Главная » Файлы » Олами Китоб » Киссахои Исломи Читайте |
Духтарони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам
20.09.2014, 00:03 | |
Духтарони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам
Дар замони чоҳилият духтардор будан рузи сиёх буд. На фақат барои волидайн, балки барои оила ва кабила. Ва ҳол ба ҳамин оварда расонид, ки духтарони худро зинда ба гўр меандохтанд. Ва гўр кардани онҳо ба сурати хеле даҳшатнок сурат мегирифт, ки на ба раҳмат чой буду на ба муҳаббат. Ва аз чумлаи ин шахсоние буд, ки духтарашро мегузошт, то ин ки 6 сола шавад. Ва ба модараш мегуфт ки ўро зинат диҳад, то ин ки ба пеши тағоҳояш барам. Дар ҳоле ки дар саҳро чоҳе кофта монда буд. Назди он чоҳ мебурд ва мегуфт: Бубин ин чоҳро пас ба чоҳ мепартофт ва аз болояш хок мекашид. Ва дар байни ин қадар чоҳили, пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо ин қадар дини бузург омад, ки занро ҳамчун модар ва духтарро мукаррам кард. Барои онҳо паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам муҳаббати худро изхор мекард. Агар духтараш Фотима барои дидани паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ояд, аз чояш мехест ва аз дасташ гирифта аз пешониаш бўса мекард ва ба чои худаш менишинонд. Ва агар ў ба назди Фотима дарояд, Фотима низ ҳамин корро айнан мекард. (Ривояти Абудовуд, Тирмизи, Насои). Ба он ки паёмбар духтаронашро дўст медошту ба оншо икром мекард ба талоқи ду духтараш рози шуд. Умми Кулсум ва Руқайя, ки Утба ва Утайб ном писарони Абулаҳаб баъди нозил шудани сураи «Масад» онҳоро талок доданд. Ҳазрати Оиша разияллоҳу анҳо мегўяд: Мо занҳои пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар наздаш нишаста будем, ки Фотима омад. Роҳ гардиаш мисли паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд. Вақте, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ўро бинад мегуфт: Марҳабо ба духтарам ва ўро аз тарафи чап ё росташ мншинонид. Ва аз чумли муҳаббат ба духтаронаш ин буд, ки ба зиёрати онҳо мерафт ва ҳочатҳояшонро мебаровард. Рузе Фотима ба назди паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам омад, то ин ки шикоят кунад аз он машаққатҳое, ки дар корхояш медид. Ва аз ў ходиме талаб намуд, лекин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро дарёб накард. Ба Оиша гуфт. Вакте, ки пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам омад, Оиша хабар дод. Алй гуфт: Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба хонаи мо омад дар холе, ки мо дар бистар будем. Хостем, бархезем моро нагузошт. Пас гуфт: Оё далолат кунам шуморо ба коре, ки аз ходим ҳам беҳтар аст бароятон. Вақте ки ба бистари худ даромадед, 33 бор Субҳаналлоҳ 33 Алҳамдулиллоҳ ва 34 бор Аллоҳу Акбар бигўед, ки беҳтар аст барои шумо. (Бухори). Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои мо пешвои нек аст дар сабр.Томоми духтарони у дар вақти хаёти ў аз дунё гузаштанд магар Фотима. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам рўяшро наканд, куртаашро надаронид ва мотамҳои бузург барпо накард. Балки сабр кард ва ба тақдири Худо рози шуд ва ахд кард моро ба васияти бузурги худ. Бо аходиси худ ки таслия аст барои инсонҳои мусибатзада, ки дар ҳоли мусибат мегуянд: Инна лиллаҳи ва инна илайҳи рочиъун. Парвардигоро дар мусибатам ба ман ачр бидех ва барои ман аз он нектарашро ато кун. Магар ин ки Аллоҳ таъоло ба ў нектарашро ато кардааст. Худои таоло ин дуоро барои мусибат задаҳо паноҳгоҳ қарор додааст ва барои онҳо савобҳои бузург ато кардааст. | |
Просмотров: 610 | Загрузок: 10756 | |
Всего комментариев: 0 | |