Главная » Файлы » Олами Китоб » Киссахои Исломи Читайте |
30.12.2014, 15:02 | |
Чӣ тавр қалбҳо сиёҳ мешаванд?
![]() Такрори гуноҳ, оҳиста-оҳиста одамиро ба торикии рўҳӣ мебарад ва ба ҷойе мерасонад, ки гуноҳаш дар назараш ҳасанот ҷилвагар аст ва гоҳо ҳатто ба гуноҳаш ҳам ифтихор мекунад. Ва роҳҳои бозгашт ба сўяш баста мешавад. Шояд ин ҳолат бароятон пеш омада бошад, ки вақте нигоҳе ба худ карда бошӣ, ин саволҳо бароят эҷод шуда бошанд, ки чаро дучори афсурдагӣ шудаӣ? Ва чаро ризқу рўзият кам шуда бошад бо вуҷуди он, ки талош мекунӣ? Ва чаро ҳофизаат заъиф шуда, ва чаро, ки дар гузашта ҳолатҳои маънавии беҳтаре доштӣ ва ҳоло…? Қалби одамӣ ҳамчун ойина соф ва пок аст ва ҳар гуноҳе, ки анҷом медиҳад монанди нуқтаи сиёҳе аст, ки рўйи он ойина эҷод мешавад ва ҳарчанд гуноҳаш зиёд шавад ин нуқтаҳо бештар мешаванд, то он ҷое, ки саросари ин ойинаро сиёҳӣ фаро гирад. Гуноҳ дар зиндагии фард таъсироте мерасонад, ки донистани он шояд ба мо кўмак кунад, ҳушдор бошем, то дар доми шайтон наафтем ва олудаи гуноҳ нашавем. Вақте одамон дар мадори бандагии Худованд қадам бардоранд мушкилот ва мусибатҳои бисёре дар имон ба вуҷуд хоҳад омад ва ҳамвора дар ҳифз ва ҳаросати Худованд басар хоҳанд бурд. Дар сураи Шўро ояти, 30 Худованд чунин фармудааст: «Ҳар мусибате ба шумо расад ба хотири аъмоле аст, ки анҷом додаед…» қавои ақлӣ ва фикрии одамӣ пойдор ва собит нест, балки мутаносиб бо феълҳое, ки аз ў сар мезанад ин қаво шиддат ва заъифӣ пайдо мекунад, гуноҳ боиси заъиф шудани ақл ва фикри инсон мешавад, зеро ақлонияти инсон аз ҷинси нур аст ва гуноҳ тавлидкунандаи зулмат ва ин ду бо ҳам ҷамъ намешаванд. | |
Просмотров: 521 | Загрузок: 10756 | |
Всего комментариев: 0 | |