Марде ба сартарошхона даромад ва болои курсӣ нишаст, сартарош сони сафедро дар гардани мард баст ва гуфт:
Чӣ хел мӯи саратро паст кунам?
Мард гуфт: Бисмиллоҳ бигӯ ва оддӣ.
Сартарош гуфт: Охир чаро бисмиллоҳ, ва чӣ зарурате аст барои гуфтани бисмиллоҳ?
Мард гуфт: Танҳо хостам шумо ва худамро дар ибтидо ба зикри Худо ёдовар шавам.
Сартарош гуфт: Касе, ки ба вуҷуди Худо бовар надорад, чӣ зарурате ба гуфтани ин калима мемонад?
Мард: Яъне шумо мехоҳед бигӯед, ки ба Худо ва офаридагори ин ҳама ҳастиҳо бовар надоред?
Сартарош: Ҳамин тавр аст.
Мард: Чӣ гуна чунин суханеро дар сар мепарваред? Чӣ чизе туро аз бовар доштани ба Худо боздоштааст?
Сартарош: Бисёр пурсиши хуб. Бубин! Он қадар дур ҳам намеравем, вақте ба кӯча мебарои дарҳол дарк мекунӣ, ки Худо вуҷуд надорад.
Мард: Аҷиб, чӣ гуфтан мехоҳӣ?
Сартарош: Зеро агар Худо вуҷуд медошт ин қадар мардумони бемор дида намешуд. Оё агар Худо вуҷуд медошт ин қадар кӯдакони ятиму нокас вуҷуд медошт? Агар Худо вуҷуд медошт ҳаргиз чунин чизҳо дида намешуд.
Мард дид, ки сартарош инсоне аст, ки аклаш танҳо дар чашмонаш аст, бинобар хомӯш шуд то ин ки корашро ба поён расонад. Ӯ аз сартарошхона баромад ва марди чанда ва муйдарозеро дид ва ӯро ба назди сартарошхона овард ва гуфт шумо як лаҳза пушти дар мунтазир шавед. Мард назди сартарош даромад ва гуфт: Оё ту медонӣ, ки ҳеҷ саратарош дар ин шаҳр вуҷуд надорад?
Сартарош хандае зада ба тааҷҷуб гуфт: Чӣ… чӣ мегӯӣ? Охир чанд дақиқа пеш сари туро натарошида будам? Чӣ ман сартарош нестам?
Мард гуфт: Як лаҳза, марди муйдарози чандаро ба наздаш даровард ва гуфт: Агар саратарош вуҷуд медошт ин гуна ашхос дар ин шаҳр дида намешуд.
Сартарош гуфт: Агар ин мард ба назди сартарош наояд ва сарашро тамиз надиҳад ба ман чӣ рабте дорад?
Мард гуфт: Акнун дидед? Ҳамин гуна аст, Худо вуҷуд дорад, аммо мардум барои рафъи ниёзҳояшон ба назди Ӯ таъоло намеоянд.
Сартарош лаҳзае хомӯш шуд ва гуфт: Яъне ман то ин замон такя ба акли худ мекардам ва аз ҳақиқат ноогоҳ будаам? Намедонам чӣ гуна туро шукргузорӣ кунам, дар ҳақиқат чашмонамро кушодӣ.