Одамон сабзиро 4000 сол инҷониб истеъмол мекунанд.
Сабзӣ ба кас қуввату дармон бахшида, одамро аз сироят ба бемориҳо эмин медорад. Он барои муолиҷаи иҳтилоги чашм муфид буда, давои беҳамтоест барои раҳоӣ аз камхунӣ.
Таомҳои сабзигӣ дар тамоми дунё ҳамчун хӯроки парҳезӣ эътироф гардидаанд. Истеъмоли сабзӣ махсусан дар мавриди зардаҷӯш ва қабзии шикам фоиданок аст. Ба бемороне, ки газаки меъда ва захми меъда доранд, рӯзе се маротиба хӯрдани ним истакон оби сабзӣ пеш аз хӯрок тавсия мешавад. Ҳамчун маводи ҳазмкунанда ва нарму латиф, оби сабзиро пеш аз хӯрокхӯрӣ ба миқдори 160- 300 мл раво медонанд. Дар тибби муосир барои тақвияи неърӯи муҳофизии бадан, табобати бемориҳои зардпарвин, камхунӣ ва муолиҷаи беморон баъди ҷарроҳӣ истеъмоли сабзиро тавсия медиҳанд. Хӯрдани сабзӣ гиреҳи ҷигарро мекушояд, меъдаро қувват медиҳад, барои кандани балғам, дафъи сулфа , дарди узвҳои дарунии сина, меъда ва ҷигар даво мешавад, санги гурда ва масонаро майда карда мерезонад.
Нигоҳ доштани сабзӣ дар об тавсия намешавад, зеро намакҳо ва витаминҳои табобатии он нобуд мешаванд. Сабзиро дар зарфи беоб гирифта, болояшро бо сачоқи нам пӯшонидан лозим аст ҳангоми пухтан сабзиро дар оби ҷӯшонидаистода меандозанд, то витамини С хубтар ҳифз гардад. Ба ҳамин мақсад, ҳангоми ҷӯшондан ё дар равған зирбондани сабзӣ сарпӯши дегро мепӯшонанд. Дар сабзӣ нисбат ба картошка сафедӣ камтар аст, вале истеъмоли сабзӣ пухта ҳангоми хӯрокхӯрӣ, назар ба картошка сафедиҳои гӯшт ва моҳиро осонтар ҳал мекунад. Табибон итеъмоли сабзии сурхчанамои тирамоҳиро, ки қабл аз боридани барфи аввал ҷаъмоварӣ шудааст, нисбат ба навъҳои дигари он авлотар медонанд. Барои захира низ сабзии тирамоҳиро,ки хуб пухта, хусусиятҳои ғизоӣ ва табобатиашро беҳтар нигоҳ медоранд, тавсия медиҳанд.
Вале сарфи назар аз ҳама хусусиятҳои табобатиаш, шабу рӯз хӯрдани сабзии пухтаву хом раво нест. Истеъмоли аз ҳад зиёди сабзӣ метавонад боиси дарунравӣ гардад. Хӯрдани сабзӣ ҳангоми бемориҳои шадиди рӯда низ тавсия дода намешавад. Сабзӣ зироати дусола буда, пояаш 30-70 см қад мекашад. Ба оилаи чатргулҳо мансуб аст. Гулаш дуҷинса аст. Бехмевааш дарозрӯя буда аз 30 то 300 г мешавад. Ранги бехмевааш норанҷии сурх, зард. Ба сифати хӯрокворӣ сабзӣ аз замонҳои қадим истифода мешавад. Дар мамолики Аврупо сабзиро аз асри 14 парвариш мекунанд. Дар таркиби сабзӣ 9,5-15% сахаридҳо, 1,1% моддаҳои нитрогенӣ, ҳамчунин флаваноидҳо, клетчатка, моддаҳои пектинӣ, витаминҳо, каротиноидҳо мавҷуданд. Муқаррар шудааст, ки витаминҳо дар таркиби сабзии сурх бештар мебошад. Дар таркиби тухми сабзИ 1-1,6% равғани эфир мавҷуд аст. Сабзӣ ба миқдори зиёд микроэлементҳо низ дорад.
Аҳамияти сабзӣ барои инсон ниҳоят калон аст. Онро хом ва ҳамчунин пухта истифода мекунанд. Сабзӣ ба таомҳои гуногун илова карда мешавад. Оби сабзӣ ва мураббои сабзигӣ таъми хеле гуворо дорад.
Аҳамияти сабзӣ дар тибби халқӣ.
Табибони халқӣ ба сифати даво бехмева ва тухми сабзиро истифода мебаранд. Сабзӣ дар шакли тару тоза кор фармуда мешавад. Аз он ҳаргуна нӯшокӣ истеҳсол мекунанд ва дар мавриди муолиҷаи бемориҳои гуногун кор мефармоянд. Табибони халқӣ сабзиро ҳангоми табобати бемории зардпарвин, маризиҳои ҷигар (гепатитҳои шадид ва музмин) ва бемории шабкурӣ тавсия медиҳанд. Хусусан сабзӣ барои табобати зардаҷӯш ва қабзияти шикам нафъи калон дорад. Ба беморони гирифтори илтиҳоби меъда ва захми меъда оби сабзӣ тавсия дода мешавад (ним истаконӣ рӯзе 3 маротиба 15-20 дақиқа пеш аз хӯрок). Оби сабзиро ҳамчун доруи мусҳил (дарунрон) низ тавсия медиҳанд. Бо ин мақсад онро 160-300 мл пеш аз хӯрок истеъмол кардан лозим аст. Бо оби сабзӣ яра ва ҷойҳои сӯхтаи пӯстро тоза мекунанд. Оби сабзиро якҷоя бо зардии тухм (1:1) ё асал ба пӯсти хушк ва кафида мемоланд. Он пӯстро ботароват гардонда захмҳоро ба ҳам меорад, наракро нест мекунад. Тухми сабзӣ, хусусан сабзии даштӣ давои хуби қабзияти шикам ва бемории санги гурда аст. Оби баргҳои тару тозаи сабзиро дар мавриди табобати нейродерматитҳо, экзема ва диатез истифода мекунанд.
Сабзӣ дар тибби қадим
Дар тибби қадим сабзӣ яке аз ғизоҳои маъмули парҳезӣ ва шифобахш ба шумор мерафт. Дар бораи хусусиятҳои шифобахшии он Дисқуридус (Деоскорид) навиштааст. Ба сифати даво сабзӣ ва барги онро кор мефармуданд. Табиати бехмеваи сабзӣ гарм аст. Мувофиқи тавсифи Абӯалии Сино решаи сабзии даштӣ меъдаро устувор гардонда ҳангоми плеврит сурфаи кӯҳна ва истисқо (водянка) нафъ дорад. Агар ба болои захми қарасон (гангрена) сабзиро бо баргаш куфта банданд фоида меорад. Тухми сабзӣ дамиши шикамро бартараф сохта пешобро меронад. Сабзӣ, хусусан сабзии даштӣ дар шакли шамъча ҳайзро ронда ҷараёни ҳамлро осон месозад. Мувофиқи маълумоти Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ сабзӣ табиатро нарм сохта (сафро, савдо ва ғайра) суддаҳои ҷигарро мекушояд, ба меъда тақвият мебахшад. Сабзӣ ҳангоми бемориҳои меъда, ҷигар, сандуқи сина, хориҷ кардани санги гурда ва пешобдон манфиат расонда, таъсири шошаронӣ дорад. Онро ҳангоми бемориҳои шуш низ истифода мекунанд. Мураббои сабзӣ зудҳазм буда дар вақти бемории истисқо (водянка) нафъ дорад. Он якҷоя бо асал кори рӯдаҳоро ба сомон меорад.
Сабзӣ дар тибби имрӯза
Дар тибби илмӣ сабзӣ ва оби онро ҳамчун давои сервитамин барои табобати А- гиповитаминозҳо тавсия медиҳанд. Сабзӣ механизмҳои муҳофизатии организмро низ баланд мебардорад. Бинобар ин оби сабзиро духтурон бисёр вақт барои табобати гепатити музмин ва шадид, камхунӣ, ҳамчунин баъди ҷарроҳӣ ва бемориҳои кӯдакона тавсия медиҳанд. Ба занҳои ҳомила ва кӯдаки ширхорадор сабзӣ аҳамияти калон дорад. Он сабзишу инкишофи кӯдакро ба эътидол меорад. Ба сифати ғизои парҳезӣ метавон мураббои сабзигӣ ва салати аз он тайёр кардаро тавсия дод. Хусусан оби сабзӣ нафъи зиёд дорад, зеро дар таркиби он бисёр витаминҳои зарурӣ маҳфуз мемонанд. Муқаррар шудааст, ки ҷӯшоби тухми сабзии даштӣ таъсири талхаронӣ дорад. Дар сурати истеъмол кардани ҷӯшоби он (100 мл рӯзе 3 маротиба) дар беморон нишонаҳои диурез (серпешобӣ) нест шуда, ҳолати умумии бемор беҳтар мегардад, ҳарорати бадан паст мефарояд.
Аз тухми сабзии даштӣ экстракти даукарин ба даст дароварда шудааст, ки флавоноидҳои зиёд дорад. Онро барои табобати иллати рагҳо кор мефармоянд. Таъсири таскинбахш ва васеъсозии рагҳоро низ доро мебошад. Доруро дар шакли қурс (таблетка) истеҳсол мекунанд. Тарзи истифода: 1 қурсӣ рӯзе 3-5 маротиба 30 дақиқа пеш аз хӯрок. Бояд фаромӯш накард, ки хурӯҷи бемории зиқи дил (стенокардия) зери таъсири ин дору рафъ намешавад. Даукарин мубодилаи моддаҳоро дар дохили мушаки дил беҳтар сохта тангшавии рагҳоро пешгирӣ мекунад. Хуруҷи стенокардияро одатан бо доруҳои дигар бартараф сохта сипас даукаринро таъйин мекунанд. Тарзи истифода: 5 қошуқ (50-60 г) тухми сабзии даштиро гирифта ба 5 истакон оби ҷӯш андозед ва 10-12 соат дар ҷои гарм даҳони зарфро пӯшида нигоҳ доред (зарфро бо ягон латта печонед беҳтар аст). Сипас даворо полонда гиред ва рӯзе 1 истакони 3-4 маротиба нӯшед. Барои афтондани санги гурда ва бемории фишори хун манфиат дорад.
|