Азизи ман биё беморам имшаб
Ситора дар само мешморам имшаб.
Ман ки мурдам зи гам парво надори.
Туро ман бар худо меспорам имшаб.
Туро бар сина чо кардам ба чонам ошно кардам.
Маро аз худ бадар карди худо хофиз.
Ало ай рахнамои дил маро афканда пой бар гил.
Рахи худро дигар карди худо хофиз.

тарки ёри кардиву ман хамчунон ёрам туро.
Душмани чониву аз чон дусттар дорам туро.
гар ба сад хори чафо озурда сози хотирам.
Хотири нозук ба барги гул наёзорам туро.
То ту ба додам мерасй, оxам ба кайвон мерасад,
То ту ба kадрам мерасй, умрам ба поён мерасад.
То ёри роxам мешавй, аз роx берун мешавам,
То мушкил осон мекунй, сад марги осон мерасад.
То ёд меорй зи ман, бе ёд меафтам зи дард,

МУБОРАК ДОРАМ АКДИ НИКОХАТ.
МУБОРАК ДИЛБАРИ ЗЕБОИ МОХАТ.
МУХАББАТ ГАР ГУНАХ БОШАД АЗИЗАМ.
МУБОРАК БОШАД ИН РУЗИ ГУНОХАТ

Пазмони туам, вале ту пазмони дигар.
Курбони туам, вале ту курбони дигар.
Чун ноз кунй, ба чону дил макбулам,
Чонони манй, вале ту аз они дигар.
Бо ёди ту шаб, руз ба фармони туам,
Аммо ту чаро барои фармони дигар?

Имшаби ман боз бе огуши ту,
Андар огуши садокат мурд, мурд.
Ишки ман човид бимонад, то абад,
Мехри ту андар хиёнат мурд, мурд.

Менависам бар китоби чашми ту.
Бо каламхои нигохи гарми хеш.
Бех зи чонам дусттар дорам туро,
Мефишонам пеши поят калби реш.

Дар оғӯшат бисӯзон оташи ман,
Ба шарте синаат оташ бидорад.
Магар дар синаат хоҳиши ҷонсӯз,
Бароям ҳар чӣ хоҳам, он чӣ дорад?

Ҳуруфи ишқро дар дафтари ғам,
Паси ҳам чида-чида зор гирям.
Намояд нақши руйи ёри саркаш,
Қаламро баҳри ҳадя месупорам.

Ҳалқа месозад миёнатро ба шавқ гар ёри ту,
Ёд овар, ҳалқаҳои муйи ту дар гарданам.
Гар бубахшй накҳате дар бистари у аз висол,
Ёд овар, дар чудоиҳо ба фурқат мурданам.

Бусаҳои ёр хушкид дар лабонам, бок нест,
Сабз гардад боз рузе бусаҳои дигаре.
Зиндагй бо созҳояш, сузҳое дар бағал,
Аз балое бигзарам, ояд балои дигаре.

Чашм то барҳам задам, умрам зи сй бигзаштааст,
Гарчй дидам лаззате як, даҳ азоб омад мудом.
Боз ман навмед не, навмед шайтон асту бас,
Роҳи хуршедам бипоям, рузҳо то пайки шом.

Синаат болини ман буд, ин ки ин дам бе ман аст,
Инакам, болини ёри дигарат шуд, бок нест.
Боз поён мешавад ин шоми беболиниям,
Чуз Худо дар ин чаҳон аз тухми Одам тоқ нест.

|