Главная » Файлы » Барои Мактаббачахо » Зарбумасалхои Точики

Зинда будани ман аз бекафанӣ аст
01.05.2015, 18:25

Хамсояи наздик бех аз хеши дур

Себ аз дарахташ дур намеафтад

Кал чи дора як арра, Мегираву мепара

Дер ояду шер ояд

Моргазида аз ресмони ало метарсад

Дарро задам, девор кафид

Дил мекашад, пой меравад

Дара задам, девор кафид, афанди айвона дор!

Девор муш дорад, муш гӯш дорад

Кӯр чӣ сон асокаши кӯри дигар шавад?

Кафан киса надорад

Пирохани охирин киса надорад

Кӯзагар аз кӯзаи шикаста об мехӯрад

Поёни шаби сияҳ сафед аст

Ҳуши оча ба бача, ҳуши бача ба кӯча

Куза хар руз лаби об сихат рафта намеояд

Нав пеш ор, ки навро тароватест дигар

Об дар кузаву мо ташналабон мегардем

Дарро задам, девор кафид

Обро диди муза каш хаворо дида гуза

Ангура хуру богашро напурс

Оби дари хона лойолуд

Осмон баланд, замин сахт

Кур асояшро якбор гум мекунад

Сад задани сузангар, як задани охангар

Ба кал шонаву ба кур оина

Чойе, ки ошай, кал фаррошай

Шуши нахт бех аз дунбаи насия

Ба умеди оши хамсоя сабзй реза кардан

Панири бепул танхо дар дом мешавад

Пойи дар гашт гард меорад

Дарро задам девор кафид

Хонаи гург бе устахон нест

Хӯрдан барои зистан, на зистан барои хӯрдан

Аз як даст садо намебарояд

Тавбаи гург марг аст

Поёни шаби сияҳ сафед аст

Худо ба оне медиҳад, ки чандон дар орзуи ин набуд

Кӯр асояшро як бор гум мекунад

Мардикор шикам надорад

Бо дуои муш, намурд каломуш

Мард ба ишқ бозӣ кунад, зан бо ишқ зиндагӣ мекунад

Ёри девона-Худост

Ҳақиқат танҳо дар охират аст

Бо уммеди оши ҳамсоя шуда, турб натарош

Мусичаро чӣ мондааст ба яхмолакбозӣ

Гунчишка кушад, қассоб кушад

Биёмӯз, то биосоӣ

Ҳар кӣ бомаш беш, барфаш бештар

Ҷанги дӯстон то хушк шудани дока.

Таасуб ба ерон куни, куни коса вайрон куни

Ба гадо рӯйи хуш диҳӣ, дар талаби мерос мешавад

Гузаштаро салавот, ояндаро эҳтиёт

Дар сар шапка, дар дил салла

Зог гуфтааст, чон бачаи худам, ки аз хама хушру аст

Афандй хам хари худашро таъриф кардааст

Зог ба овози бул-бул таклид карда садои худашро хам фаромуш кард

Агар бинӣ набошад, ин чашм ин чашмро кофта мехӯрад

Чашме, ки надоррад назаре халкаи дом аст

Агар ҷавҳаршиносӣ, теғро урён тамошо кун

Гавхар дар зери об аст

Аз абри сиёҳу одами лаққӣ натарс, аз абри сафеду одами хаппакӣ битарс

Аз барои як нахӯд, оби ҳавза хӯрд

Абр агар аз кибла хезад сахт борон мешавад

Аз хисоби шоли кирмак об мехурад

Саломи подшоҳон бетамаъ нест

Ба чоҳе, ки об менӯшӣ, санг наандоз

Аз сари роҳи гови шохзан ва маст бигрез

Шабона ҳамаи гурбаҳо сиёҳанд

Рӯбоҳ ба хотири боғ ва катаки мурғҳо чапару шиғро салом мегӯяд

Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз, Кабутар бо кабутар, боз бо боз

Шикам мушовири бад аст

Кабули марг ва супоридани андоз

Инсони ганда монанди ангишт аст, агар насузонад, лоакал туро сиёх мекунад

Зан – бехтарин тарбиятгари мард

Боча бочро дуст медорад, гов кунчораро

Бӯйи мушк пинҳон намемонад

Гӯр ҷудову кафан ҷудо

Дар саҳро пахтаро шутур хӯрду дар шаҳр гӯши бофандаро буридаанд

Дӯсте, ки вафо накард, душман беҳ аз ӯ

Холаи ҳамакора, ҳама кораш нимкора

Давидани гӯсола то дари каҳдон

Пистаи бемағз агар лаб во кунад расво шавад

Адаб точи сари чумла хунархост

Душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадор

Душманата шакаркати куш

Гардани хамро шамшер намебурад

Такрор на ҳамеша модари дониш аст

Рӯзро набояд пеш аз фаро расидани шаб ситоиш кард

Ба харидор сад чашм камӣ мекунад, ба фурӯшанда як чашм кофист

Шиками гурусна гӯши суханшунав надорад

Гушна ба шер задаст

Маргелон рави нон гелида-гелида меояд?

Гуноҳ оғози ширин дораду оқибати талх

Бе пул суханат асар надорад

 

Пул бошад, дар чангал шӯрбо ҳаст

Баъд аз нисфирӯзӣ ақли ӯзбек медарояд

Сиёсат – зани ғар аст

Фақир нони хӯрдан надорад, сарватманд иштиҳо

Марди фақир хешонашро назар ба сарватманд хубтар мешиносад

Аввал хеш, баъд дарвеш

Соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост

Чупони бадхашм саги газандаро меписандад

Даст ба кор, дил ба ёр

Худкардаро даво нест

Умр агар хуш гузарад зиндагии Хизр кам аст

Гӯсолаи мешуданира аз пояш маълум аст

Хона нахар, ҳамсоя бихар

Гуфтагии муллоро куну кардагиашро накун

Дар даҳонаш атола намеистад

Аз дахонаш буи шир меояд

Аз бинӣ боло гап назан

Барои душмане, ки фирор мекунад купруки тиллои бисоз

Душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон

Душманро ба ин рӯз гирифтор накунад

Душманро бо шакар куштаанд

Донишҷӯ ҳафт меъда дорад

Эҳтиёҷ модари ихтироъ аст

Панде ба ҳазор сомонӣ арзон аст

Барои як бенамоз дари масҷидро намебанданд

Аз барои як бенамоз – гуристон дар азоб

Якаспаро ба садаспа кор афтодаст

Ба умеди Худо хам боши буттаро махкам дор

Феъли хара сохиби хар медонад

Сад дари баста, як дари кушода

Як гулу сад харидор

Қурбоққа шӯ дорад, обрӯ дорад

Дари касеро ба мушт назан, ки даратро бо лагат мезананд

Як гулро сад кас бӯ мекунад як кас мехарад

Шавҳар сарпӯши сари деги хона аст

Мувофиқи деги каҷ сарпуши каҷ

Гӯши кару рубоб

Гӯсолаи рихин подаро расво мекунад

Хушомад ба пайғамбари худо хуш омадааст

Боҳӣ макун бо Арбоб, ки мезанад бо ҳар боб

Бо думи шер бозӣ макун

Гадоро ҷаҳоне бубахшӣ боз ҳамон гадост

Уштурро бо кафлес об додан

Дасти шикаста дуруст мешавад аммо дили шикаста не

Шахси хасис ҳамеша камбағал аст

Гадо душмани гадо

Дузд дузда дар шаби торик ҳам мешиносад

Айёз кадри худатро шинос

Айёз ҳадди худро бишнос

Машав магас бар хони касс

Нопухта г,ура шуд

Дар дил хавасо дорам, дасти норасо дорам

Аз огили холия гови шохзан бех

Фуки гусолая банду аз паси очаш сар те

Кози зана барои худ мегираду минната ба мардум мекунад

Ин об агар тоза мебуд, руйи худатро мешусти

Номи калону шаҳри вайрон

То расидани табар кунда меосояд

Гов омад, гусола мехезад

Хамоне, ки дустон дорад, дуст надорад

Дусти – ин як дилест, ки дар ду тан зиндаги мекунад

Рост истода мурдан, бехтар аз бо зону нишаста зиндаги кардан аст

Вичдони тоза – болишти бехтарин аст

Сарро хамеша дил фиреб медихад

Сар бошад, тоқӣ бисёр

Лоф дар ғарибию г.з дар ғалоғула

Кар кура хандидаст

Пири бемористонест, ки хамаи касалихоро кабул мекунад

Ба каси солим бисёр чиз намерасад, ба бемор факат як чиз

Ҳазору як навъи беморӣ аст, аммо саломатӣ яктост

Бисёр талаб макун, ба кам зор шавӣ

Ними нон роҳати ҷон, як-то нон балои ҷон

Гушна нон хоб мебинад

Кал додари кӯр, мурдаи таги як гӯр

Чақ-чақ накун ба арбоб, ки мезанад ба ҳар боб

Нашинохтам, бой мешавед

Моли араб пеши араб

Бемор сиҳатро пуштора кардааст

Дода ба дар нигарад, надода ба девор

Дур бошӣ, банур бошӣ

Хасис кафани бепул ёбад, дарҳол мемурад

Ханданда харсавор шудааст

Эй лодаханд эй лодаханд, то кас нахандад ту наханд

Бе акли хам як акл аст

Замона касро дузд месозад

То ба касе марг талабӣ, ба худ умри дароз талаб

Банд меканаду гиреҳаш мемонад

Шоликор биринҷро аз ҳамсоя металабад

Мӯзадузи бемӯза

Хола гули лола – амма мори ала

Уқоб магас шикор намекунад

Кулол дар пиёлаи шикаста об менӯшад

Дандонковро кӣ созад, устояш

Гунҷишкро кӣ кушад, қассоб

Аз карнайчи як пуф

Пинҳонкор бадтар аз дузд аст

Хайвон ба сохибаш наравад, харом мемурад

Аҷали саг, ки расид дар девори Масҷид м…д

Девона ба кори худ х,ушёр аст

Мо дузд шавем махтобшаб мешавад

Дуздро каракчи задааст

Дузди зур сохиби гови алоро зур овардааст

Пурсидан айб нест, талбидан айб аст

Говдузду сузандузд харду баробаранд

Говдузди аз сузандузди сар мешавад

Зиндаги оинаро мухточи хокистар кунад, аз барои зар мусалмон хизмати кофар кунад

Агар афтодаеро набардори, аз холаш напурс

Аз навкиса карз нагир

Мард зарба хурад мефахмад, номард не

Сирри мардон пӯшида беҳ

Аз девори кач хазар

Аҷали моҳигир ба об, аҷали шикорчӣ ба кӯҳ

Баҳонаи зани беҳунар, ҳезуми тар

Лаззати дунё зану дандон бувад, бе зану дандон чахон зиндон бувад

Аввал калом, баъд таом

Кирми дарахт аз худи дарахт

Корд дастаи худро намебурад

Арзон бе иллат нест, қимат бе ҳикмат

Ба бод равад ҳар чӣ аз бод ояд

марда мард мекардаги хам зану номард мекардаги хам

Ба як мард чил хунар кам аст

Ба аспи хуб як қамчин, ба одами доно як сухан

Бодовардаро бод мебарад

Корҳо некӯ шавад, аммо ба сабр

Гургро ёд кунед, гург меояд

Кордро аввал ба худат зан, дард накунад, ба каси дигар зан

Дарахт бе реша намесабзад,одам бе илм

Осиёб рафти, ордолуд мешави, куча рафти хоколуд

Бо мох шини мох шави , бо дег шини сиёх

Номаша гиру гӯшаша каш

Гурусна нон хоб мебинад ташна об

Дузд шоҳ аст то даме ки боздошт нашавад

Шим ки дуто шуд фикри зани нав мекунӣ

Қарз мисли зан аст,гирифтораш ки шудӣ осон озод намешавӣ

Ба гурба ҷои гӯштро нишон намедиҳанд

Дар паси ҳар қатра ашк хандаест

Саг барои соҳибаш шер аст

Хушбахт касест, ки хизмати ёр кунад

Обро надида шиноро аз куҷо донӣ

Гар шиновар нести, по бар лаби дарё манех

Обро лой карда моҳӣ гирифтан

Мохи аз сараш мепусад

Касе ки ба танҳоӣ ғизо мехурад, бародари Шайтон аст

Як мавизро чил каландар хурдааст

Бигӯ бо ки дӯстӣ дорӣ, ман бигӯям ки кистӣ ту

Дустон оинаи якдигаранд

Худованд қасри бахтатро бо дастони худат месозад

Чаври устод бех аз мехри падар

Шоме бе саҳаре нест

Беадолатӣ дар атрофи адолат мечархад

Кӯзаи нава обаш хунук

Оби дари хона тира

Барои фаҳмидани инсон ду соат кифоят, барои фаҳмидани ҳайвон як умр намерасад

Абрро бонги саг зиён накунад

Наққош нақши сонӣ беҳтар кашад зи аввал

Аввали кор — бебарор

Аз инъоми нодон дашноми доно беҳ

Аз якини нодон гумони доно пеш

Тавбаи гург хеле зуд мемирад

Одами зинда ба зиндагӣ ниёз дорад

Тухмдузд шутурдузд мешавад

Вожаи аз даҳонат калонро истифода накун

Шакк – калиди дониш аст

Дарахтеро ки бароят соя медиҳад, мабур

Ҳар мард шоҳи риши худ мебошад

Туфи ҳар кас дар назари худаш хушмазза аст

Туфи кардаро намехуранд

Ҷоми аввал ва пас аз он мастӣ

Пашша мағозаи ширинифурӯширо тарк намекунад

Ба осмон туф кунӣ, ба рӯйи худат меафтад

кахри гадо зиёни гадо

Ҷаҳонгашта (ҷаҳондида) беҳ аз ҷаҳонхӯрда

Бахт агар хандад, хар асп мегардад

Мурғеро, ки дар ҳавост, набояд ба сих кашид

Одами хушмуомила шарики моли мардум аст

Музди харсаворӣ харчаронист

Ҳар мулкеву ҳар расме

Якпула савдо, садпула ғавғо

Ҳар маймун, ки зишттар аст, бозияш бештар аст

Гӯшвора азиз аст, гӯш аз он азизтар

Лоф дар ғурбату овоз дар бозори мисгарон

Мурғи ҳамсоя ғоз менамояд

Гунаҳро узр мешӯяд, ҷомаро об

Гунҷишкбача модари худро парвоз ёд медиҳад

Ба Луқмон ҳикматомӯзӣ ғалат аст

Як гунҷишк дар даст, беҳ аз сад гунҷишк дар сари дарахт

Гул бе хор нест

Ба гуфтаи худ кор кун, то ба гуфтаи ту кор кунанд

Нонро ба нархи рӯз бояд хӯрд

Ашки зан маътал ба ишора

Беҳунар дасти беҳунар мегирад

Гиряи зан дар нӯги остинаш

Элак бахона, дидор ганимат

Шаббедори рӯзкӯркун

Ашк дар лаҳзаи муносиб беҳтар аз хандаи ноҷост

Дузд бо дузду гург бо гург дӯстӣ мекунад

То абр нагиряд, дашту саҳро намехандад

Хонашери майдонғариб

Шуҷоат бидуни дурандешӣ монанди аспи кӯр аст

Аз кори майда ки шурӯъ кардӣ кори калон худаш баҷустуҷӯи ту меояд

Бори каҷ ба манзил намерасад

Ба ҷанги зану шавҳар остона хандидааст

Битарс аз онҳое ки аз Худо тарс надоранд

Сӯзан барои ҳама медӯзаду худ урён

Пир медонистагиро парй намедонад

Пирча пих занад – чуча р..х занад

Аз марди нодон бар хазар бош

Мероси падар хоҳӣ касби падар омӯз

Бо нек шинӣ нек шавӣ, бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ

Харбуза аз харбуза ранг мегирад

Куҳистонира накуш, хараша гир худаш мемурад

Мусича хост мисли зог кадам монад, аммо чатанаш даррид

Зани халиму доно марди дарвешро кунад подшох

Хона нахару хамсояи хуб хар

Хамсоя ба хакки Худо баробар

Меҳмон дусти Худост

Кадами номубораки Махмуд гар ба дарё расад барорад дуд

Аз дусти нодон, душмани доно бехтар аст

Дуруги маслихатомез бех аз рости фитнаангез

Забони ширин садақа аст

Вақти пирӣ — доғи мирӣ

Аз бими бало дида, худи бало беҳтар аст

То табар омадан кунда меосояд

Гандум корй гандум мегирй, чав корй – чав

Танбали падари камбагали

Ба сафари якрӯза — тӯшаи даҳрӯза

Тобистон ҷомаро фаромӯш накун, зимистон худат медонӣ

Сари хамро шамшер намебурад

Боре набувад гаронтар аз ор

Аз девона мепурсӣ, ки моҳ чанд

Бадмастро ба ғамзаи соқӣ ҳавола кун

Хонаи бехушдоман — майдони бе хошок

Чор пиру чор тадбир

Дарди кампир гуза

Домуллои хасаки бахона мекунад, ки мехроб танг аст

Дили ман – душмани манн

Бо дӯстон нону пиёз

Гадо медонад, ки мумсик кист

Кӯдакон ва аблаҳон ҳақиқатро мегӯянд

Ситоиши ҳазор аблаҳ ба сарзаниши як марди оқил намеарзад

Дардро пеши дардманд бигӯй

То дар таги ор мурдана дар таги кор мур

Дар баста — бало баста

Даст дастро мешиносад

Аз кафши танг побараҳна рафтан беҳтар аст

Дам ғанимат аст

Агар сари харро дар ташти зар хам бигири, дарозии гуши у гувохи хол аст

Булбул аз хушовозии худ гирифтори қафас аст

Дар деги чӯбин ҳалво намепазанд

Гур чудо гурхона чудо

Ду саг дар як табак намехурад

Ав-ави сагон кам накунад ризки гадоро

Саг душмани гадо

Гавгои сагон кам накунад ризки гадоро

Дафъи оташ касе ба оташ накунад

Гул гулро дида мешукуфад

Аввал чохро бикан баъд манораро бидузд

Ба ҳар куҷо равӣ, осмон як ранг аст

сайр хам сайр саргардони хам сайр

Ба боли дигарон парвоз натавон кард

Баъд аз тунду тез — қайла куну рез

Аввал пир баъд амир

Хар ки ханги шуд чавашро кам мекунанд

Гуноҳро узр шӯяд, ҷомаро об

Кал ҳам заду кӯр ҳам зад, пасмонда кулӯх ҳам зад

Аввал доман мегиранд, баъд гиребон

Даста дихи -оринча медоранд

Нодон худашро таъриф мекунад, доно аспашро

Ту ин гуиву ман он, кор мешавад вайрон

Гургро дӯхтан бояд омӯхт, ки он худ даридан некӯ донад

Аз мор шавад морбачча

Даст рохи дахонро гум намекунад

Аз зог хабари шум

Сари беҷанҷол сар нест

Чароғи ҳар кас дар хонаи худаш месӯзад

Шаробу шаробу шароб, охираш — хароб

Зан бало аст аммо худо кунад ки ягон хона бе бало набошад

Таом асту лаззат, ба шарте ки пазад

Фарзанди бад мисли ангушти шашум аст, ки агар буранд дард кунад ва агар бигзоранд айб бошад

Гургро духтан бояд омухт, ки у худ даридан неку донад

Аз гург не, аз одамони гургсират бояд тарсид

Мастй – барад ба пастй

Мастию ростй

Ҳам аз раззоқ, ҳам аз зоғ

Зогон хуранд меваи шохи баландро

Тӯшаи якрӯза чи дар дасту чи дар шикам

Нимтаи нон рохати чон

Лаззати дунё зану дандон бувад, бе зану дандон чахон зиндон бувад

Арус ки ба мо расид шаб кутох шуд

Мо дузд шудем шаб моҳтобй шуд

Шайтон устоди мард ва шогирди зан аст

Бихишт дар зери кудуми модарон аст

Ҷомаи бомаслиҳат на дароз, на кӯтоҳ

Уштура гуфтам ки гамза кун, полеза вайрон карду рафт

Оташро Шарт нест, ки бо оби соф хомуш кард, бо оби ифлос хам хомуш кардан мункин

Болинам замин бошад, ёрам нозанин бошад

Кал додари кур

Ниёзи Аз хук муй

Аз мурча мадад

Фалониро гурги гушна намехурад

Дар пушти беномус чинор сабзидаст, гуфтаст: -Монед соябони сарам

Нафс — балои ғурру ғафс

Хирс дар кӯҳ Бӯалӣ Синост

Дар хонаи мур шабнаме туфон аст

Об, ки аз сар гузашт чи як вачабу чи дах вачаб

Дар хушкй обдон

Ба лаби чуй ташна бурда, ташна меорад

Обро дида мӯза каш, ҳаворо дида ғӯза

Айб дар ош, ё дар мош?

Як шаб 1000 шаб нест

Душман чу бини нотавон, лоф аз бурути худ мазан

Ғам махур аз бепулӣ, Бепул, ки дарё бепул аст

Касе душман надорад, камбағал аст

Бахшиш кунад кунд дандони тез

Сабр талх аст мевааш ширин

Як пиёз деги калонро буй гирондааст

Пиёз чои худаш, сабзи чои худаш

Моргазидаро хоб мебaрад, гуруснаро не

Агар хоҳӣ, ки дарахти ҷавон рост сабзад, зарур аст, гоҳ-гоҳе шохаҳояшро зада кӯтоҳ намоӣ

Сарфаҷӯёна зистан беҳ аз мурдан дар фақру бадбахтӣ

 

Вақте ки ба қаъри чоҳ меафтӣ, танҳо як роҳ хоҳӣ дошт– ба боло

Сарфакори сари ошдон, беҳ аз бои Ҳиндустон

Бо ишқ агар ҳила кунӣ, мегурезад

Носуруда дар ҷаҳон нағмае нест, аммо ҳар саре овое дорад

Ё инсара ё онсара

Ҳар кӣ битвонад бо худаш бисозад, бо дигарон ҳам месозад

Он рӯз, ки башар ба рушди фикрӣ бирасад, эҳтиёҷе ба қонун нахоҳад буд

Хонаву палос, одаму либос

Лозимтарин ва бузургтарин илм он аст, ки моро хуб ва хушбахт кунад

Аз касе битарс ки, аз Худо наметарсад

Рафтани лаклакро чӣ мебинӣ, омадани онро бин

Ним кило бошу мард бош

Сар равад, сир наравад

Худоро вакти кудратмандиат ёд куни, Худо вакти очизиву мусибат, ёдат мекунад

Иғвогари холаҳо,ҷӯраи дугонаҳо.(Дар бораи ҷавоне, ки бо зану духтарон лаққиданро дӯст медорад)

Гушам кару солам хар

Шайхро ҳунар нест, Фейсбук бесоҳиб

Акли пайванд рахрав нест

Дил мекашад, по меравад

Аз маст сухан магир бар даст

Бе дарди саре нишаста будам, Пул додаму дарди сар харидам

Зебоӣ имтиёз дорад

Зебоӣ қурбонӣ металабад

Фейсбукро бастан осонасту дахони мардумро, мушкил

Чӣ басо, ки ба дарандагӣ номи ишқ мегузоранд

Хок гирӣ, аз тӯдаи калон гир

Агар хок ҳам ба сар мекунӣ, аз пойи тали баланд кун

Ошён гар мегузорӣ дар баландиҳо гузор

Аввал гиребони худатро бибуй, баъд аз дигаронро

Дониш андухтан барои бой шудан не, барои донишвар шудан аст

Агар қаҳрат ояд, биниятро газ

К,адаш дароз, аммо ақл дар таги пояш

Фаросот мисли каромот

Нағздидаат шуй шавад, Оби дидаат ч,уй шавад

Орзухо дорад дилам, Кунчи хона манзилам

Димоғи хушкро дармон бах,ор аст, Давои дарди сар зонуи ëр аст

Он ки натавонад ба ҳар чи дорад қонеъ бошад, ба ҳеч чиз қонеъ нахоҳад шуд

Неъмат он аст, ки моро хуш ва осуда кунад, на бечораву гирифтор

Сабза дар санг нарӯяд, боронро чӣ гуноҳ

Чизи худро эхтиёт куну хамсояро дузд машумор

Хакки кас шикоф карда мебарояд

Дар наомади кор санг сангдон шиканад, атола дандон ва “гоҳе як тири дайду хатти интернетро қатъ кунад”

Бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ, бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ

Олими беамал занбури беасал

Аз навкиса қарз макун, қарз кунӣ ҳам харҷ макун

Ҳатто ба шер лозим меояд, пашшаро “киш” гӯяд

Баъзеҳо дунболи хари мурда мегарданд, ки наълашро бикананд

Хара ханда буза бози

Ба танбал кор фармою панд шунав

Агар Шох лагжад, мардум меафтад

Қонуншиканӣ дар боло — хунрезӣ дар поён

Зинда будани ман аз бекафанӣ аст

Аз хонаи сӯхта ҳар чӣ барояд, суд аст

То омадани табар кунда меосояд

Обро дида, мӯза каш, ҳаворо дида, ғӯза

Сар саломат бошад, тоқӣ ёфт мешавад

Барои бахт, бахтҷунбон даркор

Каду харбуза намешавад

Худкардаро даво не, вовайлои пинхони

Сӯзандузд шутурдузд мешавад

Дуздро карахчи зад

Мо дузд шавем, шаб мохтоб мешавад

Зирако лаб- лаби бом, хапако кора тамом

Бад карди—мунтазири неки мабош

Барои дӯсти бовафо будан,саг шудан шарт нест

Байни мӯру мӯза ҳам ихтилофе ба назар намерасад

 

Зинда будани ман аз бекафанӣ аст

Бо сипохй ( милиса ) чура нашав, ба занат сири дилатро нагуй ва аз навкиса карз магир

Як задани Точй ва сад задани Хочй

Деги сиёҳ боло шуд, хешу табор пайдо шуд

Барои бист сол мешавад, як ҷаҳон ташаккур гуфт

Дар Маскав борон шавад дар Душанбе чатр мегиранд

 

Категория: Зарбумасалхои Точики | Добавил: s-82
Просмотров: 472 | Загрузок: 10756 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]