Главная » Файлы » Ишк-Любовь » Статусхои Ошикона

Cтатусҳо
27.04.2015, 09:42

Мастӣ барад ба пастӣ.

Умри саъат дароз асту, ҳаёти одамӣ кӯтоҳ.

Аз як даст садо намебарояд.

Аз пашша фил масоз.

Марг беҳ аз расвоӣ.

Ваъда додӣ вафо кун, қавл додӣ иҷро кун.

Аввал бубин ҷои худ баъд бимон пои худ.

Қатра-қатра ҷамъ шавад, дарё шавад.

Бе ранҷ наояд ба даст ганҷ.

Дуд бе оташ намешавад.

Поёни шаби сиёҳ сафед аст.

Meҳнатро бисёр кун гапро кам.

Бисёр донистан нишонаи доногӣ нест.

Майдон аз далер аст.

Дер ояду, шер ояд.

Кам гӯю, бисёр кун.

Кори имрӯзаро ба фардо нагузор.

Либоси зебо, ин ақлу одоби инсон нест .

Аз ҷав ҷав рӯяду, аз гандум гандум.

To тавакал накунӣ, чизе ба даст наёрӣ.

Ҳар кор вақту соат дорат. Осиёб бо навбат.

Оҳанро дар гармиаш мекубанд.

Ба кӯрпаат нигоҳ карда, пой дароз кун.

Гуруснагӣ табобати беҳтарин аст.

Рузӣ бину, аз рӯзгор омӯз.

Хоки ватан аз мулки Сулаймон беҳтар.

Кори саросемагӣ, боиси ханда аст.

Меҳнат кунӣ роҳат мебинӣ.

Кори шаб хандаи рӯз.

Тани сиҳат гавҳари ноёб.

Охири ханда-гиря.

Ҳамеша зиндадил бош.

Сухан бисёр дону андаке гӯй. Якеро сад магӯй, садро яке гӯй.

Аз фикри як кас, фикри ду кас беҳтар аст.

Кай думи уштур ба замин мерасад.

Акли солим беҳ аз пули бисёр.

Каҳрат биёяд, биниатро газ.

***

Ҳамеша Ҳақ бо касе нест, ки беҳтар сухан мегӯяд.

Бӯсаҳои дуздида ҳамеша ширинанд.

Ҳар касе нигаҳбони шарофати хеш аст.

Барои инки бузург бошӣ, аввал кӯчак бош.

Ҳоҷат модари ихтироъ аст.

Он чиро, ки қалам зӯраш мерасад, шамшер тавони онро надорад.

Устод будан дар як фан беҳтар аз он аст, ки шахс дар сад кор дахолат кунад ва ҳеҷ якро ба хубӣ надонад.

Беҳтарин сабаб қалби инсон аз, беҳтарин омӯзгор замон аст, беҳтарин китоб ҷаҳон аст ва беҳтарин дӯст Худованд аст.

Фақат марди оқил сарватманди воқеӣ аст.

Аҳмақ, ки ба даст шамшер дошта бошад худро эмин надон.

Аз бадии касе, ки ба ў некӣ кардаи дар ҳазар бош.

Беҳтар аст дубора савол кунӣ, то инки як роҳи иштибоҳ биравӣ.

Ҳар иштибоҳеро иллате аст.

Дар ваъда суст ва дар вафо тез бош.

Қалбат дунёи туст.

Ҳар кас метавонад худкушӣ кунад, аммо ҳар фарде лаёқат надорад зиндагӣ кунад.

Ҳаргиз наметавонед бадиҳои худро бо хурдагирӣ аз дигарон бипӯшонед.

Фарди кунҷков дар нима роҳаи хирадмандӣ аст.

Ҳангоме, ки хашм ҳарф мезанад ақл чеҳраи худро мепушонад.

Зан ва шавҳар агар якдигарро бихоҳанд дар кулбаи вайрона ҳам зиндагӣ мекунанд.

Ваҳдат қувват мебахшад.

Лашкари гусфандонеро, ки як шер роҳбарӣ мекунад, метавонад бар лашкари шероне, ки як гусфанд ҳидоят мекунад пирӯз шавад.

Толеи ҳар кас ба дасти худаш аст.

Роз, ки аз се гуш гузашт дигар роз нест.

Хоби посбон чароғи дузд аст.

Касе, ки як бор маро фиреб медиҳад барои ӯ нанг аст, вале касе, ки ду бор маро фиреб медиҳад барои ман нанг аст.

Духтари оқил xавони фақирро ба пирамарди сарватманд тарxеҳ медиҳад.

Он касе, ки аз ранҷи зиндагӣ битарсад, аз тарс дар ранҷ хоҳад буд.

Одами дурусткор ба хотири як қитъа устухон худро ба саг табдил намекунад.

Марди чоплус як душмани махфӣ аст.

Он ки тӯҳмат мезанад, ҳазор бор мекушад ва қотил як бор.

Дӯстонро дар хилват сарзаниш кунед ва дар малои омм таҳсин.

Агар намедонӣ бипурс.

Офати саховатмандӣ исроф аст.

Сиришт, ки аз дар ронда шуд аз тиреза медарояд.

Касе, ки дар берун аз хона худро оқилтар аз муҳити хонааш нишон медиҳад, аҳмақе беш нест.

Онки ашкҳои як кӯдакро нахушконад, худ хоҳад гирист.

Дуруғгӯ ба фиреби дигарон шурӯъ мекунад ва ба фиреби худаш поён меёбад.

Бо қарз агар домод шудӣ бо ханда Худоҳофизӣ кун.

Забонатро нигоҳ дор ҷойгоҳат боло меравад.

Агар ба меҳмонии гург меравӣ саг ба ҳамроҳат бубар.

Одами хашмгин наметавонад ҳақиқатро бигӯяд.

Сари мор бурида шавад дигар як ресмон аст.

Оқил забонашро дар қалб ва аҳмақ дар даҳон ҷой додааст.

Касе, ки аз ранxи зиндагӣ битарсад, аз тарс дар ранx хоҳад буд.

Дунё пас аз марги мо чи дарё чи сароб.

Шароби бепулро ҳам қозӣ мехӯрад.

Шағол, ки аз боғ қаҳр кунад фоидаи боғбон аст.

Кӯр аз Худо чӣ мехоҳад? Ду чашми бино.

Бодовардаро бод мебарад.

Мурғашро куша гуфта намешавад.

Ҷавоби аблаҳ хомўшист.

Марг ба фақиру ғанӣ нигоҳ намекунад.

***

Васиятхои Луқмон

Намозро ҳамон гуна, ки шоиста аст ба ҷо ор.

Насиҳату андарзи дигаронро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накун.

Дар муқобили пешомадҳо шакибо бош!

Аз мардум рӯй нагардон ва бо онҳо беэътино набош!

Бо мардум бо ғуруру такаббур рафтор накун!

Дар маҷолис ангушт дар бинӣ наяндоз!

Розу асроратро назди худ нигоҳ дор!

Дӯстро дар ҳангоми сахтӣ озмоиш кун!

Бо бадон ва ҷоҳилон ҳамнишин нашав!

Бо донишмандон ҳамроҳ бош!

Дар касб ва кори нек ҷиддӣ бош!

Бар кӯтаҳфикрону заифон эътимод накун!

Бо оқилони имондор ҳамеша машварат кун!

Сухани санҷидаро баён кун!

Дӯсту ёронро эҳтиром кун!

Бо дӯсту душман хӯшахлоқ бош!

Харҷатро камтар аз даромадат дошта бош!

Ҷавонмардӣ ва гузаштро пеша кун!

То метавонӣ бо меҳмон меҳрубон бош!

Дар ҳангоми сухан гуфтан матин ва ором бош!

Ба кам хӯрдану кам гуфтан ва кам хуфтан худатро одат бидеҳ!

Ноомӯхта устодӣ накун!

Бо заъифон ва кӯдакон сирри худро дар миён нагзор!

Ҳамеша дар ёрӣ ва кумаки дигарон бош!

Аз бадон интизори некӣ ва мардонагӣ надошта бош!

Коре накун, ки ҷоҳилон бо ту ҷуръати густохӣ пайдо кунанд!

Фарзандам ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро ба Худованд шарик насоз.

Ба ҷуз Худованд ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро фармонраво ва фарёдраси хеш машмор!

Вуҷуди падару модаратро ғанимат бишмор!

Устодатро ҳамчун падар дӯст бидор!

Сарчашмаи зиштиҳоро дунёпарастӣ ва мастӣ ва нодонӣ бидон!

Агар биҳиштро металабӣ аз фасоду ситам ва гарданкашӣ парҳез кун!

Умрро барои амалу ибодат ва покию парҳезкорӣ ғанимат бидон!

Дар мол ва мақоми дигарон тамаъ накун!

Бо Худованд содиқ ва бо мардум боинсоф бош!

Дар ҳузури меҳмон бар касе хашм нагир!

Меҳмонро бар ҳеҷ коре дастур надеҳ!

Аз пеши дигарон ғизо ва мева барнадор!

Дар роҳ рафтан аз бузургон пешӣ нагир!

Аз мурдагон ба некӣ ёд кун!

Аз ҷангандозӣ ва хусумат парҳез кун!

Аз хостаҳои нобаҷои зан ва фарзандон пайравӣ накун!

Ҳурмати ҳар касро дар ҳадди худ нигоҳ дор!

Ҳеҷ касро пеши дигарон хиҷил ва расво накун!

Бо чашм ва абрӯ бо дигарон сухан нугӯ!

Ҳеҷ гоҳ покон ва парҳезгоронро ғайбат накун!

Худхоҳ ва мутакаббир набош!

Кори хуби дигаронро кори худ нишон надеҳ!

Бо падару модарат беҳтарин рафторро ихтиёр кун.

Бидон, ки ҳеҷ чиз аз Худованд пинҳон намемонад.

Бо мардум ором сухан бигӯ ва фарёд назан!

Андарзеро, ки ба дигарон медиҳӣ худат бештар амал кун!

Суханро ба андоза бигӯ!

Ҳаққи мардумро ба хубӣ адо кун!

Рӯзҳои ҷавониро ғанимат бишумор!

Марди дунё ва ҳам марди охират бош!

Дар маҷолис чашм ва забонро аз гуноҳ боз дор!

Назофатро ҳеҷгоҳ фаромӯш накун!

Дӯстон ва ҳамкешонатро ҳеҷгоҳ тарк накун!

Фарзандонатро дониш ва диндорӣ биёмӯз!

Ҳеҷ кореро пеш аз андеша ва тадбир анҷом надеҳ!

Кори нокардаро кардаи худ надон!

Бо бузургтар аз худ мазоҳ накун!

Бо бузургон сухани тӯлонӣ нагу!

Ҳолати хастагиро дар ҳузури дигарон зоҳир накун!

 

Категория: Статусхои Ошикона | Добавил: s-82
Просмотров: 495 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]