва гӯштро немебурӣ? Бо қудрати Илоҳӣ, шамшер ба забон омад ва гуфт: Аз ҷониби Худо ба ман амр аст, ки гардани Исмоили хурдсолро набур, пас чӣ гуна бибурам? Дар ин ҳангом, Ҷабраил (ъ) дар дасташ як гӯсфанди калоне, ба пеши Иброҳим ва Исмоил омад ва гуфт: Эй Иброҳим! Акнун ту аз имтиҳони Парвардигор гузаштӣ, пас дар ҷои фарзанди ширинат, ин гӯсфандро қурбонӣ кун. Аз рӯзе, ки ҳазрати Иброҳим (ъ) ин гӯсфандро қурбонӣ кард, пас иди қурбон пайдо шуд.

Дар хотима, ҳамаи Шуморо бори дигар ба муносибати ин иди муқаддас табрику таҳният намуда, бароятон қуввати дил, сафои имон ва мисли Ҳазрати Иброҳиму Исмоил ҳиммати фармонбардорӣ таманно дорам. Омин ва ё раббилоламин.

Категория: Киссахои Исломи Читайте | Добавил: s-82
Просмотров: 446 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]