Главная » Файлы » Барои Мактаббачахо » Тибби Кадим Табобат |
15.10.2014, 20:13 | |
Такрор намешавад агар гуем, ки мева барои инсон ахамияти беандоза дорад. Зардолу аз чумлаи он мевахоест, ки аз кадим парвариш ёфта барои ачдоди мо манбаи асосии канд буд. Аз сарзамини точикон арабхо зардолуро ба кишвархои атрофи бахри Миёназамин бурданд. Зардолухое, ки дар чумхурии мо парвариш карда мешаванд ва микдори хеле зиёд глюкоза доранд. Исфарак,Хурмои, Точибои, Субхони, Кандак, Бобои, Мохтоби, Чавони аз чумлаи он навъхои зардолуе мебошанд, ки дар кишвари мо парвариш меёбанд. Дар таркиби гулинги ин зардолухо 76-84% канд мавчуд аст. Дар тибби мардуми барг, мева, донак ва шилми зардолу истифода мешавад. Меваи тару тоза ва хушконидаи зардолу барои одамони гирифтори беморихои чигар, хамчунин ашхоси хунашон каму хароб муфид аст. Истеъмоли зардолуоб хусусан ба пиронсолон, ки аз кабзияти шикам азият мекашанд, нафъ дорад. Зардолуобро аз меваи тару тоза ва гулинг тайёр кардан мумкин. Табибони халки барги сабзи зардолуро барои тоза кардани дандонхо ва табобати стоматит тавсия медиханд. Табибони халкии чини низ аз хосиятхои шифобахши зардолу бохабаранд ва онро (магзи донакашро) чун давои таскиндихандаи сурфа, хикак ва балгамрон кор мефармоянд. Дар тибби мардумии Покистон зардолу бахри муоличаи камхуни, магзи донаки он бошад, барои табобати беморихои музмини дил истифода мегардад. Хатто олимони ин сарзамин бар он акидаанд, ки мунтазам истеъмол кардани зардолу боиси дарозумри хохад шуд. Дар Хиндустон бо зардолу фишори хунро паст мекунанд. Бо ин максад дар як руз се маротиба 8-20 донаги зардолу истеъмол кардан тавсия дода мешавад. Тибби илмии имруза низ истеъмоли зардолуро бинобар дар таркиби худ калий доштанаш барои табобати беморихои дилу рагхо тавсия медихад. Дар охир як чизро кайд кардан бомаврид аст, ки зардолуро бо дили нахор, хамчунин баъди истеъмоли гизои душворхазм истифода бурдан хуб нест. Аз болои зардолу нушидани об боиси дарунрави хохад гашт. | |
Просмотров: 587 | Загрузок: 10756 | |
Всего комментариев: 0 | |